Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាលីអុិមរ៉ន   អាយ៉ាត់:
إِذۡ هَمَّت طَّآئِفَتَانِ مِنكُمۡ أَن تَفۡشَلَا وَٱللَّهُ وَلِيُّهُمَاۗ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ
122. Ба ёд овар эй Расул, чун бани Салама ва бани Ҳориса бо ҳамроҳи сардори мунофиқашон Абдулло бинни Убай аз тарс мехостанд, ки дар ҷанг сустӣ намоянд ва аммо Аллоҳ нигоҳашон дошт, пас ҳамроҳи ту ба Аллоҳ таваккал карданд. Ва мўъминон бояд бар Аллоҳ таваккал кунанд![262]
[262]Тафсири Табарӣ 7/167
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَقَدۡ نَصَرَكُمُ ٱللَّهُ بِبَدۡرٖ وَأَنتُمۡ أَذِلَّةٞۖ فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
123. Албатта Аллоҳ шуморо, эй Расул, дар Бадр пирўз кард бар душманҳои мушрикатон ва ҳол он ки нотавон будед. Пас аз Аллоҳ битарсед[263], бояд шукргузори неъматҳояш шавед!
[263] Яъне, барои ба ҷой овардани амрҳояш ва худдорӣ кардан аз манъ кардаҳояш
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِذۡ تَقُولُ لِلۡمُؤۡمِنِينَ أَلَن يَكۡفِيَكُمۡ أَن يُمِدَّكُمۡ رَبُّكُم بِثَلَٰثَةِ ءَالَٰفٖ مِّنَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ مُنزَلِينَ
124. Ба ёд овар эй Расул чун мегуфтӣ дар рўзи Бадр ба мўъминон, оё шуморо кофӣ нест, ки Парвардигоратон шуморо ба се ҳазор фаришта, ки аз осмон фуруд меоянд, ёрӣ кунад?[264]
[264]Тафсири Табарӣ 7/173
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
بَلَىٰٓۚ إِن تَصۡبِرُواْ وَتَتَّقُواْ وَيَأۡتُوكُم مِّن فَوۡرِهِمۡ هَٰذَا يُمۡدِدۡكُمۡ رَبُّكُم بِخَمۡسَةِ ءَالَٰفٖ مِّنَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ مُسَوِّمِينَ
125. Бале, агар сабр кунед дар муқобилияти душман ва парҳезгорӣ намоед, чун мушрикон шитобон сўи шумо ба гумоне, ки бар шумо пирўз мешаванд, ба ҷанг оянд, Аллоҳ бо панҷ ҳазор аз фариштагони нишонадор шуморо ёрӣ кунад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَا جَعَلَهُ ٱللَّهُ إِلَّا بُشۡرَىٰ لَكُمۡ وَلِتَطۡمَئِنَّ قُلُوبُكُم بِهِۦۗ وَمَا ٱلنَّصۡرُ إِلَّا مِنۡ عِندِ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ
126. Ва Аллоҳ ин ёриро бо воситаи фариштагонаш танҳо барои шодмонӣ ва дилгармии шумо кард. Ва нест пирўзӣ, магар аз сўи Аллоҳи пирўзманду доно.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لِيَقۡطَعَ طَرَفٗا مِّنَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَوۡ يَكۡبِتَهُمۡ فَيَنقَلِبُواْ خَآئِبِينَ
127. Он пирўзие, ки Аллоҳ дар Бадр ба шумо дод, ба хотири он буд, ки то гурўҳе аз кофиронро ҳалок кунад ба марг, ё хор ва ноумед бозгардонад ононеро ки зинда монданд.[265]
[265]Тафсири Бағавӣ 2/101
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لَيۡسَ لَكَ مِنَ ٱلۡأَمۡرِ شَيۡءٌ أَوۡ يَتُوبَ عَلَيۡهِمۡ أَوۡ يُعَذِّبَهُمۡ فَإِنَّهُمۡ ظَٰلِمُونَ
128. Дар корҳои (сарнавишти) бандагон туро -эй Расул- коре нест. Ҳама дар дасти Аллоҳ аст. Шояд баъзе аз онон дар ҷангидан бо ту дилашон кушода шаванду мусалмон шаванд, пас Аллоҳ ононро бахшад. Ва касе, ки дар куфри худ боқӣ монд, Аллоҳўро дар дунёву охират ба сабаби ситамкориашон азоб медиҳад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ يَغۡفِرُ لِمَن يَشَآءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
129. Танҳо аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ҳар киро бихоҳад, ба раҳматаш меоӯрзад ва ҳар киро бихоҳад, ба адлаш азоб мекунад ва Аллоҳ омӯрзандаву меҳрубон аст!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَأۡكُلُواْ ٱلرِّبَوٰٓاْ أَضۡعَٰفٗا مُّضَٰعَفَةٗۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ
130. Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, риборо[266] бо тамоми навъҳояш нахўред. Чун қарз додед, бар он изофа нагиред, агар каме бошад ҳам. Ва аз Аллоҳ битарсед ва қонунҳои шариъатро риъоя кунед, то растагор шавед дар дунёву охират.[267]
[266] Рибо, яъне, судхўрӣ
[267]Тафсири Саъдӣ 1/147
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَٱتَّقُواْ ٱلنَّارَ ٱلَّتِيٓ أُعِدَّتۡ لِلۡكَٰفِرِينَ
131. Ва битарсед аз оташе, ки барои кофирон омода шудааст!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَأَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ
132. Ва ба Аллоҳу Расул -эй мўъминон- итоъат кунед,[268] то бувад, ки раҳмат карда шавед.
[268] Яъне, дар амрҳояш ва дар он чи, ки шуморо манъ кардааст аз хўрдани рибо ва ғайра Тафсири Табарӣ 7/206
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាលីអុិមរ៉ន
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ