Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക


പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ഹജ്ജ്   ആയത്ത്:
وَكَذَٰلِكَ أَنزَلۡنَٰهُ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖ وَأَنَّ ٱللَّهَ يَهۡدِي مَن يُرِيدُ
16.Ва ин гуна Қуръонро ба сурати оёти равшан нозил кардем. Ва аммо ҳидоят дар дасти Аллоҳ аст, Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад.[1686]
[1686] Тафсири Саъдӣ 1\535
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱلَّذِينَ هَادُواْ وَٱلصَّٰبِـِٔينَ وَٱلنَّصَٰرَىٰ وَٱلۡمَجُوسَ وَٱلَّذِينَ أَشۡرَكُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡصِلُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ
17.Аллоҳ миёни онон, ки имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд ва онон, ки дини яҳуд ё собиён[1687] ё насоро ё маҷусиятро (оташпарастӣ) баргузидаанд ва онон, ки мушрик шудаанд, дар рӯзи қиёмат ҳукм мекунад ва мӯъминонро ба ҷаннат ва кофиронро ба дӯзах медарорад. Бегумон Аллоҳ бар ҳама чиз огоҳ аст! Ва ҳар якро мувофиқи аъмолаш ҷазои муносиб медиҳад[1688]
[1687] Онҳо қавмеанд, ки бар фитраташон боқӣ монданд ва дини муқарраре надоранд, ки ба он пайравӣ намоянд.
[1688]Тафсири Ибни Касир 5\402
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يَسۡجُدُۤ لَهُۥۤ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ وَٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ وَٱلنُّجُومُ وَٱلۡجِبَالُ وَٱلشَّجَرُ وَٱلدَّوَآبُّ وَكَثِيرٞ مِّنَ ٱلنَّاسِۖ وَكَثِيرٌ حَقَّ عَلَيۡهِ ٱلۡعَذَابُۗ وَمَن يُهِنِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن مُّكۡرِمٍۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡعَلُ مَا يَشَآءُ۩
18.Оё надидаӣ, эй Паёмбар тамоми касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд ва офтобу моҳ ва ситорагону кӯҳҳо ва дарахтону чаҳорпоён ва бисёре аз мардум Аллоҳро саҷда мекунанд Ва бисёр касон ҳастанд, ки азоб бар онҳо муқаррар шудааст ва ҳар киро Аллоҳ хор созад, гиромидорандае надорад. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ ҳар чӣ бихоҳад, ҳамон мекунад.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
۞ هَٰذَانِ خَصۡمَانِ ٱخۡتَصَمُواْ فِي رَبِّهِمۡۖ فَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ قُطِّعَتۡ لَهُمۡ ثِيَابٞ مِّن نَّارٖ يُصَبُّ مِن فَوۡقِ رُءُوسِهِمُ ٱلۡحَمِيمُ
19.Ин ду гурӯҳ: (аҳли имон ва аҳли куфр) душманони якдигаранд дар бораи Парвардигорашон ба хусумат бархостаанд. Ҳар яке худро ҳақ медонад. Пас, онон, ки кофир шуданд, барояшон ҷомаҳое аз оташ бурида шудааст, ки ҷасадҳояшонро бирён мекунад ва аз боло бар сарашон оби ҷӯшон мерезанд.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
يُصۡهَرُ بِهِۦ مَا فِي بُطُونِهِمۡ وَٱلۡجُلُودُ
20. Ба он оби ҷӯшон ҳар чӣ дар даруни шикам доранд ва низ пӯстҳояшон гудохта мешавад.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَلَهُم مَّقَٰمِعُ مِنۡ حَدِيدٖ
21.Ва барои азоб додани онҳогурзҳои оҳанин муҳайё аст.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
كُلَّمَآ أَرَادُوٓاْ أَن يَخۡرُجُواْ مِنۡهَا مِنۡ غَمٍّ أُعِيدُواْ فِيهَا وَذُوقُواْ عَذَابَ ٱلۡحَرِيقِ
22.Ҳар гоҳ, ки бихоҳанд аз он азоб, аз он андӯҳ берун оянд, бори дигар ононро ба он бозгардонда мешаванд. Ва ба онон гуфта мешавад; ки бичашед азоби оташи сӯзонро.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
إِنَّ ٱللَّهَ يُدۡخِلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ يُحَلَّوۡنَ فِيهَا مِنۡ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٖ وَلُؤۡلُؤٗاۖ وَلِبَاسُهُمۡ فِيهَا حَرِيرٞ
23.Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар зери он ҷӯйҳо меравад, дохил месозад. Дар он ҷо бо дастбандҳое аз тиллову марворид ороста шаванд ва либосашон дар он ҷо аз ҳарир (абрешим) аст.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ഹജ്ജ്
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ വിവർത്തനം. റുവാദൂത്തർജമ മർകസിൻ്റെ മേൽനോട്ടത്തിലാണ് ഇത് വികസിപ്പിച്ചെടുത്തത്. അഭിപ്രായങ്ങൾ പ്രകടിപ്പിക്കുന്നതിനും വിലയിരുത്തുന്നതിനും തുടർച്ചയായ പുരോഗമനത്തിനും വേണ്ടി വിവർത്തനത്തിൻ്റെ അവലംബം അവലോകനത്തിന് ലഭ്യമാണ്.

അടക്കുക