Check out the new design

ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫ * - ߘߟߊߡߌߘߊ ߟߎ߫ ߦߌ߬ߘߊ߬ߥߟߊ


ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌ߬ߘߊ߬ߟߌ ߝߐߘߊ ߘߏ߫: ߕ߭ߤߊ߫   ߟߝߊߙߌ ߘߏ߫:
فَتَعَٰلَى ٱللَّهُ ٱلۡمَلِكُ ٱلۡحَقُّۗ وَلَا تَعۡجَلۡ بِٱلۡقُرۡءَانِ مِن قَبۡلِ أَن يُقۡضَىٰٓ إِلَيۡكَ وَحۡيُهُۥۖ وَقُل رَّبِّ زِدۡنِي عِلۡمٗا
114. Пас Аллоҳ баландқадр аст (аз ҳама айбу нуқсон пок аст) Подшоҳи барҳақ аст! Ҳама чиз зери тасарруфи Ӯст, савобу азобаш ҳақ аст. Ва эй Расул, пеш аз он ки ваҳй ба поён расад, дар хондани Қуръон шитоб макун[1621]. Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ба илми ман бияфзой».
[1621] Ҳангоме ки Ҷибраил ба ту Қуръонро мехонад, шитоб макун, балки сабр кун, то аз хонадни он фориғ шавад. Тафсири Саъдӣ 1\514
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَلَقَدۡ عَهِدۡنَآ إِلَىٰٓ ءَادَمَ مِن قَبۡلُ فَنَسِيَ وَلَمۡ نَجِدۡ لَهُۥ عَزۡمٗا
115. Ва ба дурустӣ, Мо пеш аз ин бо Одам паймон бастем, ки аз дарахт чизе нахӯрад ва барояш гуфтем, ки шайтон душмани ту ва душмани ҳамсарат аст, пас шуморо аз ҷаннат берун накунад, ки бадбахт шавӣ вале фаромӯш карда шайтонро итоъат кард ва босабраш наёфтем.[1622]
[1622] Тафсири Табарӣ 18\383
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَإِذۡ قُلۡنَا لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ أَبَىٰ
116. Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷдаи таҳийя ва икром кунед». Пас, ҳама саҷда карданд, магар Иблис сар печид.
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
فَقُلۡنَا يَٰٓـَٔادَمُ إِنَّ هَٰذَا عَدُوّٞ لَّكَ وَلِزَوۡجِكَ فَلَا يُخۡرِجَنَّكُمَا مِنَ ٱلۡجَنَّةِ فَتَشۡقَىٰٓ
117. Гуфтем: Эй Одам, ҳамоно ин душмани ту ва ҳамсари туст, шуморо аз биҳишт берун накунад, ки бадбахт шавӣ,
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
إِنَّ لَكَ أَلَّا تَجُوعَ فِيهَا وَلَا تَعۡرَىٰ
118. ки албатта, ту дар биҳишт на гурусна мешавӣ ва на бараҳна мемонӣ
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَأَنَّكَ لَا تَظۡمَؤُاْ فِيهَا وَلَا تَضۡحَىٰ
119. ва на ташна мешавӣ ва на дучори тобиши офтоб.
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
فَوَسۡوَسَ إِلَيۡهِ ٱلشَّيۡطَٰنُ قَالَ يَٰٓـَٔادَمُ هَلۡ أَدُلُّكَ عَلَىٰ شَجَرَةِ ٱلۡخُلۡدِ وَمُلۡكٖ لَّا يَبۡلَىٰ
120. Пас шайтон васвасааш карду гуфт: «Эй Одам, оё туро ба дарахти ҷовидонӣ ва мулки заволнопазир роҳ бинамоям?»[1623]
[1623]Агар бихӯрдӣ ҷовидон дар он бимондӣ ва намирӣ. Тафсири Саъдӣ 1\514
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
فَأَكَلَا مِنۡهَا فَبَدَتۡ لَهُمَا سَوۡءَٰتُهُمَا وَطَفِقَا يَخۡصِفَانِ عَلَيۡهِمَا مِن وَرَقِ ٱلۡجَنَّةِۚ وَعَصَىٰٓ ءَادَمُ رَبَّهُۥ فَغَوَىٰ
121. Пас аз он дарахт Одам ва Ҳавво хӯрданд ва шармгоҳашон дар назарашон падидор шуд. Ва ҳамчунон барги дарахтони биҳиштро бар худ мечаспониданд , то шармгоҳи худро бипӯшонанд, вале Одам ба Парвардигори хеш осӣ шуд ва роҳ гум кард.
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
ثُمَّ ٱجۡتَبَٰهُ رَبُّهُۥ فَتَابَ عَلَيۡهِ وَهَدَىٰ
122. Сипас Парвардигораш ӯро баргузид ва тавбаашро бипазируфт ва ҳидояташ кард.
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
قَالَ ٱهۡبِطَا مِنۡهَا جَمِيعَۢاۖ بَعۡضُكُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوّٞۖ فَإِمَّا يَأۡتِيَنَّكُم مِّنِّي هُدٗى فَمَنِ ٱتَّبَعَ هُدَايَ فَلَا يَضِلُّ وَلَا يَشۡقَىٰ
123. Гуфт Аллоҳ ба Одам ва Ҳавво: «Шумо ҳар ду аз биҳишт фуруд оед, дар ҳоле, ки душмани ҳамдигар ҳастед! Пас агар аз ҷониби Ман шуморо роҳнамоӣ омад, ҳар кас аз он роҳнамоии ман пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на ба ранҷ меафтад.
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَمَنۡ أَعۡرَضَ عَن ذِكۡرِي فَإِنَّ لَهُۥ مَعِيشَةٗ ضَنكٗا وَنَحۡشُرُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ أَعۡمَىٰ
124. Ва ҳар кас, ки аз ёди Ман рӯй гардонад, зиндагиаш танг шавад дар ҳаёти дунё,агарчанде молу давлат дошта бошад ҳам ва дар рӯзи қиёмат нобино зиндааш созем».
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
قَالَ رَبِّ لِمَ حَشَرۡتَنِيٓ أَعۡمَىٰ وَقَدۡ كُنتُ بَصِيرٗا
125. Гӯяд он гунаҳкор: « Эй Парвардигори ман, чаро маро нобино зинда кардӣ ва ҳамоно ман дар дунё бино будам?»
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
 
ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌ߬ߘߊ߬ߟߌ ߝߐߘߊ ߘߏ߫: ߕ߭ߤߊ߫
ߝߐߘߊ ߟߎ߫ ߦߌ߬ߘߊ߬ߥߟߊ ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ
 
ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫ - ߘߟߊߡߌߘߊ ߟߎ߫ ߦߌ߬ߘߊ߬ߥߟߊ

ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫. ߊ߬ ߛߊߞߍ߫ ߘߊ߫ ߙߎ߬ߥߊ߯ߘߎ߫ ߘߟߊߡߌߘߊ ߝߊ߲ߓߊ ߟߊ߫ ߞߎ߲߬ߠߊ߬ߛߌ߰ߟߌ ߟߋ߫ ߞߐ߬ߣߐߡߊ߬߸ ߘߟߊߡߌߘߊ ߓߊߖߏߣߊ ߦߋ߫ ߓߟߏߞߘߐ߫ ߖߌ߲ߞߌ߲߫ ߞߊߡߵߊ߬ ߡߊ߬ ߡߙߌߣߊ߲ߦߌߘߊ ߘߐ߫ ߊ߬ ߞߊ߲߬߸

ߘߊߕߎ߲߯ߠߌ߲