Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: តហា   អាយ៉ាត់:
قَالَ كَذَٰلِكَ أَتَتۡكَ ءَايَٰتُنَا فَنَسِيتَهَاۖ وَكَذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمَ تُنسَىٰ
126. Аллоҳ гӯяд: Ҳамчунон ки ту оёти Моро фаромӯш кардӣ, рӯй тофтӣ ва имон наовардӣ, пас инчунин имрӯз худ фаромӯш карда шавӣ ва дар азоб гирифтор шавӣ[1624].
[1624] Тафсири Саъдӣ 1\516
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي مَنۡ أَسۡرَفَ وَلَمۡ يُؤۡمِنۢ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِۦۚ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَشَدُّ وَأَبۡقَىٰٓ
127. Инчунин исрофкорон ва касонеро, ки ба оёти Парвардигорашон имон намеоваранд, дар дунё ҷазо медиҳем. Ва албатта, азоби охират аз азобе, ки дар дунёву қабр азоб карда мешавад сахттару пойдортар аст![1625]
[1625] Тафсири Бағавӣ 5\302
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَفَلَمۡ يَهۡدِ لَهُمۡ كَمۡ أَهۡلَكۡنَا قَبۡلَهُم مِّنَ ٱلۡقُرُونِ يَمۡشُونَ فِي مَسَٰكِنِهِمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّأُوْلِي ٱلنُّهَىٰ
128. Ва барои онон баён накард, ки пеш аз онҳо бисёре аз мардумонро нобуд кардем, ки акнун онҳо дар маҳалли сукунаташон роҳ мераванд? Бегумон дар ин амр нишонаҳое барои хирадмандон аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَوۡلَا كَلِمَةٞ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ لَكَانَ لِزَامٗا وَأَجَلٞ مُّسَمّٗى
129. Ва агар аз пеш ваъдае аз Парвардигорат сурат нагирифта ва мавъиди мушаххас муқаррар нашуда буд,[1626] бидуни шак азоби онҳо дар ҳамин дунё лозим мешуд.
[1626] Яъне, Аллоҳ касеро азоб намедиҳад, магар баъди барпо кардани ҳуҷҷат ва ба муддати муайян, вагарна бо азоб ногаҳон ҳалокашон мекард. Тафсири ибни Касир 5\325
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَٱصۡبِرۡ عَلَىٰ مَا يَقُولُونَ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ قَبۡلَ طُلُوعِ ٱلشَّمۡسِ وَقَبۡلَ غُرُوبِهَاۖ وَمِنۡ ءَانَآيِٕ ٱلَّيۡلِ فَسَبِّحۡ وَأَطۡرَافَ ٱلنَّهَارِ لَعَلَّكَ تَرۡضَىٰ
130. Пас бар он чӣ мегӯянд, сабр кун ва Парвардигоратро пеш аз тулӯъи хуршед ва пеш аз ғуруби он ба покӣ ва ситоиш ёд кун. Ва дар соатҳои шаб ва аввалу охири рӯз низ ба покӣ ёд кун. Шояд бо анҷоми ин амалҳо савоб дода шавӣ ва хушнуд гардӣ.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَا تَمُدَّنَّ عَيۡنَيۡكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعۡنَا بِهِۦٓ أَزۡوَٰجٗا مِّنۡهُمۡ زَهۡرَةَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا لِنَفۡتِنَهُمۡ فِيهِۚ وَرِزۡقُ رَبِّكَ خَيۡرٞ وَأَبۡقَىٰ
131. Ту ба онҳо (мушрикон ва амсолашон) нанигар, ки гурӯҳҳое аз онҳоро ба он аз ороиши зиндагии дунё баҳраманд сохтаем, то онҳоро дар он биозмоем. Ризқи Парвардигорат ва савобаш беҳтар аст аз он чи ки баҳрамандашон сохтаем дар дунё ва пойдортар аст![1627]
[1627] Тафсири Саъдӣ 1\516
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَأۡمُرۡ أَهۡلَكَ بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱصۡطَبِرۡ عَلَيۡهَاۖ لَا نَسۡـَٔلُكَ رِزۡقٗاۖ نَّحۡنُ نَرۡزُقُكَۗ وَٱلۡعَٰقِبَةُ لِلتَّقۡوَىٰ
132. Эй Паёмбар, аҳли худро ба намоз фармон деҳ ва худ дар адои он кор сабрро пеша гир. Аз ту рӯзӣ намехоҳем. Мо ба ту рӯзӣ медиҳем. Ва оқибати хайр дар дунёву охират аз они парҳезгорон аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَقَالُواْ لَوۡلَا يَأۡتِينَا بِـَٔايَةٖ مِّن رَّبِّهِۦٓۚ أَوَلَمۡ تَأۡتِهِم بَيِّنَةُ مَا فِي ٱلصُّحُفِ ٱلۡأُولَىٰ
133. Ва кофирон гуфтанд: «Чаро мӯъҷизае аз Парвардигораш барои мо намеоварад?» Оё далели равшан аз он чи дар китобҳои пешин аст, ба онҳо нарасидааст?
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَوۡ أَنَّآ أَهۡلَكۡنَٰهُم بِعَذَابٖ مِّن قَبۡلِهِۦ لَقَالُواْ رَبَّنَا لَوۡلَآ أَرۡسَلۡتَ إِلَيۡنَا رَسُولٗا فَنَتَّبِعَ ءَايَٰتِكَ مِن قَبۡلِ أَن نَّذِلَّ وَنَخۡزَىٰ
134. Агар кофиронро пеш аз омадани паёмбаре азобашон мекардем, мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро расуле бар мо нафиристодӣ, то пеш аз он ки ба хориву расвоӣ афтем, аз оёти Ту пайравӣ мекардем?»
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قُلۡ كُلّٞ مُّتَرَبِّصٞ فَتَرَبَّصُواْۖ فَسَتَعۡلَمُونَ مَنۡ أَصۡحَٰبُ ٱلصِّرَٰطِ ٱلسَّوِيِّ وَمَنِ ٱهۡتَدَىٰ
135. Бигӯ эй Расул барояшон: «Ҳама мунтазиранд, пас шумо низ мунтазир бимонед. Ба зудӣ хоҳед донист; чи касоне ба роҳи рост буданд ва чи касоне роҳ ёфтаанд».
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: តហា
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ