Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អើររ៉ូម   អាយ៉ាត់:
وَعۡدَ ٱللَّهِۖ لَا يُخۡلِفُ ٱللَّهُ وَعۡدَهُۥ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ
6.Аллоҳ ба мӯминон пирӯзии румиён бар форсиёнро ваъдаи қатъӣ додааст ва Аллоҳ ваъдашро хилоф намекунад, вале бисёрии мардумон( кофирони Макка) намедонанд , ки ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَعۡلَمُونَ ظَٰهِرٗا مِّنَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَهُمۡ عَنِ ٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ غَٰفِلُونَ
7. Онҳо фақат ба зоҳири зиндагии дунё ва ороиши он огоҳанд ва аз умури охират бехабаранд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَوَلَمۡ يَتَفَكَّرُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۗ مَّا خَلَقَ ٱللَّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَآ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَأَجَلٖ مُّسَمّٗىۗ وَإِنَّ كَثِيرٗا مِّنَ ٱلنَّاسِ بِلِقَآيِٕ رَبِّهِمۡ لَكَٰفِرُونَ
8.Оё касоне, ки ба дидори Аллоҳ имон надоранд ва паёмбаронашро бовар надоранд, дар худашон андеша накардаанд, ки Аллоҳ осмонҳову заминро ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ ва то замони муайяне, наофаридааст?Ва ҳароина, бисёре аз мардум ба дидори Парвардигорашон имон надоранд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَوَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَانُوٓاْ أَشَدَّ مِنۡهُمۡ قُوَّةٗ وَأَثَارُواْ ٱلۡأَرۡضَ وَعَمَرُوهَآ أَكۡثَرَ مِمَّا عَمَرُوهَا وَجَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِۖ فَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيَظۡلِمَهُمۡ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ
9. Оё ин кофирони аз охират бехабар дар замин нагаштаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо буданд[1945], чӣ гуна будааст? Онҳо дар ҷисм басе нерумандтар аз онҳо буданд[1946] ва заминро шудгор карданд ва дар он зироатҳо коштанд ва беш аз он чи инҳо (аҳли Макка) ободаш кардаанд, онро обод сохтаанд , вале иморатҳои онҳо ва умри дарозашон ба онҳо фоидае накард. Ва паёмбаронашон бо мӯъҷизаҳо ба сӯяшон омаданд, вале бо вуҷуди ин, онҳо имон наёварданд, пас Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, балки онҳо бо ширку маъсияти худ дар ҳаққи хеш ситам мекарданд.[1947]
[1945]Монанди Оду Самуд, ки фиристодагони Аллоҳро дурӯғ бароварданд.
[1946]Аз кофирони Макка
[1947]Тафсири Бағавӣ 6\263
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ثُمَّ كَانَ عَٰقِبَةَ ٱلَّذِينَ أَسَٰٓـُٔواْ ٱلسُّوٓأَىٰٓ أَن كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَكَانُواْ بِهَا يَسۡتَهۡزِءُونَ
10. Сипас оқибати он касоне[1948], ки корҳои бад карданд, бадтар шуд. Зеро инҳо оёти Аллоҳро дурӯғ бароварданд ва онро ба масхара мегирифтанд.
[1948]Ситамгарон ва кофирон
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ٱللَّهُ يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ ثُمَّ إِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ
11. Аллоҳ офариниши мавҷудотро оғоз мекунад, сипас онро дубора бар мегардонад, он гоҳ ҳама халқ ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед, пас некӯкоронро ба сабаби некӯкориашон ва бадкоронро дар баробари бадкориашон ҷазои муносиб медиҳад[1949].
[1949]Тафсири ибни Касир 6\306
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يُبۡلِسُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ
12. Ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, гунаҳкорон он рӯз, барои наҷот ёфтанашон аз азоб ҳайратзадаву ноумед бимонанд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَمۡ يَكُن لَّهُم مِّن شُرَكَآئِهِمۡ شُفَعَٰٓؤُاْ وَكَانُواْ بِشُرَكَآئِهِمۡ كَٰفِرِينَ
13.Ва барои он мушрикон аз маъбудонашон, ки онҳоро дар дунё ба ҷои Аллоҳ ибодат кардаанд, ҳеҷ шафоаткунандае нахоҳад буд ва худ нисбат ба маъбудонашон бовар надоранд , балки дар ин вақт маъбудонашон аз онҳо безорӣ меҷӯянд ва онҳо низ аз маъбудонашон безорӣ меҷӯянд.[1950]
[1950] Тафсири Саъдӣ 1\638
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يَوۡمَئِذٖ يَتَفَرَّقُونَ
14. Ва рӯзе , ки қиёмат барпо шавад, дар он рӯз аҳли имон ва аҳли куфр аз якдигар ҷудо шаванд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَهُمۡ فِي رَوۡضَةٖ يُحۡبَرُونَ
15. Аммо онҳое, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, пас, онҳо дар боғҳои ҷаннат дар шодӣ ва сархушӣ мавриди икром ва инъом қарор мегиранд.[1951]
[1951] Тафсири Табарӣ 20/ 81
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អើររ៉ូម
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ