Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക


പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: മർയം   ആയത്ത്:
فَكُلِي وَٱشۡرَبِي وَقَرِّي عَيۡنٗاۖ فَإِمَّا تَرَيِنَّ مِنَ ٱلۡبَشَرِ أَحَدٗا فَقُولِيٓ إِنِّي نَذَرۡتُ لِلرَّحۡمَٰنِ صَوۡمٗا فَلَنۡ أُكَلِّمَ ٱلۡيَوۡمَ إِنسِيّٗا
26. Пас, бихӯру биёшом ва шодмон бош ва агар аз одамиён касеро дидӣ, бигӯй: «Барои Аллоҳи меҳрубон рӯза назр кардаам ва имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан намегӯям»[1552].
[1552] Сукут ҳамчунон рӯза дар шариъати онҳо ибодат буд, аммо дар шариъати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ибодат нест.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
فَأَتَتۡ بِهِۦ قَوۡمَهَا تَحۡمِلُهُۥۖ قَالُواْ يَٰمَرۡيَمُ لَقَدۡ جِئۡتِ شَيۡـٔٗا فَرِيّٗا
27. Онгоҳ кӯдакро бардошт ва назди қавми худ овард. Гуфтанд: Эй Марям, ба ростӣ, аҷаб гуноҳи зиште кардаӣ .
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
يَٰٓأُخۡتَ هَٰرُونَ مَا كَانَ أَبُوكِ ٱمۡرَأَ سَوۡءٖ وَمَا كَانَتۡ أُمُّكِ بَغِيّٗا
28. Эй хоҳари Ҳорун, на падарат марди баде буду на модарат бадкора буд.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
فَأَشَارَتۡ إِلَيۡهِۖ قَالُواْ كَيۡفَ نُكَلِّمُ مَن كَانَ فِي ٱلۡمَهۡدِ صَبِيّٗا
29. Пас Марямба тифли худ ишора кард, то аз тифл бипурсанд. Гуфтанд: «Чӣ гуна бо кӯдаке, ки дар гаҳвора аст, сухан бигӯем?».
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
قَالَ إِنِّي عَبۡدُ ٱللَّهِ ءَاتَىٰنِيَ ٱلۡكِتَٰبَ وَجَعَلَنِي نَبِيّٗا
30. Исо гуфт: «Ман бандаи Аллоҳам, ба ман китоб (Инҷил) дода ва маро паёмбар гардонидааст.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَجَعَلَنِي مُبَارَكًا أَيۡنَ مَا كُنتُ وَأَوۡصَٰنِي بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱلزَّكَوٰةِ مَا دُمۡتُ حَيّٗا
31. Ва ҳар ҷо, ки бошам, маро баракат ва хубӣ додааст ва маро ба хондани намоз ва додани закот, то вақте ки зинда бошам, супориш кардааст.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَبَرَّۢا بِوَٰلِدَتِي وَلَمۡ يَجۡعَلۡنِي جَبَّارٗا شَقِيّٗا
32. Ва низ некӣ кардан ба модарамро супориш намуд. Ва маро гарданкашу бадрафтор қарор надодааст.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَٱلسَّلَٰمُ عَلَيَّ يَوۡمَ وُلِدتُّ وَيَوۡمَ أَمُوتُ وَيَوۡمَ أُبۡعَثُ حَيّٗا
33. Ва салом ва осоиштагӣ аз ҷониби Аллоҳ бар ман, рӯзе, ки зода шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки дигар бор зинда карда мешавам!
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
ذَٰلِكَ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَۖ قَوۡلَ ٱلۡحَقِّ ٱلَّذِي فِيهِ يَمۡتَرُونَ
34. Ин аст эйПаёмбар қиссаи Исо ибни Марям ва сухани ҳақ, ҳамоно ки дар бораи ӯ (яҳуд ва насоро) дар шакку шубҳа буданд.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
مَا كَانَ لِلَّهِ أَن يَتَّخِذَ مِن وَلَدٖۖ سُبۡحَٰنَهُۥٓۚ إِذَا قَضَىٰٓ أَمۡرٗا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ
35. Насазад Аллоҳро, ки фарзанде баргирад. Ӯ пок аст аз ин тӯҳматҳои нораво. Чун иродаи коре кунад, ҳамоно мегӯяд: «Мавҷуд шав!» Пас мавҷуд мешавад.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَإِنَّ ٱللَّهَ رَبِّي وَرَبُّكُمۡ فَٱعۡبُدُوهُۚ هَٰذَا صِرَٰطٞ مُّسۡتَقِيمٞ
36. (Исо алайҳиссалом бар қавмаш гуфт): Ва ҳамоно Аллоҳ Парвардигори ману Парвардигори шумост, пас Ӯро бипарастед, ки роҳи рост, ин аст!
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
فَٱخۡتَلَفَ ٱلۡأَحۡزَابُ مِنۢ بَيۡنِهِمۡۖ فَوَيۡلٞ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ مِن مَّشۡهَدِ يَوۡمٍ عَظِيمٍ
37. Пас ихтилоф намуданд ҷамоъатҳои яҳуду насоро, дар боби Исо алайҳиссалом[1553], пас вой бар касоне, ки кофир шуданд аз мушоҳидаи рӯзи бузург (қиёмат).
[1553] Насрониҳо дар бораи Исо алайҳиссалом ба се гӯруҳ тақсим шудаанд: Гурӯҳи аввал, Исоро Аллоҳ мешуморанд. Гурӯҳи дуюм, Исоро фарзанди Аллоҳ мешуморанд. Гурӯҳи сеюм, Исоро сеяки се мешуморанд. Яҳудиҳо Исо алайҳиссаломро тӯҳмат карда мегӯянд : Исо ҷодугар ва валаду зино аст. Албатта Аллоҳ аз ҳама гуфтаҳои онон пок каст. Тафсири Саъдӣ 1/ 493
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
أَسۡمِعۡ بِهِمۡ وَأَبۡصِرۡ يَوۡمَ يَأۡتُونَنَا لَٰكِنِ ٱلظَّٰلِمُونَ ٱلۡيَوۡمَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ
38. Чӣқадар хуб шунаво бошанд ва чӣқадар хуб бино бошанд, он рӯз, ки назди Мо меоянд, аммо ситамкорон имрӯз дар гумроҳии ошкоре ҳастанд.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: മർയം
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ വിവർത്തനം. റുവാദൂത്തർജമ മർകസിൻ്റെ മേൽനോട്ടത്തിലാണ് ഇത് വികസിപ്പിച്ചെടുത്തത്. അഭിപ്രായങ്ങൾ പ്രകടിപ്പിക്കുന്നതിനും വിലയിരുത്തുന്നതിനും തുടർച്ചയായ പുരോഗമനത്തിനും വേണ്ടി വിവർത്തനത്തിൻ്റെ അവലംബം അവലോകനത്തിന് ലഭ്യമാണ്.

അടക്കുക