Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហាជ្ជ   អាយ៉ាត់:
أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ سَخَّرَ لَكُم مَّا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَٱلۡفُلۡكَ تَجۡرِي فِي ٱلۡبَحۡرِ بِأَمۡرِهِۦ وَيُمۡسِكُ ٱلسَّمَآءَ أَن تَقَعَ عَلَى ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا بِإِذۡنِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِٱلنَّاسِ لَرَءُوفٞ رَّحِيمٞ
65.Оё надидаӣ, ки Аллоҳ ҳар чиро дар рӯи замин ҳаст ва киштиҳоро, ки дар баҳр ба фармони Ӯ мераванд бароятон мусаххар гардонид. Ва Аллоҳ намегузорад осмон бар замин фурӯ резад, то ҳама ҳалок шаванд, магар ба изну хости худаш. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ бар мардум бахшоянда ва меҳрубон аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَحۡيَاكُمۡ ثُمَّ يُمِيتُكُمۡ ثُمَّ يُحۡيِيكُمۡۗ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَكَفُورٞ
66. Ӯ Аллоҳ зотест, ки шуморо зиндагӣ бахшид ва шуморо аз нестӣ ба вуҷуд овардааст, сипас бимиронад ва баъд аз мурданатон шуморо боз зинда месозад. Бегумон инсон дар баробари неъматҳои Аллоҳ ношукр аст.[1710]
[1710] Тафсири Бағавӣ 5\398
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لِّكُلِّ أُمَّةٖ جَعَلۡنَا مَنسَكًا هُمۡ نَاسِكُوهُۖ فَلَا يُنَٰزِعُنَّكَ فِي ٱلۡأَمۡرِۚ وَٱدۡعُ إِلَىٰ رَبِّكَۖ إِنَّكَ لَعَلَىٰ هُدٗى مُّسۡتَقِيمٖ
67. Барои ҳар уммате дине ниҳодем, то бар он дину оин амал кунанд. Пас дар бораи амр мушрикони Қурайш бо ту эй Расул ситеза накунанд ва мардумро ба сӯи Парвардигори худ даъват кун, бегумон ту бар роҳи рост ҳастӣ.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِن جَٰدَلُوكَ فَقُلِ ٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا تَعۡمَلُونَ
68. Ва агар бо ту эй Расул ситеза карданд, бигӯ барояшон: «Аллоҳ бар ҳар коре, ки мекунед, огоҳтар аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ٱللَّهُ يَحۡكُمُ بَيۡنَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كُنتُمۡ فِيهِ تَخۡتَلِفُونَ
69. Аллоҳ миёни шумо дар рӯзи қиёмат дар бораи он чӣ ихтилоф меварзидед, ҳукм хоҳад кард.[1711]
[1711] Дар ин оят одоби накуест ва ин оят рад аст дар ҷавоби шахсе, ки бо такаббур ҷидол мекунад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَلَمۡ تَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۚ إِنَّ ذَٰلِكَ فِي كِتَٰبٍۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ
70. Оё надонистаӣ, эйРасул, ки Аллоҳ ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад. Бегумон тамоми инҳо дар китоби Лавҳи Маҳфуз сабт аст ва ин кор барои Аллоҳ осон аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَمۡ يُنَزِّلۡ بِهِۦ سُلۡطَٰنٗا وَمَا لَيۡسَ لَهُم بِهِۦ عِلۡمٞۗ وَمَا لِلظَّٰلِمِينَ مِن نَّصِيرٖ
71.Ва мушрикон ғайри Аллоҳ чизеро мепарастанд, ки Аллоҳ ҳеҷ далеле бар сиҳатии парастиши онҳо нозил накардааст ва чизеро мепарастанд, ки ба он илме надоранд. Ва барои ситамкорон ҳеҷ ёваре нест.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتٖ تَعۡرِفُ فِي وُجُوهِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلۡمُنكَرَۖ يَكَادُونَ يَسۡطُونَ بِٱلَّذِينَ يَتۡلُونَ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِنَاۗ قُلۡ أَفَأُنَبِّئُكُم بِشَرّٖ مِّن ذَٰلِكُمُۚ ٱلنَّارُ وَعَدَهَا ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ
72. Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон хонда мешавад, дар чеҳраи кофирон нохӯширо мебинӣ; балки наздик аст ҳамла кунанд ба он касоне ки оёти Моро бар онҳо мехонанд. Бигӯ эй Расул барояшон: «Оё шуморо бар чизе бадтар аз ин огоҳ кунам? Ҳамон оташи ҷаҳаннам аст, ки Аллоҳ онро бар касоне, ки имон наовардаанд, ваъда додааст ва оташ, бад саранҷомест!»
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហាជ្ជ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ