Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

PDF XML CSV Excel API
Please review the Terms and Policies

പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ത്തഹ്രീം   ആയത്ത്:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ تُوبُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ تَوۡبَةٗ نَّصُوحًا عَسَىٰ رَبُّكُمۡ أَن يُكَفِّرَ عَنكُمۡ سَيِّـَٔاتِكُمۡ وَيُدۡخِلَكُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ يَوۡمَ لَا يُخۡزِي ٱللَّهُ ٱلنَّبِيَّ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَعَهُۥۖ نُورُهُمۡ يَسۡعَىٰ بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَبِأَيۡمَٰنِهِمۡ يَقُولُونَ رَبَّنَآ أَتۡمِمۡ لَنَا نُورَنَا وَٱغۡفِرۡ لَنَآۖ إِنَّكَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
Эй касоне, ки имон овардаед, ба сӯйи Аллоҳ таоло тавба кунед, тавбае холисона. Умед аст Парвардигоратон гуноҳонатонро аз шумо бизудояд ва шуморо ба боғҳое [аз биҳишт] ворид кунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Дар рӯзе ки Аллоҳ таоло Паёмбар ва касонеро ки ҳамроҳи ӯ эмон овардаанд хор намекунад. Нурашон пешопеши онон ба самти росташон дар ҳаракат аст, мегӯянд: «Парвардигоро, нури моро ба тамом [ва камол] бирасон ва моро биёмурз. Бе гумон, Ту бар ҳар чиз тавоноӣ».
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ جَٰهِدِ ٱلۡكُفَّارَ وَٱلۡمُنَٰفِقِينَ وَٱغۡلُظۡ عَلَيۡهِمۡۚ وَمَأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ
Эй Паёмбар, бо кофирону мунофиқон ҷиҳод кун ва бар онҳо сахт бигир ва ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст; ва чи бад ҷойгоҳе аст!
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱمۡرَأَتَ نُوحٖ وَٱمۡرَأَتَ لُوطٖۖ كَانَتَا تَحۡتَ عَبۡدَيۡنِ مِنۡ عِبَادِنَا صَٰلِحَيۡنِ فَخَانَتَاهُمَا فَلَمۡ يُغۡنِيَا عَنۡهُمَا مِنَ ٱللَّهِ شَيۡـٔٗا وَقِيلَ ٱدۡخُلَا ٱلنَّارَ مَعَ ٱلدَّٰخِلِينَ
Аллоҳ таоло барои касоне, ки кофир шудаанд, ҳамсари Нуҳ ва ҳамсари Лутро масал задааст, ки он ду дар никоҳи ду тан аз бандагони солеҳи Мо буданд, пас, ба он ду хиёнат карданд ва [он ду бандаи солеҳ] натавонистанд, чизе аз [азоби] Аллоҳро аз он ду [зан] дафъ кунанд ва [ба онҳо] гуфта шуд: «Ҳамроҳи воридшавандагони ба оташи [ҷаҳаннам шумо низ] ворид шавед»
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱمۡرَأَتَ فِرۡعَوۡنَ إِذۡ قَالَتۡ رَبِّ ٱبۡنِ لِي عِندَكَ بَيۡتٗا فِي ٱلۡجَنَّةِ وَنَجِّنِي مِن فِرۡعَوۡنَ وَعَمَلِهِۦ وَنَجِّنِي مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلظَّٰلِمِينَ
Аллоҳ таоло барои касоне, ки имон овардаанд, ҳамсари Фиръавн [Осия]-ро масал задааст, ҳангоме ки гуфт: «Парвардигоро, хонае бароям назди худ дар биҳишт бисоз ва маро аз Фиръавн ва кирдораш наҷот бидеҳ ва маро аз қавми ситамгар раҳоӣ бахш»
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَمَرۡيَمَ ٱبۡنَتَ عِمۡرَٰنَ ٱلَّتِيٓ أَحۡصَنَتۡ فَرۡجَهَا فَنَفَخۡنَا فِيهِ مِن رُّوحِنَا وَصَدَّقَتۡ بِكَلِمَٰتِ رَبِّهَا وَكُتُبِهِۦ وَكَانَتۡ مِنَ ٱلۡقَٰنِتِينَ
Ва [низ] Марям – духтари Имрон – ро [масал задааст], ки шармгоҳи хешро [пок] нигаҳ дошт, пас, Мо аз рӯҳи худ дар он дамидем ва [ӯ] калимоти Парвардигораш ва китобҳои Ӯро тасдиқ кард ва аз фармонбардорон буд
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ത്തഹ്രീം
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

റബ്‌വ ഇസ്‌ലാമിക് ദഅ്വാ ആൻഡ് ഗൈഡൻസ് സെൻററിൻ്റെയും കോൺടെന്റ് ഇൻ ലാംഗ്വേജസ് സർവീസ് അസോസിയേഷൻ്റെയും സഹകരണത്തോടെ മർകസ് റുവാദ് തർജമ വിഭാഗം വിവർത്തനം ചെയ്തത്.

അടക്കുക