Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: តហា   អាយ៉ាត់:
وَلَقَدۡ أَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنۡ أَسۡرِ بِعِبَادِي فَٱضۡرِبۡ لَهُمۡ طَرِيقٗا فِي ٱلۡبَحۡرِ يَبَسٗا لَّا تَخَٰفُ دَرَكٗا وَلَا تَخۡشَىٰ
77. Ҳамоно ба Мӯсо ваҳй кардем, ки бандагони Моро (бани Исроилро) ҳангоми шаб аз Миср бибар ва барояшон дар баҳр гузаргоҳи хушке биҷӯй ва матарс аз Фиръавн ва лашкари ӯ, ки бар ту даст ёбанд ва низ аз ғарқ шудан матарс!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَأَتۡبَعَهُمۡ فِرۡعَوۡنُ بِجُنُودِهِۦ فَغَشِيَهُم مِّنَ ٱلۡيَمِّ مَا غَشِيَهُمۡ
78. Пас Фиръавн бо лашкараш аз паяшон равон шуд. Ва баҳр ононро чунон фаро гирифт, ки миқдори онҳоро ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас надонад, пас ҳама ғарқ шуданд ва наҷот ёфт Мӯсо ва қавмаш.[1602]
[1602] Тафсири Бағавӣ 5\207
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَأَضَلَّ فِرۡعَوۡنُ قَوۡمَهُۥ وَمَا هَدَىٰ
79. Ва Фиръавн қавмашро ба куфр бурда гумроҳ кард ва ҳидоят наёфт.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَٰبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ قَدۡ أَنجَيۡنَٰكُم مِّنۡ عَدُوِّكُمۡ وَوَٰعَدۡنَٰكُمۡ جَانِبَ ٱلطُّورِ ٱلۡأَيۡمَنَ وَنَزَّلۡنَا عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَنَّ وَٱلسَّلۡوَىٰ
80.«Эй бани Исроил, ҳамоно шуморо аз душманатон наҷот додем ва бо шумо дар ҷониби рости кӯҳи Тур ваъда ниҳодем барои нузули Таврот ва бароятон манна (ширинӣ) ва салво (бедона) фурӯ фиристодем.[1603]
[1603] Тафсири ибни Касир 5\308
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ وَلَا تَطۡغَوۡاْ فِيهِ فَيَحِلَّ عَلَيۡكُمۡ غَضَبِيۖ وَمَن يَحۡلِلۡ عَلَيۡهِ غَضَبِي فَقَدۡ هَوَىٰ
81. Аз чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем, бихӯред ва аз ҳад магузаронед дар зулм кардани якдигар, то мабодо хашми Ман ба шумо расад, ки ҳар кас, ки хашми Ман ба ӯ бирасад, ба ростӣ нобуд шудааст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِنِّي لَغَفَّارٞ لِّمَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا ثُمَّ ٱهۡتَدَىٰ
82. Ва ба ростӣ, ман бисёр омурзанда ҳастам барои касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва корҳои шоиста анҷом диҳад, он гоҳ роҳ ёбад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
۞ وَمَآ أَعۡجَلَكَ عَن قَوۡمِكَ يَٰمُوسَىٰ
83. Эй Мӯсо, чӣ чиз туро водошт, ки аз қавми худ пеш оӣ?»
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قَالَ هُمۡ أُوْلَآءِ عَلَىٰٓ أَثَرِي وَعَجِلۡتُ إِلَيۡكَ رَبِّ لِتَرۡضَىٰ
84. Гуфт: «Онҳо ҳамонҳоянд, ки аз пайи ман равонанд. Эй Парвардигори ман, ман ба сӯи Ту шитофтам, то хушнуд гардӣ».
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قَالَ فَإِنَّا قَدۡ فَتَنَّا قَوۡمَكَ مِنۢ بَعۡدِكَ وَأَضَلَّهُمُ ٱلسَّامِرِيُّ
85. Аллоҳ ба Мӯсо гуфт: «Ба дурустӣ, Мо қавми туро пас аз ту бо ибодати гӯсола озмоиш кардем ва Сомирӣ гумроҳашон сохт».
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَرَجَعَ مُوسَىٰٓ إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ غَضۡبَٰنَ أَسِفٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ أَلَمۡ يَعِدۡكُمۡ رَبُّكُمۡ وَعۡدًا حَسَنًاۚ أَفَطَالَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡعَهۡدُ أَمۡ أَرَدتُّمۡ أَن يَحِلَّ عَلَيۡكُمۡ غَضَبٞ مِّن رَّبِّكُمۡ فَأَخۡلَفۡتُم مَّوۡعِدِي
86. Мӯсо хашмгин ва пурандӯҳ назди қавмаш бозгашту гуфт: «Эй қавми ман, оё Парвардигоратон шуморо ваъдаҳои некӯ[1604] надода буд? Оё муддати набудани ман дароз шуд ё хостед, ки хашми Парвардигоратон ба шумо фурӯд ояд, ки ваъдаи маро хилоф кардед?»[1605]
[1604]Оё ваъда надода буд, ки Ӯ омӯрзандаи гуноҳи касонест, ки тавба карда имон оварда амали шоиста карда дар роҳи Ӯ устувор бошанд ва низ ваъда дода буд ба нозил шудани китоби Таврот ва аз осмон фурӯ омадани "манн" ва "салво". Тафсири Табарӣ 18\350
[1605] Яъне ба ибодати гусола машғул шуда тарки амрҳои ман намудед?
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
قَالُواْ مَآ أَخۡلَفۡنَا مَوۡعِدَكَ بِمَلۡكِنَا وَلَٰكِنَّا حُمِّلۡنَآ أَوۡزَارٗا مِّن زِينَةِ ٱلۡقَوۡمِ فَقَذَفۡنَٰهَا فَكَذَٰلِكَ أَلۡقَى ٱلسَّامِرِيُّ
87. Гуфтанд: Эй Мӯсо «Мо ба ихтиёри хеш ваъдаи ту хилоф накардем. Лекин мо аз зару зевари қавми Фиръавн бардоштем. Пас онҳоро ба фармони Сомирӣ дар оташ андохтем. Ва Сомирӣ низ андохт он чиро ки бо худ дошт аз хоки зери пои аспи Ҷабраил алайҳиссалом[1606].
[1606] Тафсири Саъдӣ 1\51.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: តហា
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ