Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: តហា   អាយ៉ាត់:
كَذَٰلِكَ نَقُصُّ عَلَيۡكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ مَا قَدۡ سَبَقَۚ وَقَدۡ ءَاتَيۡنَٰكَ مِن لَّدُنَّا ذِكۡرٗا
99. Инчунин хабарҳои гузаштаро аз Мӯсо ва Фиръавн ва қавмашон барои ту эй Расул ҳикоят мекунем. Ва ба ту аз ҷониби Худ ин Қуръонро ато кардем, ки он панд аст барои шахсе ки панд мегирад.[1614]
[1614] Тафсири Саъдӣ 1\512
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
مَّنۡ أَعۡرَضَ عَنۡهُ فَإِنَّهُۥ يَحۡمِلُ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وِزۡرًا
100. Ҳар кас, ки аз он Қуръон рӯй бартобад, рӯзи қиёмат бори гуноҳ бар дӯш мекашад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
خَٰلِدِينَ فِيهِۖ وَسَآءَ لَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ حِمۡلٗا
101. Дар он азоб ҳамеша бимонад. Ва бори рӯзи қиёмат барояшон бори бадест!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِۚ وَنَحۡشُرُ ٱلۡمُجۡرِمِينَ يَوۡمَئِذٖ زُرۡقٗا
102. Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва гунаҳкоронро дар он рӯз кабудранг гирд оварем, ки рангу чашмонашон аз шиддати ҳавли қиёмат тағйир ёбад[1615].
[1615] Тафсири ибни Касир 5\315
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَتَخَٰفَتُونَ بَيۡنَهُمۡ إِن لَّبِثۡتُمۡ إِلَّا عَشۡرٗا
103. Оҳиста бо ҳам сухан мегӯянд, ки даҳ шабонарӯз беш дар дунё наистодаед.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
نَّحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَا يَقُولُونَ إِذۡ يَقُولُ أَمۡثَلُهُمۡ طَرِيقَةً إِن لَّبِثۡتُمۡ إِلَّا يَوۡمٗا
104. Мо бар гуфтори пинҳон ва ошкори онон огоҳтарем, он гоҳ ки некӯравиштарини онҳо аз сахтии рӯзи қиёмат фаромӯш карда мегӯяд: « Ҷуз як рӯз наистодаед»,
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡجِبَالِ فَقُلۡ يَنسِفُهَا رَبِّي نَسۡفٗا
105. Туро эй Расул, қавмат аз кӯҳҳо мепурсанд, ки оқибати онҳо дар рӯзи қиёмат чӣ мешавад? Бигӯ: «Парвардигори ман ҳамаро аз ҷояшон пароканда ва яксон месозад.[1616]
[1616] Тафсири Саъдӣ 1\513
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَيَذَرُهَا قَاعٗا صَفۡصَفٗا
106. Ва онҳоро ба замин ҳамвор мегардонад;
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لَّا تَرَىٰ فِيهَا عِوَجٗا وَلَآ أَمۡتٗا
107. дар он ҳеҷ каҷиву пастиву баландӣ намебинӣ.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَوۡمَئِذٖ يَتَّبِعُونَ ٱلدَّاعِيَ لَا عِوَجَ لَهُۥۖ وَخَشَعَتِ ٱلۡأَصۡوَاتُ لِلرَّحۡمَٰنِ فَلَا تَسۡمَعُ إِلَّا هَمۡسٗا
108. Дар он рӯз ҳама аз пайи он доъӣ (Исрофил), мераванд ки дар он пайравӣ ҳеҷ каҷӣ набошад. Ва садоҳо дар баробари Аллоҳи меҳрубон паст мешаванд пас, ба ҷуз паст чизе нашунавӣ.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَوۡمَئِذٖ لَّا تَنفَعُ ٱلشَّفَٰعَةُ إِلَّا مَنۡ أَذِنَ لَهُ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَرَضِيَ لَهُۥ قَوۡلٗا
109. Дар он рӯз шафоъати ҳеҷ касе фоида надиҳад, магар онро, ки Аллоҳи меҳрубон иҷозат диҳад ва суханашро биписандад ва он иҷозатдодашудагон; паёмбарон ва бандагони наздики Аллоҳ бошанд.[1617]
[1617] Тафсири Саъдӣ 1\513
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَلَا يُحِيطُونَ بِهِۦ عِلۡمٗا
110. Аллоҳ ҳар чиро дар пеши рӯи онҳост аз амри қиёмат ва ҳар чиро дар пушти сарашон аст аз амри дунё, медонад ва илми онон (инсонҳо) Ӯро дарбар нагирад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
۞ وَعَنَتِ ٱلۡوُجُوهُ لِلۡحَيِّ ٱلۡقَيُّومِۖ وَقَدۡ خَابَ مَنۡ حَمَلَ ظُلۡمٗا
111. Ва чеҳраҳо дар баробари Аллоҳи зиндаи поянда[1618] мутеъ мешавад ва ба дурустӣ, касе, ки бори ситамро бар дӯш дошта бошад, ноком мегардад.
[1618] Яъне, намемирад ва ҳама чизро тадбир мекунад ва мӯҳтоҷ ба касе нест
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَن يَعۡمَلۡ مِنَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَا يَخَافُ ظُلۡمٗا وَلَا هَضۡمٗا
112. Ва ҳар кас, ки корҳои шоиста кунад ва мӯъмин бошад, набояд аз ҳеҷ ситаме ва нуқсоне битарсад.[1619]
[1619] Аллоҳ рӯзи қиёмат мегӯяд: "Ба қаҳру сахтӣ намегирам, валекин байни ману шумо адл асту на зулм" Тафсири Табарӣ 18\380
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَكَذَٰلِكَ أَنزَلۡنَٰهُ قُرۡءَانًا عَرَبِيّٗا وَصَرَّفۡنَا فِيهِ مِنَ ٱلۡوَعِيدِ لَعَلَّهُمۡ يَتَّقُونَ أَوۡ يُحۡدِثُ لَهُمۡ ذِكۡرٗا
113. Ҳамчуноне ки дар ин сура баён намудем инчунин ин Қуръонро ба забони арабӣ нозил кардем ва дар он бим додан ва тарсониданро бо шеваҳои гуногун баён кардем, шояд битарсанд ё Қуръон барои онҳо пандеро падид оварад то ибрат ва панд бигиранд.[1620]
[1620] Тафсири Бағавӣ 5\297
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: តហា
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ