Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: ហ្វូសស៊ីឡាត់   អាយ៉ាត់:
وَقَالُواْ لِجُلُودِهِمۡ لِمَ شَهِدتُّمۡ عَلَيۡنَاۖ قَالُوٓاْ أَنطَقَنَا ٱللَّهُ ٱلَّذِيٓ أَنطَقَ كُلَّ شَيۡءٖۚ وَهُوَ خَلَقَكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةٖ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ
21.Ва он душманони Аллоҳ ба пӯстҳои худ гӯянд: «Чаро бар зидди мо шаҳодат додед?». Гӯянд пӯстҳояшон: «Он Аллоҳе, ки ҳар чизеро ба сухан меоварад ва шуморо нахустин бор биёфарид ва ҳеҷ чиз набудед ва баъд аз марг барои ҳисобу китоб ба сӯӣ Ӯ бозгашт мекунед, моро ба сухан овардааст».
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَا كُنتُمۡ تَسۡتَتِرُونَ أَن يَشۡهَدَ عَلَيۡكُمۡ سَمۡعُكُمۡ وَلَآ أَبۡصَٰرُكُمۡ وَلَا جُلُودُكُمۡ وَلَٰكِن ظَنَنتُمۡ أَنَّ ٱللَّهَ لَا يَعۡلَمُ كَثِيرٗا مِّمَّا تَعۡمَلُونَ
22. Ва аз ин ки гӯшу чашмҳо ва пӯстҳоятон ба зиёни шумо шаҳодат медиҳанд, ҳангоме ки гуноҳ мекардед чизеро пинҳон намедоштед валекин мепиндоштед, ки Аллоҳ бар бисёре аз корҳои гуноҳеро, ки мекунед, огоҳ нест.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَذَٰلِكُمۡ ظَنُّكُمُ ٱلَّذِي ظَنَنتُم بِرَبِّكُمۡ أَرۡدَىٰكُمۡ فَأَصۡبَحۡتُم مِّنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ
23. Ва ин бадгумоние[2382], ки дар ҳаққи Парвардигоратон доштед, ҳалокатон кард ва (дӯзахӣ шуда) дар шумори зиёнкардагон гардидед.
[2382] Гумонатон ба ин ки Аллоҳ бисёре аз амалҳоятонро намедонад , пас ба ҳамин сабаб ба гуноҳ шитоб кардед ва ҳамин амр шуморо ҳалок гардонид. Тафсири Табарӣ 21\456
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَإِن يَصۡبِرُواْ فَٱلنَّارُ مَثۡوٗى لَّهُمۡۖ وَإِن يَسۡتَعۡتِبُواْ فَمَا هُم مِّنَ ٱلۡمُعۡتَبِينَ
24. Пас, агар сабр кунанд ва бар азоб ҳам тобу тоқат варзанд, пас ҷойгоҳашон дар оташ аст ва агар ҳам толиби афв шаванд[2383], касе онҳоро афв накунад.
[2383] Яъне, ин, ки ду бора ба дунё оянд ва амали шоиста кунанд, пас қабул карда нашавад ин талабашон. Тафсири Саъдӣ 1/ 747
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
۞ وَقَيَّضۡنَا لَهُمۡ قُرَنَآءَ فَزَيَّنُواْ لَهُم مَّا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَحَقَّ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقَوۡلُ فِيٓ أُمَمٖ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِم مِّنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِۖ إِنَّهُمۡ كَانُواْ خَٰسِرِينَ
25. Ва барои он мушрикон ҳамнишинҳои бад муқаррар кардем аз шаётини инс ва ҷин, пас барои онҳо аъмоли зишташонро дар дунё дар назарашон биёростанд ва низ барояшон ояндаашонро оростанд[2384]. Ва бар онҳо низ ҳамонанди пешиниёнашон аз ҷинну инс азоб муқаррар шуд. Ҳамоно онҳо ба сабаби амалҳои бади хеш зиёнкор буданд дар дунё ва низ зиён карданд рӯзи қиёмат.[2385]
[2384] Яъне, он чӣ ваъда мешавад дар охират аз қиёмат, ҳисоб, ҷаннат ва дузах ва ғайра дар назарашон дур ё, ки воқеъ нашаванда нишон доданд.
[2385] Тафсири Саъдӣ 1\747
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَا تَسۡمَعُواْ لِهَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ وَٱلۡغَوۡاْ فِيهِ لَعَلَّكُمۡ تَغۡلِبُونَ
26. Ва гуфтанд кофирон ба якдигар: «Ба ин Қуръон гӯш мадиҳед ва амрҳои онро итоъат накунед ва сухани беҳуда гӯед дар вақти Қуръон хондани Муҳаммад, шояд, ки ба ин роҳ пирӯз шавед бар Муҳаммад ва аз хондани Қуръон бозистад!»[2386]
[2386] Тафсири Табарӣ 21/ 460
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَلَنُذِيقَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ عَذَابٗا شَدِيدٗا وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَسۡوَأَ ٱلَّذِي كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
27. Пас ҳароина, кофиронро азоби сахт мечашонем дар дунёву охират ва ҳамоно сазо медиҳем онҳоро дар охират мувофиқи бадтарин куфру исёне, ки дар дунё мекарданд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ذَٰلِكَ جَزَآءُ أَعۡدَآءِ ٱللَّهِ ٱلنَّارُۖ لَهُمۡ فِيهَا دَارُ ٱلۡخُلۡدِ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَجۡحَدُونَ
28. Ин аст ҷазои душманони Аллоҳ, оташ. Дар даруни он хонаи ҳамешагӣ доранд. Ин ҷазои онҳост, зеро оёти Моро дар дунё инкор мекарданд.[2387]
[2387] Ин оят далолат мекунад ба бузургии гуноҳи шахсе, ки одамонро аз Қуръон ва ҳидоят ба ҳар роҳе боз дорад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ رَبَّنَآ أَرِنَا ٱلَّذَيۡنِ أَضَلَّانَا مِنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ نَجۡعَلۡهُمَا تَحۡتَ أَقۡدَامِنَا لِيَكُونَا مِنَ ٱلۡأَسۡفَلِينَ
29. Ва кофирон дар дӯзах гӯянд: «Эй Парвардигори мо, он ду танро аз ҷину инс, ки моро гумроҳ карданд, ба мо нишон деҳ, то, ки онҳоро зери пой кунем, то ки бошанд аз зертарини қаъри дӯзах!»
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: ហ្វូសស៊ីឡាត់
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ