Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាលីអុិមរ៉ន   អាយ៉ាត់:
وَلَئِن مُّتُّمۡ أَوۡ قُتِلۡتُمۡ لَإِلَى ٱللَّهِ تُحۡشَرُونَ
158. Ва агар бимиред дар ҷои хобатон ё кушта шавед дар майдони ҷанг, албатта дар пешгоҳи Аллоҳ ҷамъ мешавед. Пас ҳамаатонро тибқи амалатон ҷазо медиҳад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَبِمَا رَحۡمَةٖ مِّنَ ٱللَّهِ لِنتَ لَهُمۡۖ وَلَوۡ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ ٱلۡقَلۡبِ لَٱنفَضُّواْ مِنۡ حَوۡلِكَۖ فَٱعۡفُ عَنۡهُمۡ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ وَشَاوِرۡهُمۡ فِي ٱلۡأَمۡرِۖ فَإِذَا عَزَمۡتَ فَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُتَوَكِّلِينَ
159. Ба сабаби раҳмати Аллоҳ аст, ки эй Паёмбар ту бо онҳо инчунин хушхўю меҳрубон ҳастӣ. Агар дуруштхўву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас онҳоро аз он чизе ки дар ҷанги Уҳуд карданд, бубахшой ва барои онҳо аз Аллоҳ омӯрзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат (маслиҳат) кун ва чун қасди коре кунӣ баъди маслиҳат, бар Аллоҳ таваккал кун, ки Аллоҳ таваккалкунандагонро дўст дорад.[287]
[287]Тафсири Бағавӣ 2/124
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِن يَنصُرۡكُمُ ٱللَّهُ فَلَا غَالِبَ لَكُمۡۖ وَإِن يَخۡذُلۡكُمۡ فَمَن ذَا ٱلَّذِي يَنصُرُكُم مِّنۢ بَعۡدِهِۦۗ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ
160. Агар Аллоҳ шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо ғалаба нахоҳад кард. Ва агар шуморо хор кунад, чӣ касе аз он пас ёриатон хоҳад кард? Пас мўъминон, бояд ки бар Аллоҳ таваккал кунанд!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَا كَانَ لِنَبِيٍّ أَن يَغُلَّۚ وَمَن يَغۡلُلۡ يَأۡتِ بِمَا غَلَّ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ ثُمَّ تُوَفَّىٰ كُلُّ نَفۡسٖ مَّا كَسَبَتۡ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ
161. Ва аз Паёмбар ҳаргиз хиёнат намеояд. Ва ҳар кӣ ба чизе хиёнат кунад, онро дар рўзи қиёмат бо худ оварад, то шарманда шавад. Сипас ҷазои амали ҳар кас ба пуррагӣ дода хоҳад шуд ва бар касе ситаме нашавад!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَفَمَنِ ٱتَّبَعَ رِضۡوَٰنَ ٱللَّهِ كَمَنۢ بَآءَ بِسَخَطٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَمَأۡوَىٰهُ جَهَنَّمُۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ
162. Оё он кас, ки ба роҳи хушнудии Аллоҳ меравад ва корҳоеро анҷом медиҳад, ки хушнудии Вайро дар пай дорад, монанди касест, ки муртакиби гуноҳ мешавад ва Парвардигорашро хашмгин мекунад ва макони ўҷаҳаннам аст ва бад ҷое аст?
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
هُمۡ دَرَجَٰتٌ عِندَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ بَصِيرُۢ بِمَا يَعۡمَلُونَ
16З. Ин ду гурўҳро (асҳоби ҷаннат ва асҳоби ҷаҳаннам) назди Аллоҳ дараҷаҳоест гуногун; барои ҷаннатиён розигии Аллоҳ ва манзалатҳои олӣ ва барои дўзахиён хашми Аллоҳ ва чуқуриҳои торик. Ў ба корҳояшон бино ва огоҳ аст, ҳеҷ чиз аз Ў пўшида нест![288]
[288]Тафсири Саъдӣ 1/155
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لَقَدۡ مَنَّ ٱللَّهُ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ إِذۡ بَعَثَ فِيهِمۡ رَسُولٗا مِّنۡ أَنفُسِهِمۡ يَتۡلُواْ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِهِۦ وَيُزَكِّيهِمۡ وَيُعَلِّمُهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَإِن كَانُواْ مِن قَبۡلُ لَفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ
164. Аллоҳ бар мўъминон он гоҳ неъмате ато фармуд, ки аз худашон ба сўи худашон Паёмбаре равон кард, то оёти Қуръонашро бар онҳо бихонад ва аз ширк онҳоро пок созад ва китобу суннатро биёмӯрзад, ҳарчанд онон пеш аз омадани ин Расул дар гумроҳии ошкоре буданд.[289]
[289]Тафсири Саъдӣ 1/155
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَوَلَمَّآ أَصَٰبَتۡكُم مُّصِيبَةٞ قَدۡ أَصَبۡتُم مِّثۡلَيۡهَا قُلۡتُمۡ أَنَّىٰ هَٰذَاۖ قُلۡ هُوَ مِنۡ عِندِ أَنفُسِكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
165. Ва он ҳангом, ки мусибате ба шумо дар ҷанги Уҳуд расид, ки шумо ба мушрикон зарба задед ва ду баробари онҳоро шикаст додед. Шумо ҳафтод нафар аз бузургонашонро дар ҷанги Бадр куштед ва ҳафтод нафарро ба асир гирифтед, гуфтед: Аз куҷо ин мусибат ба мо расид ва мо чӣ гуна шикаст хўрдем? Бигў: Он аз ҷониби худатон аст ва аз пайдо кардани ихтилоф ва нофармонии шумост. Ҳамоно Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност. Пас аз гумони бад нисбат ба Аллоҳ бипарҳезед, зеро Ў бар ёрӣ карданатон тавоно аст.[290]
[290]Тафсири Саъдӣ 1\156
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាលីអុិមរ៉ន
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ