Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക


പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: സ്സജദഃ   ആയത്ത്:
وَلَنُذِيقَنَّهُم مِّنَ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡأَدۡنَىٰ دُونَ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡأَكۡبَرِ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ
21. Ва албатта, бичашонем фосиқонро аз азоби наздики ин дунё; (монанди офат, бало ва дигар мусибатҳо), пеш аз азоби бузурги охират, шояд онҳо аз гуноҳони худ тавба карда баргарданд![2020]
[2020] Тафсири Саъдӣ 1\656
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِۦ ثُمَّ أَعۡرَضَ عَنۡهَآۚ إِنَّا مِنَ ٱلۡمُجۡرِمِينَ مُنتَقِمُونَ
22. Кист ситамкортар аз он касе, ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд диҳанд, сипас аз ҳамаи онҳо рӯй гардонад? Мо, ҳароина, аз гунаҳкорон интиқом мегирем!
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَلَا تَكُن فِي مِرۡيَةٖ مِّن لِّقَآئِهِۦۖ وَجَعَلۡنَٰهُ هُدٗى لِّبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ
23. Дар ҳақиқат ба Мӯсо китоб додем, чунон ки ба ту эй Расул Қуръонро додем. Пас аз дидори Мӯсо дар шаби Исро ва Меъроҷ дар шубҳа мабош. Ва онро роҳнамои бани Исроил қарор додем.[2021]
[2021] Тафсири Табарӣ 20\193
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَجَعَلۡنَا مِنۡهُمۡ أَئِمَّةٗ يَهۡدُونَ بِأَمۡرِنَا لَمَّا صَبَرُواْۖ وَكَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يُوقِنُونَ
24. Ва аз фарзандони Исроил пешвоёне қарор додем, ки ба фармони Мо мардумро ҳидоят мекарданд ва онҳоро ба ибодати Аллоҳ даъват мекарданд ва чун сабр пеша карданд бар душвориҳои даъват ва ҳидояти мардум ва ба оёти Мо, яқин доштанд.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
إِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَفۡصِلُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ
25. Албатта, Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ кофирон ва мӯъминон ихтилоф мекарданд, миёнашон бо адл доварӣ мекунад ва ҳар киро ҷазои муносиб хоҳад дод.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
أَوَلَمۡ يَهۡدِ لَهُمۡ كَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِن قَبۡلِهِم مِّنَ ٱلۡقُرُونِ يَمۡشُونَ فِي مَسَٰكِنِهِمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٍۚ أَفَلَا يَسۡمَعُونَ
26. Оё барои кофирони Макка равшан нашудааст, ки пеш аз онҳо чи қадар аз наслҳоро нобуд кардем ва инҳо дар сафарҳои худ аз диёрҳои қавми Ҳуд, Солеҳ ва Лут мегузаранд ва он вайронаҳоро мушоҳида мекунанд ва дар хонаву ҷои онҳо роҳ мераванд. Бегумон дар ин нишонаҳоест бар ҳақиқат будани паёмбарон, оё намешунаванд ин оятҳоро, то аз онҳо панд пазиранд.[2022]
[2022]Тафсири Табарӣ 30\ 196
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّا نَسُوقُ ٱلۡمَآءَ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ ٱلۡجُرُزِ فَنُخۡرِجُ بِهِۦ زَرۡعٗا تَأۡكُلُ مِنۡهُ أَنۡعَٰمُهُمۡ وَأَنفُسُهُمۡۚ أَفَلَا يُبۡصِرُونَ
27. Оё надидаанд, дурӯғшуморандагони рузӣ қиёмат, ки ҳароина, Мо обро ба замини хушку бегиёҳ равона месозем, то киштзорҳо бирӯёнем чорпоёнашон ва худашон аз он бихӯранд? Оё ин неъматҳоро бо чашмони худ намебинанд? Пас бидонанд, ки Аллоҳ таъоло ин гуна чизҳоеро, ки падид овард, албатта бар зинда гардондани мурдаҳо қодир аст.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡفَتۡحُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
28. Мушрикон ба азоби Аллоҳ шитобида ва мегӯянд: Агар рост мегӯед ва даъво мекунед, ки мо ба азоб гирифтор хоҳем шуд, пас пирӯзӣ[2023] чӣ вақт хоҳад буд?[2024]
[2023] Омадани азоб
[2024]Тафсири Саъдӣ 1\657
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
قُلۡ يَوۡمَ ٱلۡفَتۡحِ لَا يَنفَعُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِيمَٰنُهُمۡ وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ
29. Бигӯ эй Расул: Дар рӯзи пирӯзӣ имон овардани кофирон судашон надиҳад, зеро имонашон, имони ночорӣ аст ва ба онҳо мӯҳлат дода нашавад, то аз гуноҳҳои гузаштаи худ тавба кунанд[2025].
[2025]Тафсири Саъдӣ 1\657
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
فَأَعۡرِضۡ عَنۡهُمۡ وَٱنتَظِرۡ إِنَّهُم مُّنتَظِرُونَ
30. Пас, эй Расули Мо аз мушрикон рӯй гардон ва мунтазир бош, ки онҳо ба азоб гирифтор хоҳанд шуд ва низ онҳо дар интизоранд, ки ту дар азобе мубтало шавӣ.[2026]
[2026]Тафсири ибни Касир 6\374
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: സ്സജദഃ
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ വിവർത്തനം. റുവാദൂത്തർജമ മർകസിൻ്റെ മേൽനോട്ടത്തിലാണ് ഇത് വികസിപ്പിച്ചെടുത്തത്. അഭിപ്രായങ്ങൾ പ്രകടിപ്പിക്കുന്നതിനും വിലയിരുത്തുന്നതിനും തുടർച്ചയായ പുരോഗമനത്തിനും വേണ്ടി വിവർത്തനത്തിൻ്റെ അവലംബം അവലോകനത്തിന് ലഭ്യമാണ്.

അടക്കുക