Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: ហ្វូសស៊ីឡាត់   អាយ៉ាត់:
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنَّكَ تَرَى ٱلۡأَرۡضَ خَٰشِعَةٗ فَإِذَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهَا ٱلۡمَآءَ ٱهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡۚ إِنَّ ٱلَّذِيٓ أَحۡيَاهَا لَمُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰٓۚ إِنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ
39. Ва аз аломоти ягонагӣ ва қудрати Ӯ он, ки ту заминро хушк мебинӣ. Пас чун об бар он бифиристем, ба ҷунбиш ояд ва гиёҳ бирӯёнад. Он Зоте, ки заминро пас аз хушк шудан зинда мекунад, албатта, қодир аст, ки мурдагонро баъд аз маргашон зинда кунад. Ва ҳароина, Ӯ бар ҳар чизе тавоност! Пас чунон ки аз зинда кардани замин оҷиз намемонад, инчунин аз зинда кардани мурдагон оҷиз намемонад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِنَّ ٱلَّذِينَ يُلۡحِدُونَ فِيٓ ءَايَٰتِنَا لَا يَخۡفَوۡنَ عَلَيۡنَآۗ أَفَمَن يُلۡقَىٰ فِي ٱلنَّارِ خَيۡرٌ أَم مَّن يَأۡتِيٓ ءَامِنٗا يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ ٱعۡمَلُواْ مَا شِئۡتُمۡ إِنَّهُۥ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٌ
40. Ҳамоно касоне, ки аз ҳақ дур мешаванд ва ба Қуръон кофир мешаванду онро дигаргун мекунанд, бар Мо пӯшида нестанд. Оё он мулҳиде,[2395] ки ба оташ афканда мешавад, беҳтар аст ё касе , ки биёяд эмин шуда дар рӯзи қиёмат? Ҳар чӣ мехоҳед эй мулҳидон бикунед, ҳароина, Ӯ ба кард ва кирдорҳоятон биност![2396]
[2395] Яъне, мункирон ё таҳриф кунандаҳои оятҳои Аллоҳ. Тафсири Саъдӣ 1/ 750
[2396] Яъне, мебинад амали шуморо ва тибқи он мукофот медиҳад ба шумо. Тафсири Саъдӣ 1/ 750
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِٱلذِّكۡرِ لَمَّا جَآءَهُمۡۖ وَإِنَّهُۥ لَكِتَٰبٌ عَزِيزٞ
41. Ҳамоно онҳое, ки ба Қуръон чун бар онҳо нозил шуд инкор карданд, кофир шуданд ва дар баробари куфри хеш, ҳалокшавандаву азоб кардашуда мебошанд. Ва ҳамоно ин Қуръон китоби арҷманду гиромиқадр аст ва аз ҳар тағйиру табдил маҳфуз аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لَّا يَأۡتِيهِ ٱلۡبَٰطِلُ مِنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَلَا مِنۡ خَلۡفِهِۦۖ تَنزِيلٞ مِّنۡ حَكِيمٍ حَمِيدٖ
42. Ҳаргиз аз пешу паси ӯ ботил роҳ намеёбад.[2397] Нозилшуда аз ҷониби Аллоҳе, ки доност ба корҳои бандагонаш ва соҳиби ҳамду саност ба сифатҳои камол.
[2397] Яъне, Аллоҳ Қуръонро аз ҳама гуна тағйиру табдил ҳифз кардааст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
مَّا يُقَالُ لَكَ إِلَّا مَا قَدۡ قِيلَ لِلرُّسُلِ مِن قَبۡلِكَۚ إِنَّ رَبَّكَ لَذُو مَغۡفِرَةٖ وَذُو عِقَابٍ أَلِيمٖ
43. Ҳар чӣ дар бораи ту (эй Паёмбар он мушрикон) мегӯянд, дар бораи паёмбарони пеш аз ту низ гуфтаанд. Пас сабр кун ва дар даъвати худ устувор бош! Албатта, Парвардигори ту ҳам омӯрзандаи тавбакунандагон аст ва ҳам соҳиби азоби дардовар аст кофиронро![2398]
[2398] Тафсири Саъдӣ 1/ 750
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَوۡ جَعَلۡنَٰهُ قُرۡءَانًا أَعۡجَمِيّٗا لَّقَالُواْ لَوۡلَا فُصِّلَتۡ ءَايَٰتُهُۥٓۖ ءَا۬عۡجَمِيّٞ وَعَرَبِيّٞۗ قُلۡ هُوَ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ هُدٗى وَشِفَآءٞۚ وَٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ فِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَقۡرٞ وَهُوَ عَلَيۡهِمۡ عَمًىۚ أُوْلَٰٓئِكَ يُنَادَوۡنَ مِن مَّكَانِۭ بَعِيدٖ
44. Ва агар ин Қуръонро (эй Паёмбар) ба забони Аҷам (ғайри араб) мефиристодем, ҳароина, мушрикон мегуфтанд: «Чаро оёташ ба равшанӣ баён нашудааст то, ки онро бифаҳмем? Китобе бо забони Аҷам ва паёмбаре араб?» Бигӯ ба онҳо эй паёмбар: « Ин Қуръон барои онҳое, ки имон оварданд ҳидоят аз гумроҳӣ ва шифо аз шаку шубҳа аст. Ва касоне, ки имон намеоранд ин Қуръон вазнинии гӯшҳояшон ва кӯрии чашмонашон аст, пас ҳидоят намеёбанд. Ҳоли он мушрикон ба мисли онҳоест, ки онҳоро аз ҷои дур нидо мекунанд.[2399]
[2399] Тафсири Табарӣ 21/482
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَٱخۡتُلِفَ فِيهِۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةٞ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۚ وَإِنَّهُمۡ لَفِي شَكّٖ مِّنۡهُ مُرِيبٖ
45. Ва ҳароина, ба Мӯсо китоби Таврот додем, ҳамчунон ки ба ту Қуръонро додем, пас дар он қавми ӯ ихтилоф карданд, баъзеяшон имон оварданд ва баъзеяшон кофир шуданд. Ва агар набуд он калимае,[2400] ки Парвардигорат аз пеш гуфта буд, ҳароина, миёнашон кор ба поён меомад. Ва албатта, ҳанӯз мушрикон дар шакку шубҳаи сахтанд аз Қуръон.
[2400] Яъне, таъхири азоб аз қавмат то рӯзи қиёмат, дар ҳол азоб карда мешуданд. Тафсири Саъдӣ 1/ 751
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
مَّنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا فَلِنَفۡسِهِۦۖ وَمَنۡ أَسَآءَ فَعَلَيۡهَاۗ وَمَا رَبُّكَ بِظَلَّٰمٖ لِّلۡعَبِيدِ
46. Ҳар кас, ки кори шоистае кунад ва итоъати Аллоҳу Расулаш кунад, ба фоидаи худи ӯст ва ҳар кӣ бад кунад ва нофармонии Аллоҳу Расулаш кунад, ба зиёни ӯст. Ва Парвардигори ту ба бандагон ситам раво намедорад.[2401]
[2401] Яъне, дар додани сазову ҷазо. Тафсири Табарӣ 21\487
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: ហ្វូសស៊ីឡាត់
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ