Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហ្វូរកន   អាយ៉ាត់:
۞ وَقَالَ ٱلَّذِينَ لَا يَرۡجُونَ لِقَآءَنَا لَوۡلَآ أُنزِلَ عَلَيۡنَا ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ أَوۡ نَرَىٰ رَبَّنَاۗ لَقَدِ ٱسۡتَكۡبَرُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ وَعَتَوۡ عُتُوّٗا كَبِيرٗا
21. Касоне, ки ба дидори Моумед надоранд, гуфтанд: «Чаро фариштагон бар мо нозил намешаванд, то хабар диҳанд ба мо, ки Муҳаммад паёмбари бар ҳақ аст? Ё чаро Парвардигори худро аёну ошкоро намебинем?» Ба ростӣ, ки худро бузург шумурданд ва саркашӣ карданд дар пешниҳодҳои худ, саркашии бузурге.[1769]
[1769] Тафсири Саъдӣ 1/ 581
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَوۡمَ يَرَوۡنَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ لَا بُشۡرَىٰ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُجۡرِمِينَ وَيَقُولُونَ حِجۡرٗا مَّحۡجُورٗا
22.Рӯзе, ки фариштагонро бубинанд,[1770] дар он рӯз гунаҳкоронро ҳеҷ муждае надиҳанд ва ба онҳо гӯянд: «Мужда (ҷаннат) бар шумо ҳаром аст!»
[1770] Дар вақти ҷон додан, баъд аз он дар қабр ва дар рӯзи қиёмат. Тафсири Саъдӣ 1 / 581
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَقَدِمۡنَآ إِلَىٰ مَا عَمِلُواْ مِنۡ عَمَلٖ فَجَعَلۡنَٰهُ هَبَآءٗ مَّنثُورًا
23.Ва ба аъмоле, ки дар дунё кардаанд, пардозем ва ҳамаро чун зарраҳои хок (ғубор) барбод диҳем.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَنَّةِ يَوۡمَئِذٍ خَيۡرٞ مُّسۡتَقَرّٗا وَأَحۡسَنُ مَقِيلٗا
24.Аҳли биҳишт дар ин рӯз дар беҳтарин ҷойгоҳ ва беҳтарин макон барои оромиш ҳастанд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَيَوۡمَ تَشَقَّقُ ٱلسَّمَآءُ بِٱلۡغَمَٰمِ وَنُزِّلَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ تَنزِيلًا
25. Ба ёд овар эй Паёмбар рӯзе, ки осмон ба василаи абрҳо пора-пора гардад ва фариштагон бар замин фиристода шаванд,
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ٱلۡمُلۡكُ يَوۡمَئِذٍ ٱلۡحَقُّ لِلرَّحۡمَٰنِۚ وَكَانَ يَوۡمًا عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ عَسِيرٗا
26.Фармонравоӣ дар он рӯз, ба ростӣ, аз они Аллоҳи меҳрубон аст. Ва барои кофирон рӯзи душворе хоҳад буд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَيَوۡمَ يَعَضُّ ٱلظَّالِمُ عَلَىٰ يَدَيۡهِ يَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي ٱتَّخَذۡتُ مَعَ ٱلرَّسُولِ سَبِيلٗا
27.Рӯзе, ки кофир дастони худро ба дандон газад ва гӯяд: «Эй кош, роҳеро, ки расул дар пеш гирифта буд, дар пеш гирифта будам.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَٰوَيۡلَتَىٰ لَيۡتَنِي لَمۡ أَتَّخِذۡ فُلَانًا خَلِيلٗا
28.Вой бар ман, кош фалонро дӯст намегирифтам;
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لَّقَدۡ أَضَلَّنِي عَنِ ٱلذِّكۡرِ بَعۡدَ إِذۡ جَآءَنِيۗ وَكَانَ ٱلشَّيۡطَٰنُ لِلۡإِنسَٰنِ خَذُولٗا
29. Ба ростӣ, маро аз Қуръон, пеш аз он ки Қуръон барои ман нозил шуда буд, аз пайравиаш бозмедошт. Ва ин шайтон ҳамеша одамиро танҳо хору залил мегузорад.[1771]
[1771] Дар ин оят таҳзир аст барои касоне, ки бо ҳамнишони бад ҳамсӯҳбат мешаванд, гоҳо мешавад, ки ба сабаби онҳо дохил шудани дузах мегарданд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَقَالَ ٱلرَّسُولُ يَٰرَبِّ إِنَّ قَوۡمِي ٱتَّخَذُواْ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ مَهۡجُورٗا
30.Паёмбар аз кирдори қавмаш шикоят карда гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман тарки Қуръон карданд ва дар оёти он на андеша мекунанд ва на ба он амал мекунанд!»[1772]
[1772]Дар ин оят бим карда мешавад он касонеро, ки Қуръонро тарк намуда ва ба он амал намекунанд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَكَذَٰلِكَ جَعَلۡنَا لِكُلِّ نَبِيٍّ عَدُوّٗا مِّنَ ٱلۡمُجۡرِمِينَۗ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ هَادِيٗا وَنَصِيرٗا
31. Ҳамчуноне ки барои ту эй Паёмбар аз гунаҳкорони қавмат душман падид овардем, инчунин ҳар паёмбареро аз миёни кофирон душмане падид овардем. Ва Парвардигори ту барои роҳнамоиву ёрии ту кофист![1773]
[1773] Дар ин оят тасаллоӣ аст барои паёмбараш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوۡلَا نُزِّلَ عَلَيۡهِ ٱلۡقُرۡءَانُ جُمۡلَةٗ وَٰحِدَةٗۚ كَذَٰلِكَ لِنُثَبِّتَ بِهِۦ فُؤَادَكَۖ وَرَتَّلۡنَٰهُ تَرۡتِيلٗا
32. Ва кофирон гуфтанд: «Чаро ин Қуръон мисли Тавроту Инҷил ва Забур якбора бар Муҳаммад нозил намешавад?». Аллоҳ дар ҷавоби онҳо гуфт: Барои он аст, ки дили туро ба он устувор созем ва онро ба оҳистагиву тартиб фурӯ хонем.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហ្វូរកន
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ