Check out the new design

د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - خوجه میروف خوجه میر * - د ژباړو فهرست (لړلیک)


د معناګانو ژباړه سورت: اعراف   آیت:
قَالَا رَبَّنَا ظَلَمۡنَآ أَنفُسَنَا وَإِن لَّمۡ تَغۡفِرۡ لَنَا وَتَرۡحَمۡنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ
23. Гуфтанд (Одам ва Ҳавво): «Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ба хӯрдани меваи он дарахт ва агар моро наёмӯрзӣ ва бар мо меҳрубонӣ накунӣ, албатта аз зиёндидагон хоҳем буд».
عربي تفسیرونه:
قَالَ ٱهۡبِطُواْ بَعۡضُكُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوّٞۖ وَلَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُسۡتَقَرّٞ وَمَتَٰعٌ إِلَىٰ حِينٖ
24. Аллоҳ (ба Одаму Ҳавво ва Иблис) гуфт: «Фуруд оед аз осмон, бархе душмани бархе дигар ва то дами марг замин қароргоҳ ва ҷои таматтӯъи (баҳрабардории) шумо хоҳад буд».[663]
[663] Тафсири Табарӣ 12 / 359
عربي تفسیرونه:
قَالَ فِيهَا تَحۡيَوۡنَ وَفِيهَا تَمُوتُونَ وَمِنۡهَا تُخۡرَجُونَ
25. Аллоҳ (ба Одам ва Ҳавво) гуфт: «Дар он ҷо зиндагӣ хоҳед кард ва дар он ҷо хоҳед мурд ва аз он берун оварда шавед дар рӯзи қиёмат».
عربي تفسیرونه:
يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ قَدۡ أَنزَلۡنَا عَلَيۡكُمۡ لِبَاسٗا يُوَٰرِي سَوۡءَٰتِكُمۡ وَرِيشٗاۖ وَلِبَاسُ ٱلتَّقۡوَىٰ ذَٰلِكَ خَيۡرٞۚ ذَٰلِكَ مِنۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ لَعَلَّهُمۡ يَذَّكَّرُونَ
26.Эй фарзандони Одам, ҳамоно барои шумо либосе фиристодем, то шармгоҳатонро бипӯшад ва ин либос зарурӣ аст ва низ либоси зиннатро, ки ин либоси камоли неъмат аст. Ва либоси парҳезгорӣ,[664] ки ин ба ҷо овардани амрҳои Аллоҳ ва дур будан аз манъкардаҳои Ӯст ва он беҳтаринлибос аст барои мӯъмин. Ва ин яке аз оёти Аллоҳ аст, бошад, ки панд гиранд.
[664] Яъне имон ва ҳаё , беҳтарин либоси мӯъмин аст. Тафсири Табарӣ 12/ 366
عربي تفسیرونه:
يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ لَا يَفۡتِنَنَّكُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ كَمَآ أَخۡرَجَ أَبَوَيۡكُم مِّنَ ٱلۡجَنَّةِ يَنزِعُ عَنۡهُمَا لِبَاسَهُمَا لِيُرِيَهُمَا سَوۡءَٰتِهِمَآۚ إِنَّهُۥ يَرَىٰكُمۡ هُوَ وَقَبِيلُهُۥ مِنۡ حَيۡثُ لَا تَرَوۡنَهُمۡۗ إِنَّا جَعَلۡنَا ٱلشَّيَٰطِينَ أَوۡلِيَآءَ لِلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ
27.Эй фарзандони Одам, шайтон шуморо нафиребад, ҳамчунон ки падару модаратонро (Одам ва Ҳавворо) аз биҳишт берун ронд, либос аз танашон берун кард, то шармгоҳашонро ба онҳо бинамоёнад. Ҳамоно шайтон ва ҳампешагонаш аз ҷое, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Ҳамоно Мо шайтонҳоро дӯстони касоне қарор додем, ки ба ягонагии Аллоҳ имон намеоваранд.
عربي تفسیرونه:
وَإِذَا فَعَلُواْ فَٰحِشَةٗ قَالُواْ وَجَدۡنَا عَلَيۡهَآ ءَابَآءَنَا وَٱللَّهُ أَمَرَنَا بِهَاۗ قُلۡ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَأۡمُرُ بِٱلۡفَحۡشَآءِۖ أَتَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ
28.Чун куффор кори зиште кунанд[665], гӯянд: «Падарони худро низ чунин ёфтаем ва Аллоҳ моро ба он фармон додааст». Бигӯ эй Паёмбар: «Аллоҳ ба зишткорӣ фармон намедиҳад.Чаро ба Аллоҳ нисбат медиҳед, он чизҳоеро, ки намедонед?»
[665] Яке аз корҳои зишташон ин буд, ки онон хонаи Каъбаро тани бараҳна тавоф мекарданд. Тафсири Табарӣ 12/ 378
عربي تفسیرونه:
قُلۡ أَمَرَ رَبِّي بِٱلۡقِسۡطِۖ وَأَقِيمُواْ وُجُوهَكُمۡ عِندَ كُلِّ مَسۡجِدٖ وَٱدۡعُوهُ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَۚ كَمَا بَدَأَكُمۡ تَعُودُونَ
29.Бигӯ эй Паёмбар: «Парвардигори ман ба адл фармон додааст ва ба ҳангоми ҳар намоз рӯй ба ҷониби Ӯ доред ва Ӯро бо имони холис бипарастед. Ва ҳамчунон ки шуморо офаридааст (аввалин бор ), бори дигар ба сӯи Ӯ бозмегардед.[666]
[666] Тафсири Саъдӣ 1/ 286
عربي تفسیرونه:
فَرِيقًا هَدَىٰ وَفَرِيقًا حَقَّ عَلَيۡهِمُ ٱلضَّلَٰلَةُۚ إِنَّهُمُ ٱتَّخَذُواْ ٱلشَّيَٰطِينَ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَيَحۡسَبُونَ أَنَّهُم مُّهۡتَدُونَ
30. Гурӯҳеро ҳидоят кард ба роҳи рост ва гурӯҳе собит шуд барояшон он гумроҳиву торикӣ. Ҳамоно онҳо шайтонҳоро ба ҷои Аллоҳ дӯст гирифта ва ононро итоъат карданд ва мепиндоранд, ки ҳидоят ёфтаанд».
عربي تفسیرونه:
 
د معناګانو ژباړه سورت: اعراف
د سورتونو فهرست (لړلیک) د مخ نمبر
 
د قرآن کریم د معناګانو ژباړه - تاجکي ژباړه - خوجه میروف خوجه میر - د ژباړو فهرست (لړلیک)

د خواجه میروف خواجه میر لخوا ژباړل شوې. دې ته د رواد الترجمة مرکز تر څارنې لاندې انکشاف ورکړل شوی، او اصلي ژباړې ته د نظرونو څرګندولو، ارزونې، او دوامداره پرمختګ او بیاکتنې لپاره فرصت شتون لري.

بندول