Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់កមើរ   អាយ៉ាត់:

Қамар

ٱقۡتَرَبَتِ ٱلسَّاعَةُ وَٱنشَقَّ ٱلۡقَمَرُ
1. Қиёмат наздик шуд ва моҳ ба ду ним пора гардид.[2741]
[2741]. Дар замоне, ки кофирони Макка аз Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам суол карданд, то барояшон мӯъҷизае бинамояд, пас аз Аллоҳ талаб кард, моҳ ба ду ним пора гардид.ТафсириТабарӣ 22\565
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِن يَرَوۡاْ ءَايَةٗ يُعۡرِضُواْ وَيَقُولُواْ سِحۡرٞ مُّسۡتَمِرّٞ
2. Ва агар мушрикон мӯъҷизае бубинанд, ки бар сидқи паёмбарии Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам далолат кунад, аз имон овардан рӯй бигардонанд ва баъд аз ин далелҳои равшан бигӯянд: Ин «ҷодуи бузурге аст,» ки гузаро ва нопойдор аст.[2742]
[2742]Тафсири ибни Касир 7\475
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَكَذَّبُواْ وَٱتَّبَعُوٓاْ أَهۡوَآءَهُمۡۚ وَكُلُّ أَمۡرٖ مُّسۡتَقِرّٞ
3. Ва дурӯғ шумурданд кофирон паёмбарии Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салламро ва аз паи ҳавою ҳавасҳои хеш пайравӣ карданд. Ва ҳар коре, ки дар дунё анҷом мешавад аз неку бад барои соҳиби худ дар рӯзи қиёмат қароргоҳе дорад.[2743]
[2743] Тафсири Бағавӣ 7\426
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَقَدۡ جَآءَهُم مِّنَ ٱلۡأَنۢبَآءِ مَا فِيهِ مُزۡدَجَرٌ
4. Ва ба таҳқиқ барояшон хабарҳое, ки омадааст, аз дурӯғ баровардани умматони пешина паёмбарони худро ва муҷиби азоб гардиданашон, барои кофирони Қурайш ибратест боздоранда, ки аз куфрашон бозистанд.[2744]
[2744] Тафсири ибни Касир 7\475
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
حِكۡمَةُۢ بَٰلِغَةٞۖ فَمَا تُغۡنِ ٱلنُّذُرُ
5. Ин Қуръоне, ки ба наздашон оварда шуд, ҳикмати расо ва басанда аст. Вале бимдиҳандагонро он қавмеро, ки аз Қуръон рӯ гардондаанд ва имон наовардаанд фоида надиҳад.[2745]
[2745] Тафсири Бағавӣ 7\427
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَتَوَلَّ عَنۡهُمۡۘ يَوۡمَ يَدۡعُ ٱلدَّاعِ إِلَىٰ شَيۡءٖ نُّكُرٍ
6. Пас, эй Расул аз онҳо рӯй бигардон ва то рӯзи бузург мунтазир бош, ки дар он рӯз, ки он даъваткунанда (Исрофил) ононро ба чизе нохуш фаро мехонад ва он рӯз, рӯзи ҳисобу ҷазо аст[2746].
[2746] Тафсири Саъдӣ 1\824
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់កមើរ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ