Check out the new design

আল-কোৰআনুল কাৰীমৰ অৰ্থানুবাদ - তাজিক অনুবাদ- মৰ্কজ ৰুওৱাদুত তাৰ্জামাহ * - অনুবাদসমূহৰ সূচীপত্ৰ

PDF XML CSV Excel API
Please review the Terms and Policies

অৰ্থানুবাদ ছুৰা: মুহাম্মদ   আয়াত:
إِنَّ ٱللَّهَ يُدۡخِلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يَتَمَتَّعُونَ وَيَأۡكُلُونَ كَمَا تَأۡكُلُ ٱلۡأَنۡعَٰمُ وَٱلنَّارُ مَثۡوٗى لَّهُمۡ
Аллоҳ таоло муъминони накукорро ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва кофирон [танҳо дар дунё] баҳраманд мешаванд ва ҳамчун чаҳорпоён мехӯранд ва оташ [-и дузах] ҷойгоҳашон аст
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
وَكَأَيِّن مِّن قَرۡيَةٍ هِيَ أَشَدُّ قُوَّةٗ مِّن قَرۡيَتِكَ ٱلَّتِيٓ أَخۡرَجَتۡكَ أَهۡلَكۡنَٰهُمۡ فَلَا نَاصِرَ لَهُمۡ
Ва чи бисёр шаҳрҳое, ки сокинонаш аз [мардуми] шаҳри ту, ки берунат кардаанд, тавонмандтар буданд. Мо ҳалокашон кардем ва [дар баробари азоби илоҳӣ] ҳеҷ ёваре надоштанд
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
أَفَمَن كَانَ عَلَىٰ بَيِّنَةٖ مِّن رَّبِّهِۦ كَمَن زُيِّنَ لَهُۥ سُوٓءُ عَمَلِهِۦ وَٱتَّبَعُوٓاْ أَهۡوَآءَهُم
Оё касе, ки бар шеваи равшане аз ҷониби Парвардигори хеш аст, ҳамчун касоне аст, ки зиштии рафторашон дар назарашон ороста шуда ва аз ҳавасҳои хеш пайравӣ мекунанд?
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
مَّثَلُ ٱلۡجَنَّةِ ٱلَّتِي وُعِدَ ٱلۡمُتَّقُونَۖ فِيهَآ أَنۡهَٰرٞ مِّن مَّآءٍ غَيۡرِ ءَاسِنٖ وَأَنۡهَٰرٞ مِّن لَّبَنٖ لَّمۡ يَتَغَيَّرۡ طَعۡمُهُۥ وَأَنۡهَٰرٞ مِّنۡ خَمۡرٖ لَّذَّةٖ لِّلشَّٰرِبِينَ وَأَنۡهَٰرٞ مِّنۡ عَسَلٖ مُّصَفّٗىۖ وَلَهُمۡ فِيهَا مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ وَمَغۡفِرَةٞ مِّن رَّبِّهِمۡۖ كَمَنۡ هُوَ خَٰلِدٞ فِي ٱلنَّارِ وَسُقُواْ مَآءً حَمِيمٗا فَقَطَّعَ أَمۡعَآءَهُمۡ
Васфи биҳиште, ки ба парҳезкорон ваъда дода шуда, [чунин аст, ки] дар он ҷӯйборҳое ҷорӣ аст, ки таъми обаш тағйирнопазир аст ва ҷӯйборҳое аз шир, ки таъмаш дигаргун намешавад ва ҷӯйборҳое аз шароб, ки мояи лаззати нӯшандагон аст ва ҷӯйборҳое аз асали ноб ва дар он ҷо ҳамаи [анвои] меваҳо дар дастрасашон аст ва [аз ҳама бартар] омурзиши Парвардигорашон. Оё [биҳиштиён] чун сокинони ҷовидони дузаханд, ки обе чунон ҷӯшон ба онон менӯшонанд, ки рӯдаҳояшонро муталошӣ [пора-пора] мекунад?
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
وَمِنۡهُم مَّن يَسۡتَمِعُ إِلَيۡكَ حَتَّىٰٓ إِذَا خَرَجُواْ مِنۡ عِندِكَ قَالُواْ لِلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ مَاذَا قَالَ ءَانِفًاۚ أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ طَبَعَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ وَٱتَّبَعُوٓاْ أَهۡوَآءَهُمۡ
[Эй Паёмбар] бархе аз мунофиқон ба [гуфтори] ту гӯш фаро медиҳанд ва чун аз ҳузурат хориҷ мешаванд, ба аҳли дониш [бо тамасхур] мегӯянд: «[Фаҳмидед] Лаҳазоте пеш чи мегуфт?» Аллоҳ таоло бар дилҳояшон муҳри [ғафлат] ниҳодааст ва онон аз ҳавасҳои хеш пайравӣ кардаанд
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
وَٱلَّذِينَ ٱهۡتَدَوۡاْ زَادَهُمۡ هُدٗى وَءَاتَىٰهُمۡ تَقۡوَىٰهُمۡ
Аллоҳ таоло бар ҳидояти парҳезкорон меафзояд ва парҳезкориашон [-ро қувват] мебахшад
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
فَهَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّا ٱلسَّاعَةَ أَن تَأۡتِيَهُم بَغۡتَةٗۖ فَقَدۡ جَآءَ أَشۡرَاطُهَاۚ فَأَنَّىٰ لَهُمۡ إِذَا جَآءَتۡهُمۡ ذِكۡرَىٰهُمۡ
Оё кофирон ҷуз ин интизор доранд, ки қиёмат ногаҳон бар онон фаро расад, дар ҳоле ки нишонаҳои он ошкор шудааст? Пас, он гоҳ ки қиёмат фаро расад, панд гирифтанашон чи суде хоҳад дошт?
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
فَٱعۡلَمۡ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱللَّهُ وَٱسۡتَغۡفِرۡ لِذَنۢبِكَ وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مُتَقَلَّبَكُمۡ وَمَثۡوَىٰكُمۡ
[Эй Паёмбар] бидон, ки маъбуде [ба ҳақ] ба ҷуз Аллоҳ таоло нест ва барои гуноҳи хеш ва [гуноҳи] мардон ва занони муъмин омурзиш бихоҳ ва [ба ёд дошта бош, ки] Аллоҳ таоло маҳалли рафтуомад [-и рӯзона] ва оромидан [-и шабона]-и шуморо медонад
আৰবী তাফছীৰসমূহ:
 
অৰ্থানুবাদ ছুৰা: মুহাম্মদ
ছুৰাৰ তালিকা পৃষ্ঠা নং
 
আল-কোৰআনুল কাৰীমৰ অৰ্থানুবাদ - তাজিক অনুবাদ- মৰ্কজ ৰুওৱাদুত তাৰ্জামাহ - অনুবাদসমূহৰ সূচীপত্ৰ

অনুবাদ কৰিছে جمعية الدعوة بالربوة আৰু جمعية خدمة المحتوى الإسلامي باللغاتৰ সহযোগত মৰ্কজ ৰুৱাদুত তাৰ্জামাৰ অনুবাদক গোষ্ঠীয়ে।

বন্ধ