Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់អាក់រ៉ហ្វ   អាយ៉ាត់:
وَلَوۡ أَنَّ أَهۡلَ ٱلۡقُرَىٰٓ ءَامَنُواْ وَٱتَّقَوۡاْ لَفَتَحۡنَا عَلَيۡهِم بَرَكَٰتٖ مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَٰكِن كَذَّبُواْ فَأَخَذۡنَٰهُم بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ
96. Ва агар мардуми деҳаҳо имон оварда ва парҳезгорӣ мекарданд, баракоти осмону заминро ба рӯяшон мекушодем[698]. Вале паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд. Мо низ ба ҷазои кирдорашон азобашон кардем.
[698] Яъне, ризқашон васеъу бобарака мешуд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَفَأَمِنَ أَهۡلُ ٱلۡقُرَىٰٓ أَن يَأۡتِيَهُم بَأۡسُنَا بَيَٰتٗا وَهُمۡ نَآئِمُونَ
97. Оё мардумони ин деҳаҳо эмин шуданд аз ин ки азоби Мо ҳангоми шаб хоб рафтан, пеши онҳо биёяд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَوَأَمِنَ أَهۡلُ ٱلۡقُرَىٰٓ أَن يَأۡتِيَهُم بَأۡسُنَا ضُحٗى وَهُمۡ يَلۡعَبُونَ
98. Ва оё мардумони ин деҳаҳо эмин шудаанд, аз ин ки азоби Мо чоштгоҳон ба суроғи онҳо биёяд, дар ҳоле ки онҳо бозӣ мекунанд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَفَأَمِنُواْ مَكۡرَ ٱللَّهِۚ فَلَا يَأۡمَنُ مَكۡرَ ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡقَوۡمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ
99. Оё, мардуми деҳа, ки куфр варзиданд, аз азоби Аллоҳ дар амонанд? Аллоҳ аввал мӯҳлаташон диҳад баъд аз он ба ҳалокӣ гирифторашон кунад. Аз тадбири Аллоҳ ҷуз зиёнкорон эмин намешаванд.[699]
[699] Тафсири Саъдӣ 1\298
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَوَلَمۡ يَهۡدِ لِلَّذِينَ يَرِثُونَ ٱلۡأَرۡضَ مِنۢ بَعۡدِ أَهۡلِهَآ أَن لَّوۡ نَشَآءُ أَصَبۡنَٰهُم بِذُنُوبِهِمۡۚ وَنَطۡبَعُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَسۡمَعُونَ
100. Оё барои онон, ки баъд аз ҳалоки сокинони замин вориси он мешаванд, равшан нашуд, ки агар мехостем, онҳоро ба сабаби гуноҳонашон ба уқубату азоб мерасонидем ва бар дилҳояшон мӯҳр мениҳем, то шунидан натавонанд?
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
تِلۡكَ ٱلۡقُرَىٰ نَقُصُّ عَلَيۡكَ مِنۡ أَنۢبَآئِهَاۚ وَلَقَدۡ جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَمَا كَانُواْ لِيُؤۡمِنُواْ بِمَا كَذَّبُواْ مِن قَبۡلُۚ كَذَٰلِكَ يَطۡبَعُ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِ ٱلۡكَٰفِرِينَ
101. Инҳо шаҳрҳое ҳастанд, ки мо аз қавми Нӯҳ, Ҳуд, Солеҳ, Лут ва Шуъайб ахборашонро бар ту, эй Расул ҳикоят мекунем. Паёмбаронашон бо далелҳои равшан омаданд. Ва ба он чизҳо, ки аз он пеш дурӯғ хонда буданд, ба сабаби саркашиашон ва тасдиқ накарданашон ҳақро имон наёварданд. Ва Аллоҳ бар дилҳои кофирон инчунин мӯҳр мениҳад! Ин ҷазо ва азобест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, балки онон худ бар хештан ситам карданд[700]
[700] Тафсири Саъдӣ 1\ 298
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَا وَجَدۡنَا لِأَكۡثَرِهِم مِّنۡ عَهۡدٖۖ وَإِن وَجَدۡنَآ أَكۡثَرَهُمۡ لَفَٰسِقِينَ
102. Дар бисёрии умматҳое ки паёмбароне ба сӯи онҳо фиристода шуд, вафодорӣ ба аҳд наёфтем, балки бештаринашонро нофармон ва фосиқ ёфтем (яъне аз итоати Аллоҳ берун рафта бо ҳавову ҳаваси худ пайравӣ намуданд)[701].
[701] Тафсири Табарӣ 12\10
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ثُمَّ بَعَثۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِم مُّوسَىٰ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَمَلَإِيْهِۦ فَظَلَمُواْ بِهَاۖ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُفۡسِدِينَ
103. Баъд аз онҳо Мӯсоро бо нишона ва мӯъҷизаҳоямон бар Фиръавни саркаш ва қавмаш фиристодем. Пас кофир шуданд ва таслим ба нишона ва мӯъҷизаҳои мо нашуданд. Инак, бингар, ки оқибати фасодкорон чӣ гуна будааст!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَقَالَ مُوسَىٰ يَٰفِرۡعَوۡنُ إِنِّي رَسُولٞ مِّن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
104. Чун Мӯсо ба назди Фиръавн омад, ӯро даъват карда гуфт: «Эй Фиръавн, ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори оламиёнам, ки Ӯ офаридагор, мураббӣ ва подшоҳи ҳама чиз аст ва маро ба сӯи ту фиристод[702].
[702]Тафсири ибни Касир 3\454
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់អាក់រ៉ហ្វ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ