Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់កមើរ   អាយ៉ាត់:
خُشَّعًا أَبۡصَٰرُهُمۡ يَخۡرُجُونَ مِنَ ٱلۡأَجۡدَاثِ كَأَنَّهُمۡ جَرَادٞ مُّنتَشِرٞ
7. Дар ҳоле ки чашмонашон хору залил аст. Чун малахҳое пароканда аз қабрҳо берун меоянд ва ба сӯи ҳисоб бо шитоб мераванд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
مُّهۡطِعِينَ إِلَى ٱلدَّاعِۖ يَقُولُ ٱلۡكَٰفِرُونَ هَٰذَا يَوۡمٌ عَسِرٞ
8.Сарҳоро боло гирифта ба сӯи он даъваткунанда (Исрофил) мешитобанд. Кофирон мегӯянд: «Ин рӯз бениҳоят рӯзи душворест!»[2747]
[2747] Тафсири ибни Касир 7\476
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
۞ كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحٖ فَكَذَّبُواْ عَبۡدَنَا وَقَالُواْ مَجۡنُونٞ وَٱزۡدُجِرَ
9. Эй Расул, пеш аз инҳо (яъне, мушрикони қавмат) қавми Нӯҳ паёмбарашон Нӯҳро дурӯғ шуморида буданд. Пас бандаи Моро дурӯғгӯ шуморида ва гуфтанд: Ӯ «девона аст!» «Ва бо ӯ бо дуруштӣ рафтор шуд[2748].
[2748] Тафсири ибни Касир 7\476
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَدَعَا رَبَّهُۥٓ أَنِّي مَغۡلُوبٞ فَٱنتَصِرۡ
10. Пас Нӯҳ дуъо кард ба ҷониби Парвардигори хеш, ки: «Ҳароина, ман мағлуб шудаам ва тавони муқобил шудани онҳоро надорам аз онҳо, интиқом бигир!»
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَفَتَحۡنَآ أَبۡوَٰبَ ٱلسَّمَآءِ بِمَآءٖ مُّنۡهَمِرٖ
11. Пас мо дуъояшро иҷобат кардем ва дарҳои осмонро ба обе, ки бисёр ба шиддат резандааст, кушодем.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَفَجَّرۡنَا ٱلۡأَرۡضَ عُيُونٗا فَٱلۡتَقَى ٱلۡمَآءُ عَلَىٰٓ أَمۡرٖ قَدۡ قُدِرَ
12. Ва аз замин чашмаҳо шикофтем, сипас об барои коре, ки муқаддар шуда буд, фароҳам омад[2749].
[2749] Тафсири Бағавӣ 7\428
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَحَمَلۡنَٰهُ عَلَىٰ ذَاتِ أَلۡوَٰحٖ وَدُسُرٖ
13. Ва ӯро (яъне, Нӯҳ ва қавмашро) бар он киштии аз тахтаҳову мехҳо сохта шудааст, савор кардем.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
تَجۡرِي بِأَعۡيُنِنَا جَزَآءٗ لِّمَن كَانَ كُفِرَ
14. Киштӣ зери назари Мо равон шуд. Ва такзибкунандагонро ба сабаби куфрашон ғарқ кардем. Ин буд ҷазои касоне, ки куфр варзиданд.[2750]
[2750] Дар ин оят сифати чашми Аллоҳ исбот шудааст, чуноне ки лоиқ ба зоти бузургии Ӯ дорад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَقَد تَّرَكۡنَٰهَآ ءَايَةٗ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ
15. Ва албатта, қиссаи Нӯҳ бо қавми худ ва он киштиро барои ояндагон нишонае сохтем, то ибрат ва панд бигиранд. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст аз ин нишона панду ибрат бигирад?
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَكَيۡفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
16. Пас, азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд, барои касоне, ки куфр варзиданд ва паёмбаронро дурӯғ шумориданд?[2751]
[2751] Тафсири Саъдӣ 1\825
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَقَدۡ يَسَّرۡنَا ٱلۡقُرۡءَانَ لِلذِّكۡرِ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ
17. Ва ҳамоно лафзи Қуръонро барои хондан ва ҳифзи он ва андеша намудан ва фаҳмидани маъноҳояш осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?[2752]
[2752] Тафсири Бағавӣ 7\429
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
كَذَّبَتۡ عَادٞ فَكَيۡفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
18. Қавми Од, ки паёмбарашон Ҳудро такзиб[2753] карданд, ба азоб гирифторашон кардем. Пас, бингаред, ки азоби Ман барояшон дар ҳоли куфрашон ва бим доданиҳои Ман бар дурӯғ шуморидани паёмбаронашон чи гуна буд?[2754]
[2753] Ба паёмбариаш имон наёварданд
[2754]Тафсири Табарӣ 22\585
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِنَّآ أَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ رِيحٗا صَرۡصَرٗا فِي يَوۡمِ نَحۡسٖ مُّسۡتَمِرّٖ
19. Ҳароина, Мо бар онҳо дар рӯзи шум барои ҳалок намуданашон пай дар пай боди сарди сахт фиристодем,
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
تَنزِعُ ٱلنَّاسَ كَأَنَّهُمۡ أَعۡجَازُ نَخۡلٖ مُّنقَعِرٖ
20. боде, ки мардумонро аз замин бармеканд ва бар сарҳояшон маҳкам бар замин мекуфт ва сарҳояшон аз баданҳояшон ҷудо мешуд ва гӯё, ки онҳо танаҳои дарахтони хурмои аз реша баркандае буданд.[2755]
[2755]Тафсири ибни Касир 7\479
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَكَيۡفَ كَانَ عَذَابِي وَنُذُرِ
21. Пас, азоби Ман барояшон дар ҳоли куфрашон ва бим доданиҳои Ман бар дурӯғ шуморидани паёмбаронашон чи гуна буд? (Оре, азоби бузургу дарднок буд!)
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَقَدۡ يَسَّرۡنَا ٱلۡقُرۡءَانَ لِلذِّكۡرِ فَهَلۡ مِن مُّدَّكِرٖ
22. Ва ҳамоно лафзи Қуръонро барои хондан, ва ҳифзи он ва андеша намудан ва фаҳмидани маъноҳояш осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?[2756]
[2756]Ин оят бештар ба тиловати Қуръон ва таълим гирифтану таълим додани он водор менамояд. Тафсири Бағавӣ 7\429
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
كَذَّبَتۡ ثَمُودُ بِٱلنُّذُرِ
23. Қавми Самуд (яъне, қавми Солеҳ паёмбар) бимдиҳандагонро[2757] дурӯғгӯ бароварданд.
[2757] Яъне паёмбароне, ки қавмҳои худро бо мӯъҷизаҳои илоҳӣ бимдиҳанда буданд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَقَالُوٓاْ أَبَشَرٗا مِّنَّا وَٰحِدٗا نَّتَّبِعُهُۥٓ إِنَّآ إِذٗا لَّفِي ضَلَٰلٖ وَسُعُرٍ
24. Сипас гуфтанд: «Оё танҳо башаре аз худамонро пайравӣ кунем? Ӯ яккаву танҳост ва бар даъвати худ ҳеҷ пайравӣ надорад, ҳароина, мо дар ин сурат гумроҳу девона бошем![2758]
[2758] Тафсири Табарӣ 22\590
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَءُلۡقِيَ ٱلذِّكۡرُ عَلَيۡهِ مِنۢ بَيۡنِنَا بَلۡ هُوَ كَذَّابٌ أَشِرٞ
25. Оё аз миёни ҳамаи мо каломи Аллоҳ хос ба ӯ нозил шудааст? Балки, ӯ дурӯғгӯи худписанде аст».
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
سَيَعۡلَمُونَ غَدٗا مَّنِ ٱلۡكَذَّابُ ٱلۡأَشِرُ
26. Ба зудӣ фардо (яъне, дар вақти фуруд омадани азоб дар дунё ва рӯзи қиёмат онҳо) хоҳанд донист, ки чӣ касе дурӯғгӯйи худписанд аст![2759]
[2759] Тафсири Табарӣ 22\591
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِنَّا مُرۡسِلُواْ ٱلنَّاقَةِ فِتۡنَةٗ لَّهُمۡ فَٱرۡتَقِبۡهُمۡ وَٱصۡطَبِرۡ
27. Ҳароина, Мо мувофиқи талаботашон модашутурро аз санг берун оварандаем ва барои озмоиши онҳо фиристанда ҳастем. Пас, эй Солеҳ то фуруд омадани азоб мунтазири онҳо бош ва бар даъвати худ ва бар азиятдоданашон туро сабр кун![2760]
[2760] Тафсири Табарӣ 22\591
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់កមើរ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ