Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហាជ្ជ   អាយ៉ាត់:
حُنَفَآءَ لِلَّهِ غَيۡرَ مُشۡرِكِينَ بِهِۦۚ وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَكَأَنَّمَا خَرَّ مِنَ ٱلسَّمَآءِ فَتَخۡطَفُهُ ٱلطَّيۡرُ أَوۡ تَهۡوِي بِهِ ٱلرِّيحُ فِي مَكَانٖ سَحِيقٖ
31. Дар дини Аллоҳ рост бошед, барои Аллоҳ ҳеҷ гуна шарике муқаррар накунед ва ҳар кас, ки ба Аллоҳ ширк оварад, чун касест, ки аз осмон фурӯ афтад ва паррандае ӯро бирабояд ё боде ба макони дуре рӯфта партофтааст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ذَٰلِكَۖ وَمَن يُعَظِّمۡ شَعَٰٓئِرَ ٱللَّهِ فَإِنَّهَا مِن تَقۡوَى ٱلۡقُلُوبِ
32.Ин аст ҳукми Аллоҳ ва касоне, ки шиъорҳои Аллоҳро бузург мешуморанд; (аз ибодатҳо ва қурбониҳо) ба дурустӣ ин корашон нишони парҳезгории дилҳост.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لَكُمۡ فِيهَا مَنَٰفِعُ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى ثُمَّ مَحِلُّهَآ إِلَى ٱلۡبَيۡتِ ٱلۡعَتِيقِ
33. Аз он шутурони қурбонӣ то замоне муайян бароятон фоидаҳоест, сипас ҷои қурбониашон дар он хонаи кӯҳансол (Каъба) аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلِكُلِّ أُمَّةٖ جَعَلۡنَا مَنسَكٗا لِّيَذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُم مِّنۢ بَهِيمَةِ ٱلۡأَنۡعَٰمِۗ فَإِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ فَلَهُۥٓ أَسۡلِمُواْۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُخۡبِتِينَ
34. Барои ҳар уммате тарзи қурбониро муаяйн сохтаем, то номи Аллоҳро ба ҳангоми забҳ бар чорпоёне, ки қурбонӣ карда мешаванд бар забон ронанд. Пас маъбуди шумо маъбуди яктост, дар баробари Ӯ таслим шавед. Ва фӯрутанонро[1693] ба некиҳои дунёву охират хушхабар деҳ.
[1693]Касонеанд, ки дар баробари бандагони Аллоҳ хоксоранд
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ ٱللَّهُ وَجِلَتۡ قُلُوبُهُمۡ وَٱلصَّٰبِرِينَ عَلَىٰ مَآ أَصَابَهُمۡ وَٱلۡمُقِيمِي ٱلصَّلَوٰةِ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ
35.Касоне ҳастанд, чун номи Аллоҳ бурда шавад, дилҳояшон аз тарси Ӯ ҳаросон мегардад ва дар баробари мусибатҳое, ки ба онҳо мерасад, сабр меварзанд ва намозро барпо медоранд ва аз он чӣ рӯзиашон додаем, нафақа мекунанд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَٱلۡبُدۡنَ جَعَلۡنَٰهَا لَكُم مِّن شَعَٰٓئِرِ ٱللَّهِ لَكُمۡ فِيهَا خَيۡرٞۖ فَٱذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَيۡهَا صَوَآفَّۖ فَإِذَا وَجَبَتۡ جُنُوبُهَا فَكُلُواْ مِنۡهَا وَأَطۡعِمُواْ ٱلۡقَانِعَ وَٱلۡمُعۡتَرَّۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرۡنَٰهَا لَكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
36.Шутурони қурбониро барои шумо аз шаъоири Аллоҳ қарор додем, то ба он ба сӯи Аллоҳ наздик шавед. Шуморо дар онҳо хайру баракатест; аз хӯрдан, садақа кардан ва савоб гирифтан. Пас ҳангоми қурбонӣ, дар ҳоле, ки бар пой истодаанд, номи Аллоҳро бар онҳо бихонед ва чун паҳлӯяшон бар замин расид, аз гӯшти онҳо бихӯред ва фақирони боқаноат ва гадоёнро бихӯронед. Ин гуна Мо онҳоро барои шумо ром кардем. Бошад, ки шумо сипосгузорӣ кунед![1694]
[1694] Тафсири Саъдӣ 1\538
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لَن يَنَالَ ٱللَّهَ لُحُومُهَا وَلَا دِمَآؤُهَا وَلَٰكِن يَنَالُهُ ٱلتَّقۡوَىٰ مِنكُمۡۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرَهَا لَكُمۡ لِتُكَبِّرُواْ ٱللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَىٰكُمۡۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
37. Ҳаргиз гӯштҳо ва хунҳои қурбониён ба Аллоҳ намерасад, чунки Аллоҳ бениёз ва лоиқи ситоиш аст, балки парҳезгории шумо, (яъне ихлосу нияти шумо) ба Ӯ мерасад. Ҳамчунин онҳоро бароятон мусаххар намуд, то Аллоҳро ба хотири он, ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед. Ва некӯкоронро мужда бидеҳ!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
۞ إِنَّ ٱللَّهَ يُدَٰفِعُ عَنِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ خَوَّانٖ كَفُورٍ
38.Ба ростӣ, Аллоҳ аз касоне, ки имон овардаанд, дифоъ мекунад, зеро Аллоҳ хиёнаткорони носипосро дӯст надорад!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហាជ្ជ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ