Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហ្វូរកន   អាយ៉ាត់:
وَٱلَّذِينَ لَا يَدۡعُونَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ وَلَا يَقۡتُلُونَ ٱلنَّفۡسَ ٱلَّتِي حَرَّمَ ٱللَّهُ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَلَا يَزۡنُونَۚ وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ يَلۡقَ أَثَامٗا
68. Ва онон, ки бо Аллоҳи якто маъбуди дигаре намепарастанд ва намекушанд касеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром карда, магар баҳаққи шаръӣва зино намекунанд. Ва ҳар кӣ ин корҳо кунад, уқубати гуноҳи худро мебинад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يُضَٰعَفۡ لَهُ ٱلۡعَذَابُ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَيَخۡلُدۡ فِيهِۦ مُهَانًا
69. Азобаш дар рӯзи қиёмат музоъаф (дучандон) мешавад ва то абад ба хорӣ дар он азоб хоҳад буд,
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِلَّا مَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ عَمَلٗا صَٰلِحٗا فَأُوْلَٰٓئِكَ يُبَدِّلُ ٱللَّهُ سَيِّـَٔاتِهِمۡ حَسَنَٰتٖۗ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورٗا رَّحِيمٗا
70. ғайри он касоне, ки сидқан тавба кунанд ва имон оваранд ва корҳои шоиста кунанд. Аллоҳ гуноҳонашонро ба некиҳо иваз мекунад ва Аллоҳ барои касе, ки тавба кунад омурзанда аст ва ба бандагонаш меҳрубон аст![1790]
[1790] Тафсири Табарӣ 19\312
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَن تَابَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا فَإِنَّهُۥ يَتُوبُ إِلَى ٱللَّهِ مَتَابٗا
71. Ва ҳар кӣ аз гуноҳони хеш тавба кунад ва кори шоиста кунад, ҳамоно вай аз сидқи дил ба сӯи Аллоҳ тавба мекунад, пас Аллоҳ тавбаашро қабул мекунад ва гуноҳонашро ба некиҳо табдил медиҳад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَٱلَّذِينَ لَا يَشۡهَدُونَ ٱلزُّورَ وَإِذَا مَرُّواْ بِٱللَّغۡوِ مَرُّواْ كِرَامٗا
72. Ва онон, ки ба дурӯғ шаҳодат намедиҳанд ва чун бар нописанде (амал ё сухани ношоиста) бигзаранд, каримона бигзаранд (яъне, аз он рӯйгардон гузаранд),
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِّرُواْ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ لَمۡ يَخِرُّواْ عَلَيۡهَا صُمّٗا وَعُمۡيَانٗا
73. ва онон, ки чун ба оёти Парвардигорашон пандашон диҳанд, дар баробари он чун карону кӯрон набошанд, балки итоъаткунон саҷда кунанд,
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا هَبۡ لَنَا مِنۡ أَزۡوَٰجِنَا وَذُرِّيَّٰتِنَا قُرَّةَ أَعۡيُنٖ وَٱجۡعَلۡنَا لِلۡمُتَّقِينَ إِمَامًا
74. ва онон, ки (дуъо карда) мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, аз ҳамсарону фарзандонамон дилҳои моро шод дор ва моро пешвои парҳезгорон гардон!»,[1791]
[1791] Тафсири Бағавӣ 6/99
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أُوْلَٰٓئِكَ يُجۡزَوۡنَ ٱلۡغُرۡفَةَ بِمَا صَبَرُواْ وَيُلَقَّوۡنَ فِيهَا تَحِيَّةٗ وَسَلَٰمًا
75. Ин гӯруҳи сифаткардашудаи дар боло, ки зикр шуданд барояшон мукофот дода мешавад мақоми баландеро дар ҷаннат ба ивази он, ки сабру қаноъат карданд ва мешунаванд дар ҷаннат аз ҷониби фариштагон дуъои хайру саломро.[1792]
[1792] Тафсири Саъдӣ 1/ 587
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ حَسُنَتۡ مُسۡتَقَرّٗا وَمُقَامٗا
76. Ҷовидона дар он ҷо бошанд. Чӣ некӯ қароргоҳу маконест!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قُلۡ مَا يَعۡبَؤُاْ بِكُمۡ رَبِّي لَوۡلَا دُعَآؤُكُمۡۖ فَقَدۡ كَذَّبۡتُمۡ فَسَوۡفَ يَكُونُ لِزَامَۢا
77. Бигу: «Агар ибодат ва дуъоятон набошад, Парвардигори ман эътиное бар шумо надорад. Аммо шумо (куффор) рисолати осмониро дурӯғ шуморидед. Пас, оқибати он мулозими шумо хоҳад шуд, сазои куфр ва исёни худро хоҳед дид».
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហ្វូរកន
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ