Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់អាក់រ៉ហ្វ   អាយ៉ាត់:

Аъроф

الٓمٓصٓ
1. Алиф, лом, мим, сод.[648]
[648] Тафсири ҳарфҳои муқаттаъа дар сураи Бақара гузашт.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
كِتَٰبٌ أُنزِلَ إِلَيۡكَ فَلَا يَكُن فِي صَدۡرِكَ حَرَجٞ مِّنۡهُ لِتُنذِرَ بِهِۦ وَذِكۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ
2. Қуръонкитобест, ки бар ту эй Паёмбар нозил шуда, дар дили ту аз он шубҳае набошад. Он аз тарафи Аллоҳ фуруд оварда шудааст, то ба он бим кунӣ кофиронро аз азоби Аллоҳ ва мӯъминонро панду андарзе бошад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ٱتَّبِعُواْ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكُم مِّن رَّبِّكُمۡ وَلَا تَتَّبِعُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَۗ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ
3. Пайравӣ кунед эй мардум китоберо, ки нозил шуд ба сӯи шумо аз ҷониби Парвардигоратон ва ғайри Ӯдӯстонеро (яъне пешвоёнатонро монанди шайтонҳо ва раҳбониҳо) пайравӣ макунед! Ҳамоно шумо каме панду насиҳатро мепазиред![649]
[649] Тафсири Табарӣ 12/ 299
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَكَم مِّن قَرۡيَةٍ أَهۡلَكۡنَٰهَا فَجَآءَهَا بَأۡسُنَا بَيَٰتًا أَوۡ هُمۡ قَآئِلُونَ
4. Чӣ басо деҳаҳо, ки мардумашро ба сабаби итоъат накарданашон амри Моро ба ҳалокат расонидаем ва азоби мо ҳангоми шаб ё он гоҳ, ки ба хоби нисфирӯзӣ фурӯ рафта буданд, ба онон даррасид. Аллоҳ ин ду вақтро махсус зикр намудааст, зеро ин ду вақт; вақти оромиш ва истироҳатанд. Пас омадани азоб дар ин вақтҳо бадтар ва сахттар аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَمَا كَانَ دَعۡوَىٰهُمۡ إِذۡ جَآءَهُم بَأۡسُنَآ إِلَّآ أَن قَالُوٓاْ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ
5. Чун азоби Мо ба онон даррасид, суханашон ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: « Ҳамоно мо ситамкор будем. (яъне ба гуноҳояшон иқрор шуданд)![650]»
[650] Тафсири Табарӣ 3\214
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَلَنَسۡـَٔلَنَّ ٱلَّذِينَ أُرۡسِلَ إِلَيۡهِمۡ وَلَنَسۡـَٔلَنَّ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
6. Албатта, хоҳем пурсид[651] аз мардуме, ки барояшон паёмбароне фиристода шуда ва низ аз паёмбароне, ки фиристода шудаанд.
[651] Яъне, ҳангоме ки ба паёмбаронатон шуморо даъват карданд, чи ҷавоб додед. Тафсири Бағавӣ 3/ 214
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَلَنَقُصَّنَّ عَلَيۡهِم بِعِلۡمٖۖ وَمَا كُنَّا غَآئِبِينَ
7.Албатта ҳамаи он амалҳое, ки дар дунё гуфтаанд ва кардаанд аз рӯи илму дониш бар онҳо баён хоҳем кард, зеро Мо ҳаргиз аз онон ва аҳволашон ғоиб набудаем![652]
[652] Тафсири ибни Касир 3\389
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَٱلۡوَزۡنُ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡحَقُّۚ فَمَن ثَقُلَتۡ مَوَٰزِينُهُۥ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ
8. Дар он рӯзи қиёматдар тарозу баркашидани амалҳои бандагон ҳақ хоҳад буд. Онҳое, ки тарозуҳои аъмоли некашон вазнин аст, растагоронанд (наҷот ёфтагонанд).[653]
[653] Тафсири Бағавӣ 3\215
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَنۡ خَفَّتۡ مَوَٰزِينُهُۥ فَأُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُم بِمَا كَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَظۡلِمُونَ
9. Онон, ки ба сабаби бадиҳояшон тарозуи аъмолашон сабук гаштааст, касоне ҳастанд, ки ба оёти Мо имон наёварда буданд ва аз ин рӯ, ба худ зиён расонидаанд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَقَدۡ مَكَّنَّٰكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَجَعَلۡنَا لَكُمۡ فِيهَا مَعَٰيِشَۗ قَلِيلٗا مَّا تَشۡكُرُونَ
10. Ҳамоно -эй мардум-дар замин ҷойгоҳатон додем ва роҳҳои маъишататонро[654] дар он муқаррар намудем. Ва чӣ андак шукр мекунед!
[654]Яъне ризқу рӯзиатонро
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَقَدۡ خَلَقۡنَٰكُمۡ ثُمَّ صَوَّرۡنَٰكُمۡ ثُمَّ قُلۡنَا لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ لَمۡ يَكُن مِّنَ ٱلسَّٰجِدِينَ
11. Ва ҳамоно шуморо (яъне падари шумо Одам алайҳиссаломро) биёфаридаем ва ӯро беҳтарин сурат бахшидемон гоҳ ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед».[655] Ҳама саҷда карданд, ҷуз Иблис ва (Иблис аз рӯи такаббур ) аз саҷдакунандагон набуд.[656]
[655] Саҷдаи эҳтиром ва ҳурмат
[656]Тафсири Саъдӣ 1/284
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់អាក់រ៉ហ្វ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ