Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាន់ណះល៍   អាយ៉ាត់:
لِيَكۡفُرُواْ بِمَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡۚ فَتَمَتَّعُواْ فَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ
55. Бигузор,то неъматеро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд. Пас баҳраманд шавед, дар дунё андаке ба зудӣ хоҳед донист оқибати исён ва куфри худро [1369]!
[1369] Тафсири ибни Касир 4\577
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَيَجۡعَلُونَ لِمَا لَا يَعۡلَمُونَ نَصِيبٗا مِّمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡۗ تَٱللَّهِ لَتُسۡـَٔلُنَّ عَمَّا كُنتُمۡ تَفۡتَرُونَ
56. Ва он гоҳ аз он чӣ рӯзиашон додаем, барои бутоне, ки ҳеҷ фоида ва зараре намерасонанд, ҳиссае муъайян мекунанд. Ба Аллоҳ савганд, ба сабаби дурӯғе, ки мебандед, пурсида мешавед!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَيَجۡعَلُونَ لِلَّهِ ٱلۡبَنَٰتِ سُبۡحَٰنَهُۥ وَلَهُم مَّا يَشۡتَهُونَ
57. Ва кофирон барои Аллоҳ духтаронро муқаррар мекунанд, ки Ӯ пок аст ва ниёз ба фарзанд надорад ва барои худ ҳар чӣ дӯст доранд аз писарон, онро муқаррар мекунанд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُم بِٱلۡأُنثَىٰ ظَلَّ وَجۡهُهُۥ مُسۡوَدّٗا وَهُوَ كَظِيمٞ
58. Ва чун ба якешон муждаи таваллуди духтар диҳанд, сияҳрӯй шавад аз ғаме, ки ба ӯ расидааст ва хашмгин гардад.[1370]
[1370] Тафсири Саъдӣ 1\442
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَتَوَٰرَىٰ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ مِن سُوٓءِ مَا بُشِّرَ بِهِۦٓۚ أَيُمۡسِكُهُۥ عَلَىٰ هُونٍ أَمۡ يَدُسُّهُۥ فِي ٱلتُّرَابِۗ أَلَا سَآءَ مَا يَحۡكُمُونَ
59. Ба хотири ин муждаи бад аз мардум пинҳон мешавад ва ба андеша афтад, ки оё бо хорӣ духтарро нигоҳаш дорад ё зинда дар зери хок қарораш кунад? Огоҳ бошед, кичи қазовати баде мекарданд.[1371]
[1371] Тафсири Саъдӣ 1\442
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لِلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ مَثَلُ ٱلسَّوۡءِۖ وَلِلَّهِ ٱلۡمَثَلُ ٱلۡأَعۡلَىٰۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
60. Сифати бад аз они касонест, ки ба қиёмат имон намеоваранд ва сифати бартар ва олӣ аз они Аллоҳ аст. Ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَوۡ يُؤَاخِذُ ٱللَّهُ ٱلنَّاسَ بِظُلۡمِهِم مَّا تَرَكَ عَلَيۡهَا مِن دَآبَّةٖ وَلَٰكِن يُؤَخِّرُهُمۡ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗىۖ فَإِذَا جَآءَ أَجَلُهُمۡ لَا يَسۡتَـٔۡخِرُونَ سَاعَةٗ وَلَا يَسۡتَقۡدِمُونَ
61. Ва агар Аллоҳ бихоҳад, ки мардумро ба гуноҳашон ҳалок кунад, бар рӯи замин ҳеҷҷунбандае боқӣ нагузорад, вале Аллоҳ бо меҳрубониаш ононро то муддате муайян ба таъхир меафканад. Ва чун аҷалашон фаро расад, на соате бозмонанд ва на соате пеш раванд.[1372]
[1372] Тафсири Бағавӣ 5\26
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَيَجۡعَلُونَ لِلَّهِ مَا يَكۡرَهُونَۚ وَتَصِفُ أَلۡسِنَتُهُمُ ٱلۡكَذِبَ أَنَّ لَهُمُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ لَا جَرَمَ أَنَّ لَهُمُ ٱلنَّارَ وَأَنَّهُم مُّفۡرَطُونَ
62. Ва он чиро намеписанданд барои худашон аз духтарон, ба Аллоҳ нисбат мекунанд ва забонҳояшонро бо дурӯғ пардохта мегӯянд, ки хубиҳо (яъне ҷаннат) аз они онҳост. На, бешак насиби онҳо дар охират оташ аст ва онҳоро ба шитоб ба сӯи он баранд![1373]
[1373] Тафсири Бағавӣ 5\26
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
تَٱللَّهِ لَقَدۡ أَرۡسَلۡنَآ إِلَىٰٓ أُمَمٖ مِّن قَبۡلِكَ فَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَعۡمَٰلَهُمۡ فَهُوَ وَلِيُّهُمُ ٱلۡيَوۡمَ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
63. Ба Аллоҳ савганд чунон ки ба ин уммат паёмбар фиристодаем барои мардуме ҳам, ки пеш аз ту будаанд, паёмбароне фиристодаем. Ва шайтон аъмоли бадашонро дар чашмашон биёрост. Пас имрӯз шайтон дӯст ва ёри онҳо аст ва барои онҳо дар охират азоби дарддиҳанда ҳаст![1374]
[1374] Тафсири Бағавӣ 5\27
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا لِتُبَيِّنَ لَهُمُ ٱلَّذِي ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٗ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ
64. Мо ин китобро (қуръонро) бар ту нозил кардаем, барои он ки ҳар чиро, ки дар он ихтилоф доранд, барояшон баён кунӣ. Ва низ роҳнамову раҳмате барои мӯъминон бошад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាន់ណះល៍
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ