Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហ្វូរកន   អាយ៉ាត់:
أَمۡ تَحۡسَبُ أَنَّ أَكۡثَرَهُمۡ يَسۡمَعُونَ أَوۡ يَعۡقِلُونَۚ إِنۡ هُمۡ إِلَّا كَٱلۡأَنۡعَٰمِ بَلۡ هُمۡ أَضَلُّ سَبِيلًا
44. Ё гумон кардаӣ, ки бештаринашон мешунаванду мефаҳманд оятҳои Аллоҳро? Инҳо чун чорпоёне беш нестанд дар фаҳму тадаббури оятҳои Қуръон, балки аз чорпоён ҳам гумроҳтаранд.[1779]
[1779] Тафсири Бағавӣ 6/86
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَلَمۡ تَرَ إِلَىٰ رَبِّكَ كَيۡفَ مَدَّ ٱلظِّلَّ وَلَوۡ شَآءَ لَجَعَلَهُۥ سَاكِنٗا ثُمَّ جَعَلۡنَا ٱلشَّمۡسَ عَلَيۡهِ دَلِيلٗا
45. Оё надидаӣ, ки Парвардигори ту чӣ гуна сояро мекашад? Агар мехост, дар як ҷо сокинаш мегардонд. Он гоҳ офтобро бар ӯ далел гардонидем.[1780]
[1780].Яъне, агар офтоб намебуд, сояе намебуд ва ин вуҷуди офтоб аст, ки сабаби кӯтоҳ шудану баланд шудани соя мешавад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ثُمَّ قَبَضۡنَٰهُ إِلَيۡنَا قَبۡضٗا يَسِيرٗا
46. Боз ҷамъ карда гирифтем сояро оҳиста-оҳиста ба сӯи худ.[1781]
[1781] Ин оят далолат ба бузургӣ ва қудрати Аллоҳ мекунад, ки Ӯ танҳо лоиқи парастиш аст на ғайри Ӯ.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَهُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلَّيۡلَ لِبَاسٗا وَٱلنَّوۡمَ سُبَاتٗا وَجَعَلَ ٱلنَّهَارَ نُشُورٗا
47.Ӯст Зоте, ки шабро барои шумо либос (пӯшише) қарор дод ва хобро роҳате ва рӯзро барои шумо вақти бархостанатон аз хоб сохт, то ризқу рӯзии худро ҷӯстуҷӯ намоед.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَرۡسَلَ ٱلرِّيَٰحَ بُشۡرَۢا بَيۡنَ يَدَيۡ رَحۡمَتِهِۦۚ وَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ طَهُورٗا
48. Ва Ӯст, ки фиристод бодҳоеро, ки абрҳоро мебаранд ва мардумро бо борон мужда медиҳанд, ин раҳматест аз ҷониби Парвардигор Ва аз осмон оби поке нозил кардем,
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لِّنُحۡـِۧيَ بِهِۦ بَلۡدَةٗ مَّيۡتٗا وَنُسۡقِيَهُۥ مِمَّا خَلَقۡنَآ أَنۡعَٰمٗا وَأَنَاسِيَّ كَثِيرٗا
49то сарзамини мурдаро ба он борон зиндагӣ бахшем ва то бинӯшонемаз он чи офаридем чорпоёну мардумони бисёреро.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَقَدۡ صَرَّفۡنَٰهُ بَيۡنَهُمۡ لِيَذَّكَّرُواْ فَأَبَىٰٓ أَكۡثَرُ ٱلنَّاسِ إِلَّا كُفُورٗا
50.Ҳамоно боронҳои бисёре бар замин нозил кардем, то бияндешанд неъмати Аллоҳро ва сипосгузорӣ кунанд. Вале бештари мардум ба неъматҳои Мо носипосӣ карданд![1782]
[1782] Тафсирӣ Саъдӣ 1/584
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَوۡ شِئۡنَا لَبَعَثۡنَا فِي كُلِّ قَرۡيَةٖ نَّذِيرٗا
51. Агар мехостем, ба ҳар шаҳре бимдиҳандае мефиристодем, то мардумро ба сӯи Аллоҳ даъват намоянд ва онҳоро аз азоби охират бим кунанд. Лекин Мо туро эй Паёмбар барои ҷаҳониён мабъус гардондем ва фармудем, ки ин Қуръонро барояшон бирасонӣ.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَلَا تُطِعِ ٱلۡكَٰفِرِينَ وَجَٰهِدۡهُم بِهِۦ جِهَادٗا كَبِيرٗا
52. Пас кофиронро итоъат макун ва ба ин қуръон бо онҳо ҷиҳод кун, ҷиҳоди бузург!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
۞ وَهُوَ ٱلَّذِي مَرَجَ ٱلۡبَحۡرَيۡنِ هَٰذَا عَذۡبٞ فُرَاتٞ وَهَٰذَا مِلۡحٌ أُجَاجٞ وَجَعَلَ بَيۡنَهُمَا بَرۡزَخٗا وَحِجۡرٗا مَّحۡجُورٗا
53. Ӯст, ки ду дарё ба ҳам биёмехт, яке ширину гуворо ва дигаре шӯру бадмазза. Ва миёни он ду монеъае ва садде устувор қарор дод, то боякдигар омехта нашаванд.[1783]
[1783] Тафсири Бағавӣ 6/ 90
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَهُوَ ٱلَّذِي خَلَقَ مِنَ ٱلۡمَآءِ بَشَرٗا فَجَعَلَهُۥ نَسَبٗا وَصِهۡرٗاۗ وَكَانَ رَبُّكَ قَدِيرٗا
54. Ӯст, ки офарид аз оби нутфа инсонро ва сохт ӯро соҳиби наслу насаб ва соҳиби қаробати домодӣ ва Парвардигори ту ба ин корҳо тавоност!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَنفَعُهُمۡ وَلَا يَضُرُّهُمۡۗ وَكَانَ ٱلۡكَافِرُ عَلَىٰ رَبِّهِۦ ظَهِيرٗا
55. Ва парастиш мекунанд кофирон ба ҷуз Аллоҳ чизеро, ки нафъу зарар нарасонад ба онҳо ва кофир бар мухолифати Парвардигори худ ба сабаби ширк оварданаш ва нофармонбардорӣ карданаш ёрдамдиҳандаи шайтон аст.[1784]
[1784] Тафсири Табарӣ 19/ 285
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហ្វូរកន
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ