Check out the new design

ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫ * - ߘߟߊߡߌߘߊ ߟߎ߫ ߦߌ߬ߘߊ߬ߥߟߊ


ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌ߬ߘߊ߬ߟߌ ߝߐߘߊ ߘߏ߫: ߛߎߘߐߛߣߍߡߊ   ߟߝߊߙߌ ߘߏ߫:
عَسَىٰ رَبُّكُمۡ أَن يَرۡحَمَكُمۡۚ وَإِنۡ عُدتُّمۡ عُدۡنَاۚ وَجَعَلۡنَا جَهَنَّمَ لِلۡكَٰفِرِينَ حَصِيرًا
8. Шояд Парвардигоратон бар шумо (эй бани Исроил) раҳмат оварад, агар аз гуноҳ тавба кунед. Ва агар ба маъсияту гунаҳкорӣ бозгардед, бозмегардем, барои азоб карданатон дар ин ҷаҳон ва ҷаҳаннамро зиндони кофирон сохтаем.[1440]
[1440] Ин оят ва ояти мо қабл барои ин уммат ваъиди сахт аст, то гирифтори азоб нашаванд, чуноне ки бар бани Исроил фуруд омада буд. Тафсири Бағавӣ 5\80
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
إِنَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ يَهۡدِي لِلَّتِي هِيَ أَقۡوَمُ وَيُبَشِّرُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٱلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمۡ أَجۡرٗا كَبِيرٗا
9. Ҳамоно ин Қуръоне, ки бар бандаи Мо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фуруд овардем мардумро бо роҳе ҳидоят мекунад, ки он устувортарин аст ва ба мӯъминоне, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда медиҳад, ки онон подоши бузурге доранд.
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَأَنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ أَعۡتَدۡنَا لَهُمۡ عَذَابًا أَلِيمٗا
10. Ва албатта барои касоне, ки ба охират имон намеоваранд, азоби дардоваре(ва он дӯзах аст) муҳайё кардаем.[1441]
[1441] Тафсири Бағавӣ 5\80
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَيَدۡعُ ٱلۡإِنسَٰنُ بِٱلشَّرِّ دُعَآءَهُۥ بِٱلۡخَيۡرِۖ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ عَجُولٗا
11. Ва одамӣ гоҳо аз ғазаб бар ҷони худ, ё фарзанд ё молаш дуоъи бад металабад, читавре, ки дуъои хайр мекунад. Агар Аллоҳ он дуъояшро қабул кунад, ҳалок мешавад, вале ба фазлу раҳматаш иҷобат намекунад. Ва одамӣ табиатан бар хурсандию сахтӣ бесабру шитобкор аст.[1442]
[1442] Тафсири Бағавӣ 5\81
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَجَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ ءَايَتَيۡنِۖ فَمَحَوۡنَآ ءَايَةَ ٱلَّيۡلِ وَجَعَلۡنَآ ءَايَةَ ٱلنَّهَارِ مُبۡصِرَةٗ لِّتَبۡتَغُواْ فَضۡلٗا مِّن رَّبِّكُمۡ وَلِتَعۡلَمُواْ عَدَدَ ٱلسِّنِينَ وَٱلۡحِسَابَۚ وَكُلَّ شَيۡءٖ فَصَّلۡنَٰهُ تَفۡصِيلٗا
12. Ва шаб ва рӯзро ду нишона қарор додем. Нишонаи шабро торикӣ гардонидем ва нишонаи рӯзро равшанӣ, то ба талаби ризқе, ки Парвардигоратон муқаррар доштааст, бархезед ва шумори солҳову ҳисобро бидонед. Агар Аллоҳ офтобу маҳтобро ба ҳоле ки халқ карда буд мегузошт шабро аз рӯз шинохта намешуд ва на вақти рӯза ва ҳаҷ дониста мешуд ва на вақти роҳату дамгирӣ ва мо ҳар чизро ба тафсил баён кардаем.[1443]
[1443] Тафсири Бағавӣ 5\81
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَكُلَّ إِنسَٰنٍ أَلۡزَمۡنَٰهُ طَٰٓئِرَهُۥ فِي عُنُقِهِۦۖ وَنُخۡرِجُ لَهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ كِتَٰبٗا يَلۡقَىٰهُ مَنشُورًا
13. Кирдори неку бади ҳар инсонеро чун тавқе ба гарданаш овехтаем. Ва дар рӯзи қиёмат барои ӯ номаи (амалашро) кушода берун оварем, то дар он бингарад.
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
ٱقۡرَأۡ كِتَٰبَكَ كَفَىٰ بِنَفۡسِكَ ٱلۡيَوۡمَ عَلَيۡكَ حَسِيبٗا
14. Дар он рӯз ба ӯ гуфта мешавад: «Бихон номаи аъмолҳое, ки дар дунё карда будӣ. Имрӯз ту худ барои ҳисоб кардани амалҳоят басандаӣ!»[1444]
[1444] Тафсири Табарӣ 17\401
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
مَّنِ ٱهۡتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهۡتَدِي لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيۡهَاۚ وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۗ وَمَا كُنَّا مُعَذِّبِينَ حَتَّىٰ نَبۡعَثَ رَسُولٗا
15. Ҳар ки роҳи ҳақро дарёбад сипас он роҳи ҳақро пайравӣ намояд фоидаи он танҳо бар худи ӯ мерасад ва ҳар ки аз роҳи ҳақ гумроҳ гардад ва роҳи залолатро пайравӣ намояд, зиёни он танҳо бар худи ӯ бозмегардад ва ҳеҷ кас бори гуноҳони дигареро бар худ набардорад ва Мо ҳеҷ қавмеро азоб намекунем то он гоҳ, ки паёмбаре бифиристем.[1445]
[1445] Тафсири Табари 17\402
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَإِذَآ أَرَدۡنَآ أَن نُّهۡلِكَ قَرۡيَةً أَمَرۡنَا مُتۡرَفِيهَا فَفَسَقُواْ فِيهَا فَحَقَّ عَلَيۡهَا ٱلۡقَوۡلُ فَدَمَّرۡنَٰهَا تَدۡمِيرٗا
16. Чун бихоҳем деҳаеро ҳалок кунем, ба саркашони он ҷо мефармоем, то дар он ҷо нофармонӣ кунанд, ва он гоҳ азоб бар онҳо воҷиб гардад ва он деҳаро нобуд созем.
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
وَكَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِنَ ٱلۡقُرُونِ مِنۢ بَعۡدِ نُوحٖۗ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ بِذُنُوبِ عِبَادِهِۦ خَبِيرَۢا بَصِيرٗا
17. Баъд аз Нӯҳ чи бисёр мардумеро, ки имон наоварданд ҳалок кардем. Ва басандааст, ки Парвардигори ту, аз гуноҳони бандагонаш огоҳ ва ба онҳо биност.[1446]
[1446] Тафсири Бағавӣ 5\84
ߊߙߊߓߎߞߊ߲ߡߊ ߞߘߐߦߌߘߊ ߟߎ߬:
 
ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌ߬ߘߊ߬ߟߌ ߝߐߘߊ ߘߏ߫: ߛߎߘߐߛߣߍߡߊ
ߝߐߘߊ ߟߎ߫ ߦߌ߬ߘߊ߬ߥߟߊ ߞߐߜߍ ߝߙߍߕߍ
 
ߞߎ߬ߙߣߊ߬ ߞߟߊߒߞߋ ߞߘߐ ߟߎ߬ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߕ߭ߊ߯ߖߞߌߞߊ߲ ߘߟߊߡߌߘߊ - ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫ - ߘߟߊߡߌߘߊ ߟߎ߫ ߦߌ߬ߘߊ߬ߥߟߊ

ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌߙߐ߯ߝ߭ ߞ߭ߏ߯ߖߊ߫ ߡߌ߯ߙ ߓߟߏ߫. ߊ߬ ߛߊߞߍ߫ ߘߊ߫ ߙߎ߬ߥߊ߯ߘߎ߫ ߘߟߊߡߌߘߊ ߝߊ߲ߓߊ ߟߊ߫ ߞߎ߲߬ߠߊ߬ߛߌ߰ߟߌ ߟߋ߫ ߞߐ߬ߣߐߡߊ߬߸ ߘߟߊߡߌߘߊ ߓߊߖߏߣߊ ߦߋ߫ ߓߟߏߞߘߐ߫ ߖߌ߲ߞߌ߲߫ ߞߊߡߵߊ߬ ߡߊ߬ ߡߙߌߣߊ߲ߦߌߘߊ ߘߐ߫ ߊ߬ ߞߊ߲߬߸

ߘߊߕߎ߲߯ߠߌ߲