Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់អាក់រ៉ហ្វ   អាយ៉ាត់:
قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
121. Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем, (яъне, ба мӯъҷизаҳое, ки Мӯсо оварадааст, тасдиқ намудем)[707]
[707] Тафсири Табарӣ 13\32
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
رَبِّ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ
122. Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун».
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قَالَ فِرۡعَوۡنُ ءَامَنتُم بِهِۦ قَبۡلَ أَنۡ ءَاذَنَ لَكُمۡۖ إِنَّ هَٰذَا لَمَكۡرٞ مَّكَرۡتُمُوهُ فِي ٱلۡمَدِينَةِ لِتُخۡرِجُواْ مِنۡهَآ أَهۡلَهَاۖ فَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ
123. Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он ки ман ба шумо рухсат диҳам, ба ӯ имон овардед ва тасдиқ намудед? Ин ҳиллаест, ки дар бораи ин шаҳр андешидаед, то мардумашро берун кунед. Эй ҷодугарон ба зудӣ хоҳед донист, ки чи балое бар саратон хоҳад омад![708]
[708]Тафсири Табарӣ 13\33
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لَأُقَطِّعَنَّ أَيۡدِيَكُمۡ وَأَرۡجُلَكُم مِّنۡ خِلَٰفٖ ثُمَّ لَأُصَلِّبَنَّكُمۡ أَجۡمَعِينَ
124. Дастҳову пойҳоятонро ба хилофи якдигар хоҳам бурид[709] ва ҳамаатонро дар дарахтони хурмо бар дор хоҳам овехт, то расво шавед. Аввалин шахсе ба дор овехт ва дасту поро бар хилофи якдигар бурид, Фиръавн буд!»[710]
[709]Дасти рост ва пои чап ё баръакс
[710]Тафсири ибни Касир 3\459
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قَالُوٓاْ إِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا مُنقَلِبُونَ
125. Ҷодугарон ба Фиръавн гуфтанд: «Мо ба назди Парвардигорамон бозмегардем, ки азоби Ӯ аз азоби ту сахттар аст, то ки худро аз азоби рӯзи қиёмат наҷот диҳем![711]
[711]Тафсири Табарӣ 13 \35
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَا تَنقِمُ مِنَّآ إِلَّآ أَنۡ ءَامَنَّا بِـَٔايَٰتِ رَبِّنَا لَمَّا جَآءَتۡنَاۚ رَبَّنَآ أَفۡرِغۡ عَلَيۡنَا صَبۡرٗا وَتَوَفَّنَا مُسۡلِمِينَ
126. Ва Ту моро мавриди айб ва ор қарор намедиҳӣ ва ту амали моро инкор намекунӣ, магар барои он ки чун нишонаҳои Парвардигорамон бар мо ошкор шуд, ба онҳо имон овардем. (Сипас аз Аллоҳ хостанд:) Эй Парвардигори мо, бар мо сабри бузурге ато кун ва моро мусалмон (яъне, таслими амри худат ва пайрави паёмбаронат ва бар дини Ислом дини халили Худат Иброҳим алайҳиссалом)[712] бимирон!
[712] Тафсири Табарӣ 13 \35
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَقَالَ ٱلۡمَلَأُ مِن قَوۡمِ فِرۡعَوۡنَ أَتَذَرُ مُوسَىٰ وَقَوۡمَهُۥ لِيُفۡسِدُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَيَذَرَكَ وَءَالِهَتَكَۚ قَالَ سَنُقَتِّلُ أَبۡنَآءَهُمۡ وَنَسۡتَحۡيِۦ نِسَآءَهُمۡ وَإِنَّا فَوۡقَهُمۡ قَٰهِرُونَ
127. Пешвоёни қавми Фиръавн гуфтанд: «Оё Мӯсо ва қавмашро мегузорӣ, то дар замин фасод кунанд ва туву маъбудонатро тарк гӯянд?» Фиръавн гуфт: «Писаронашонро хоҳам кушт ва занонашонро зинда хоҳам гузошт. Мо болотар аз онҳоем ва бар онҳо пирӯзӣ меёбем ва онҳо наметавонанд аз фармони мо сар битобанд ва берун раванд!»)[713]
[713] Тафсири Саъдӣ 1\300
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِ ٱسۡتَعِينُواْ بِٱللَّهِ وَٱصۡبِرُوٓاْۖ إِنَّ ٱلۡأَرۡضَ لِلَّهِ يُورِثُهَا مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦۖ وَٱلۡعَٰقِبَةُ لِلۡمُتَّقِينَ
128. Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Аз Аллоҳ мадад ҷӯед ва сабр пеша созед ба он чи ки аз зарари Фиръавн нохушӣ дидед ва мунтазири пирӯзӣ бошед, ки ин замин аз они Аллоҳ аст ва ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, онро ба мерос медиҳад. Ва оқибати нек аз они парҳезгорон аст!»[714]
[714] Тафсири Табарӣ 13\42
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قَالُوٓاْ أُوذِينَا مِن قَبۡلِ أَن تَأۡتِيَنَا وَمِنۢ بَعۡدِ مَا جِئۡتَنَاۚ قَالَ عَسَىٰ رَبُّكُمۡ أَن يُهۡلِكَ عَدُوَّكُمۡ وَيَسۡتَخۡلِفَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرَ كَيۡفَ تَعۡمَلُونَ
129. Қавми Мӯсо дар ҳоле ки муддати бисёре дар азоби Фиръавн буданд, гуфтанд: «Пеш аз он ки ту биёӣ, дар ранҷ будем ва пас аз он ки омадӣ, боз дар ранҷем». Мӯсо ононро ба пирӯзӣ умедвор карда гуфт: «Умед аст, ки Парвардигоратон душманатонро ҳалок кунад ва шуморо дар рӯи замин халифа гардонад. Он гоҳ бингарад, ки чӣ мекунед! Оё шукри Ӯро ба ҷо меоред ё не? Ин ваъдае буд, ки Аллоҳ дар замони муқаррар ба он вафо кард»[715]
[715] Тафсири Саъдӣ 1\300
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَقَدۡ أَخَذۡنَآ ءَالَ فِرۡعَوۡنَ بِٱلسِّنِينَ وَنَقۡصٖ مِّنَ ٱلثَّمَرَٰتِ لَعَلَّهُمۡ يَذَّكَّرُونَ
130. Қавми Фиръавнро ба қаҳтсолӣ ва камбудии меваҳо гирифтор кардем, шояд панд гиранд ва ба сӯи Аллоҳ ба тавба боз гарданд!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់អាក់រ៉ហ្វ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ