Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക


പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ഇസ്റാഅ്   ആയത്ത്:
مَّن كَانَ يُرِيدُ ٱلۡعَاجِلَةَ عَجَّلۡنَا لَهُۥ فِيهَا مَا نَشَآءُ لِمَن نُّرِيدُ ثُمَّ جَعَلۡنَا لَهُۥ جَهَنَّمَ يَصۡلَىٰهَا مَذۡمُومٗا مَّدۡحُورٗا
18.Ҳар кас, ки хоҳони ин ҷаҳони тезгузар бошад ва умед ба охират надошта бошад дар он ҳар чиро бихоҳем зуд ба ӯ медиҳем, сипас он гоҳ дар охират ҷаҳаннамро ҷойгоҳи ӯ созем, то сарзанишшуда (аз тарафи Аллоҳ, фариштагон ва мардум) ва рондашуда (аз раҳмати Аллоҳ) ба он дарафтад.[1447]
[1447] Тафсири Саъдӣ 1\455
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَمَنۡ أَرَادَ ٱلۡأٓخِرَةَ وَسَعَىٰ لَهَا سَعۡيَهَا وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَأُوْلَٰٓئِكَ كَانَ سَعۡيُهُم مَّشۡكُورٗا
19. Ва ҳар кӣ хоҳони савоби охират бошад ва дар талаби он талош кунад ва мӯъмин бошад, пас онҳо касонеанд, ки мавриди сипос ва тақдир қарор мегиранд.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
كُلّٗا نُّمِدُّ هَٰٓؤُلَآءِ وَهَٰٓؤُلَآءِ مِنۡ عَطَآءِ رَبِّكَۚ وَمَا كَانَ عَطَآءُ رَبِّكَ مَحۡظُورًا
20. Ҳамаро: чи он гурӯҳро, ки охиратро талаб доранд ва чи ин гурӯҳро, ки дунёро талаб доранд аз атои Парвардигорат пай дар пай хоҳем дод, зеро атои Парвардигорат ҳаргиз аз касе мамнӯъ нагаштааст.[1448]
[1448] Тафсири Саъдӣ 1\455
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
ٱنظُرۡ كَيۡفَ فَضَّلۡنَا بَعۡضَهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖۚ وَلَلۡأٓخِرَةُ أَكۡبَرُ دَرَجَٰتٖ وَأَكۡبَرُ تَفۡضِيلٗا
21. Бингар, ки чӣ гуна баъзеҳояшонро дар дунё ба фарохии ризқ ва камиаш ва осонию душворӣ ва донову нодонӣ ва дигар чизҳо бар баъзе дигар бартарӣ ниҳодаем ва бегумон дараҷоти охират афзунтар ва бузургтар аст.[1449]
[1449] Тафсири Саъдӣ 1\455
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
لَّا تَجۡعَلۡ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتَقۡعُدَ مَذۡمُومٗا مَّخۡذُولٗا
22. Бо Аллоҳи барҳақ маъбуди дигареро қарор мадеҳ, ки он гоҳ ба шарик оварданат дар мазаммату хорӣ ва бе ёвар хоҳӣ монд.[1450]
[1450]Тафсири ибни Касир 5\64
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
۞ وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنًاۚ إِمَّا يَبۡلُغَنَّ عِندَكَ ٱلۡكِبَرَ أَحَدُهُمَآ أَوۡ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَآ أُفّٖ وَلَا تَنۡهَرۡهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوۡلٗا كَرِيمٗا
23. Парвардигорат фармон додааст, (эй инсон) ки ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед (алалхусус дар синни пиронсолиашон). Агар яке аз онҳо ё ҳардуи онҳо дар назди ту ба синни пирӣ расанд ба онон уф магӯ ва ба сари онҳо фарёд мазан ва бо эҳтиромона ба онон сухан бигӯ.[1451]
[1451] Тафсири Саъдӣ 1\456
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَٱخۡفِضۡ لَهُمَا جَنَاحَ ٱلذُّلِّ مِنَ ٱلرَّحۡمَةِ وَقُل رَّبِّ ٱرۡحَمۡهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرٗا
24. Дар баробарашон аз рӯи меҳрубонӣ бозуи хоксориро паст кун (на аз рӯи тарс ва на аз барои умедвории онҳо) ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ҳамчунон ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овар» (ҳам дар ҳаёт ва ҳам баъд аз ҳаёташон).[1452]
[1452] Тафсири Саъдӣ 1\456
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
رَّبُّكُمۡ أَعۡلَمُ بِمَا فِي نُفُوسِكُمۡۚ إِن تَكُونُواْ صَٰلِحِينَ فَإِنَّهُۥ كَانَ لِلۡأَوَّٰبِينَ غَفُورٗا
25. Эй мардум, Парвардигоратон аз ҳар каси дигар ба он чи дар дилҳоятон мегузарад, аз некӯи ба падару модар ва нофармониашон донотар аст ва агар аз солеҳон ва фармонбардорони ҳуқуқи падару модар бошед, пас Ӯ ҳамеша тавбакунандагонро бахшандааст.[1453]
[1453] Тафсири Бағавӣ 5\88
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَءَاتِ ذَا ٱلۡقُرۡبَىٰ حَقَّهُۥ وَٱلۡمِسۡكِينَ وَٱبۡنَ ٱلسَّبِيلِ وَلَا تُبَذِّرۡ تَبۡذِيرًا
26. Ҳаққи хешованду мискин ва дар роҳмондаро адо кун ва ҳаргиз исрофкорӣ макун дар нафақа кардан, балки миёна бош![1454].
[1454] Тафсири ибни Касир 5\69
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
إِنَّ ٱلۡمُبَذِّرِينَ كَانُوٓاْ إِخۡوَٰنَ ٱلشَّيَٰطِينِۖ وَكَانَ ٱلشَّيۡطَٰنُ لِرَبِّهِۦ كَفُورٗا
27. Бегумон исрофкорон бародарони шайтонанд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш носипос буд.
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ഇസ്റാഅ്
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജികി വിവർത്തനം - ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

ഖോജ മഹ്രൂഫ് ഖോജ മീർ വിവർത്തനം. റുവാദൂത്തർജമ മർകസിൻ്റെ മേൽനോട്ടത്തിലാണ് ഇത് വികസിപ്പിച്ചെടുത്തത്. അഭിപ്രായങ്ങൾ പ്രകടിപ്പിക്കുന്നതിനും വിലയിരുത്തുന്നതിനും തുടർച്ചയായ പുരോഗമനത്തിനും വേണ്ടി വിവർത്തനത്തിൻ്റെ അവലംബം അവലോകനത്തിന് ലഭ്യമാണ്.

അടക്കുക