Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាន់ណះល៍   អាយ៉ាត់:
وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنۢ بُيُوتِكُمۡ سَكَنٗا وَجَعَلَ لَكُم مِّن جُلُودِ ٱلۡأَنۡعَٰمِ بُيُوتٗا تَسۡتَخِفُّونَهَا يَوۡمَ ظَعۡنِكُمۡ وَيَوۡمَ إِقَامَتِكُمۡ وَمِنۡ أَصۡوَافِهَا وَأَوۡبَارِهَا وَأَشۡعَارِهَآ أَثَٰثٗا وَمَتَٰعًا إِلَىٰ حِينٖ
80. Ва Аллоҳ хонаҳоятонро ҷои оромишатон қарор дод ва дар он аз гармию хунукӣ шуморо муҳофизат намуд ва аз пӯсти чаҳорпоён бароятон чодарҳо сохт, ки ба ҳангоми сафар ва ҳангоми иқомат сабукашон меёбед ва аз бардоштани онҳо дар ранҷ намеафтед. Ва аз пашми гӯсфанд ва пашми шутур ва мӯи буз то рӯзи қиёмат бароятон асоси хона ва асбоби зиндагӣ сохт.[1387]
[1387] Тафсири Саъдӣ 1\446
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّمَّا خَلَقَ ظِلَٰلٗا وَجَعَلَ لَكُم مِّنَ ٱلۡجِبَالِ أَكۡنَٰنٗا وَجَعَلَ لَكُمۡ سَرَٰبِيلَ تَقِيكُمُ ٱلۡحَرَّ وَسَرَٰبِيلَ تَقِيكُم بَأۡسَكُمۡۚ كَذَٰلِكَ يُتِمُّ نِعۡمَتَهُۥ عَلَيۡكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تُسۡلِمُونَ
81. Ва Аллоҳ барои шумо аз чизҳое, ки офаридааст мисли дарахтон ва дигар чизҳо, сояҳо падид овард. Ва дар кӯҳҳо бароятон ғорҳо сохт. Ва ҷомаҳо аз пахтаю пашм, ки шуморо аз гармӣ ва хунукӣ ҳифз мекунад ва либосҳое (зиреҳҳо), ки дар ҷанг нигаҳдори шумост. Аллоҳ неъматҳои худро инчунин бар шумо комил мекунад. Бошад, ки таслими фармони Ӯ шавед ва дар ибодати Ӯ чизеро шарик наоред.[1388]
[1388] Тафсири Табарӣ 17\270
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّمَا عَلَيۡكَ ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ
82. Пас агар аз тоъати Ӯ рӯй гардонанд, ҷуз ин нест, ки вазифаи ту таблиғи ошкор аст , аммо ҳидоят аз тарафи Мост, эй Расул[1389].
[1389] Тафсири Саъдӣ 1\446
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَعۡرِفُونَ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ ثُمَّ يُنكِرُونَهَا وَأَكۡثَرُهُمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ
83. Инҳо мушрикон неъматҳои Аллоҳро мешиносанд ва он ба паёмбарӣ фиристода шудани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, боз ҳам мункири нубуввати он мешаванд, зеро бисёрии онҳо кофиронанд.[1390]
[1390] Тафсири Бағавӣ 5\36
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَيَوۡمَ نَبۡعَثُ مِن كُلِّ أُمَّةٖ شَهِيدٗا ثُمَّ لَا يُؤۡذَنُ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ وَلَا هُمۡ يُسۡتَعۡتَبُونَ
84. Хабар деҳ, эй Муҳаммад, барояшон, ки рӯзе қиёмат фаро мерасад, аз ҳар уммате паёмбарашро бар қавми худ гувоҳе бигирем, сипас ба кофирон рухсати сухан гуфтан дода нашавад то узри худ баён кунанд ва узрашон пазируфта нашавад.[1391]
[1391] Тафсири Саъдӣ 1\446
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِذَا رَءَا ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ ٱلۡعَذَابَ فَلَا يُخَفَّفُ عَنۡهُمۡ وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ
85. Ва чун ситамкорон (яъне кофирон) азоби дӯзахро бингаранд, локин азобашон аз онон сабук намешавад ва онон мӯҳлат намеёбанд.[1392]
[1392] Тафсири Бағавӣ 5\37
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِذَا رَءَا ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْ شُرَكَآءَهُمۡ قَالُواْ رَبَّنَا هَٰٓؤُلَآءِ شُرَكَآؤُنَا ٱلَّذِينَ كُنَّا نَدۡعُواْ مِن دُونِكَۖ فَأَلۡقَوۡاْ إِلَيۡهِمُ ٱلۡقَوۡلَ إِنَّكُمۡ لَكَٰذِبُونَ
86. Ва чун мушрикон рӯзи қиёмат маъбудони худро, ки шарики Аллоҳ месохтанд, бубинанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо шарикони мо ҳастанд, ки мо ба ҷои Ту онҳоро ибодат мекардем». Маъбудонашон дар ҷавоб мегӯянд, ки шумо дурӯғ мегӯед![1393]
[1393]Яъне шуморо ба ин амр накардаем ва дар гумони он набудем, ки мо шоистаи парастиш ҳастем, пас худро маломат кунед. Тафсири Саъдӣ 1\446
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَأَلۡقَوۡاْ إِلَى ٱللَّهِ يَوۡمَئِذٍ ٱلسَّلَمَۖ وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ
87. Ва дар ин рӯз ҳамаи мушрикон баъд аз такаббур ва саркашиҳои дунявӣ ба бандагӣ хештанро таслими Аллоҳ мекунанд ва он дурӯғҳо, ки мебофтанд, нобуд шавад.[1394]
[1394] Тафсири Табарӣ 17\276
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាន់ណះល៍
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ