Check out the new design

വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ * - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

PDF XML CSV Excel API
Please review the Terms and Policies

പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ശ്ശൂറാ   ആയത്ത്:
وَمِنۡ ءَايَٰتِهِ ٱلۡجَوَارِ فِي ٱلۡبَحۡرِ كَٱلۡأَعۡلَٰمِ
Аз нишонаҳои [тавону тадбири] илоҳӣ, киштиҳои кӯҳпайкарест, ки дар дарёҳо равонанд
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
إِن يَشَأۡ يُسۡكِنِ ٱلرِّيحَ فَيَظۡلَلۡنَ رَوَاكِدَ عَلَىٰ ظَهۡرِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّكُلِّ صَبَّارٖ شَكُورٍ
Агар Аллоҳ таоло бихоҳад, бодро сокин мегардонад, то [киштиҳо] бар паҳнаи дарё беҳаракат бимонанд. Ба ростӣ, дар ин [амр] барои ҳар шикебои сипосгузор нишонаҳоест
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
أَوۡ يُوبِقۡهُنَّ بِمَا كَسَبُواْ وَيَعۡفُ عَن كَثِيرٖ
Ё [агар бихоҳад сарнишинони] он киштиҳоро ба кайфари аъмолашон нобуд месозад, дар ҳоле ки Ӯ аз бисёре [аз гуноҳон] гузашт мекунад
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَيَعۡلَمَ ٱلَّذِينَ يُجَٰدِلُونَ فِيٓ ءَايَٰتِنَا مَا لَهُم مِّن مَّحِيصٖ
[То муҷиби ибрат бошад] Ва касоне, ки дар мавриди оёти Мо ба муҷодала бармехезанд, бидонанд, ки [агар азоби илоҳӣ фаро расад] роҳи гурезе нахоҳанд дошт
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
فَمَآ أُوتِيتُم مِّن شَيۡءٖ فَمَتَٰعُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۚ وَمَا عِندَ ٱللَّهِ خَيۡرٞ وَأَبۡقَىٰ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ
[Эй мардум] Он чи ба шумо дода шудааст, неъматҳои [гузарои] дунёст ва он чи назди Аллоҳ таоло аст, барои муъминоне, ки бар Парвардигорашон таваккал мекунанд, беҳтар ва пояндтар аст
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَٱلَّذِينَ يَجۡتَنِبُونَ كَبَٰٓئِرَ ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡفَوَٰحِشَ وَإِذَا مَا غَضِبُواْ هُمۡ يَغۡفِرُونَ
Ва [низ барои] онон, ки аз гуноҳони бузургу бешармиҳо канора мегиранд ва онгоҳ, ки хашмгин мешаванд, гузашт мекунанд
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَٱلَّذِينَ ٱسۡتَجَابُواْ لِرَبِّهِمۡ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَمۡرُهُمۡ شُورَىٰ بَيۡنَهُمۡ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ
Ва онон, ки [даъвати] Парвардигорашонро пазиро мешаванд ва намоз барпо медоранд ва умурашон дар миёнашон ба машварат ниҳода мешавад ва аз он чи рӯзияшон кардаем, инфоқ мекунанд
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَٱلَّذِينَ إِذَآ أَصَابَهُمُ ٱلۡبَغۡيُ هُمۡ يَنتَصِرُونَ
Ва касоне, ки ҳар гоҳ ситаме ба онон бирасад, [ба дифоъ ва] интиқом бармехезанд
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَجَزَٰٓؤُاْ سَيِّئَةٖ سَيِّئَةٞ مِّثۡلُهَاۖ فَمَنۡ عَفَا وَأَصۡلَحَ فَأَجۡرُهُۥ عَلَى ٱللَّهِۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلظَّٰلِمِينَ
Ва ҷазои ҳар бадӣ кайфаре ҳаммонанди он бадӣ аст [на бештар], пас, ҳар ки гузашт кунад ва корро ба ислоҳ [ва оштӣ] оварад, подошаш бар уҳдаи Аллоҳ таоло аст. Бе гумон, Ӯ ситамгоронро дӯст намедорад
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَلَمَنِ ٱنتَصَرَ بَعۡدَ ظُلۡمِهِۦ فَأُوْلَٰٓئِكَ مَا عَلَيۡهِم مِّن سَبِيلٍ
Албатта, касоне, ки пас аз ситаме, ки дидаанд, интиқом мегиранд, ҳеҷ [бозхосту] сарзанише бар онон нест
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
إِنَّمَا ٱلسَّبِيلُ عَلَى ٱلَّذِينَ يَظۡلِمُونَ ٱلنَّاسَ وَيَبۡغُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّۚ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
Роҳи [бозхосту] сарзаниш танҳо бар ситамгороне кушода аст, ки ба ноҳақ дар замин бартариҷӯӣ мекунанд. Онон азоби дарднок [дар пеш] доранд
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَلَمَن صَبَرَ وَغَفَرَ إِنَّ ذَٰلِكَ لَمِنۡ عَزۡمِ ٱلۡأُمُورِ
Аммо ҳар ки шикебоӣ ва гузашт кунад, нишон аз қудрати ирода [-и Ӯ] дорад
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
وَمَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن وَلِيّٖ مِّنۢ بَعۡدِهِۦۗ وَتَرَى ٱلظَّٰلِمِينَ لَمَّا رَأَوُاْ ٱلۡعَذَابَ يَقُولُونَ هَلۡ إِلَىٰ مَرَدّٖ مِّن سَبِيلٖ
Ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, пас, аз Аллоҳ таоло ҳеҷ [ёвару] корсозе нахоҳад дошт ва [дар рӯзи қиёмат] ситамгоронро мебинӣ, ки чун азобро мушоҳида кунанд, мегӯянд: «Оё роҳи бозгаште [ба дунё] ҳаст?»
അറബി ഖുർആൻ വിവരണങ്ങൾ:
 
പരിഭാഷ അദ്ധ്യായം: ശ്ശൂറാ
സൂറത്തുകളുടെ സൂചിക പേജ് നമ്പർ
 
വിശുദ്ധ ഖുർആൻ പരിഭാഷ - താജീകീ വിവർത്തനം - റുവ്വാദ് തർജമ സെന്റർ - വിവർത്തനങ്ങളുടെ സൂചിക

റബ്‌വ ഇസ്‌ലാമിക് ദഅ്വാ ആൻഡ് ഗൈഡൻസ് സെൻററിൻ്റെയും കോൺടെന്റ് ഇൻ ലാംഗ്വേജസ് സർവീസ് അസോസിയേഷൻ്റെയും സഹകരണത്തോടെ മർകസ് റുവാദ് തർജമ വിഭാഗം വിവർത്തനം ചെയ്തത്.

അടക്കുക