Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាសសហ្វ   អាយ៉ាត់:
وَإِذۡ قَالَ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ يَٰبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ إِنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُم مُّصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيَّ مِنَ ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَمُبَشِّرَۢا بِرَسُولٖ يَأۡتِي مِنۢ بَعۡدِي ٱسۡمُهُۥٓ أَحۡمَدُۖ فَلَمَّا جَآءَهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ قَالُواْ هَٰذَا سِحۡرٞ مُّبِينٞ
6. Ва баён кун ба қавмат эй Паёмбар, ҳангоме, ки Исо писари Марям ба қавмаш гуфт: «Эй бани Исроил, ҳароина, ман паёмбари Аллоҳ фиристодашуда ба сӯи шумо ҳастам. Тавротеро, ки пеш аз ман будааст, тасдиқ мекунам ва ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номаш Аҳмад[2886] аст, хушхабаратон медиҳам». Чун он Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо оёти равшани худ омад, гуфтанд: «Ин чизе, ки овардаӣ ба мо ҷодуи ошкорест!»
[2886] Яъне, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ وَهُوَ يُدۡعَىٰٓ إِلَى ٱلۡإِسۡلَٰمِۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ
7. Кист ситамкортару душмантар аз он кас, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебандад ва дар ибодати Ӯ шариконе меорад, дар ҳоле ки ӯро ба ислом ва ихлос дар ибодати Аллоҳи ягона даъват мекунанд? Ва Аллоҳ гӯруҳи ситамкоронро, ки бар ҷонашон (ба сабаби куфру ширк) ситам карданд, ба сӯи наҷот ҳидоят намекунад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يُرِيدُونَ لِيُطۡفِـُٔواْ نُورَ ٱللَّهِ بِأَفۡوَٰهِهِمۡ وَٱللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِۦ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡكَٰفِرُونَ
8. Мехоҳанд ин золимон нури Илоҳиро (яъне, Қуръонро, ки ба он Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристода шудааст,) бо суханҳои дурӯғинашон ботил созанд. Ва Аллоҳ таъоло комилкунандаи нури ҳақ аст, агарчи кофиронро нохуш ояд.[2887]
[2887] Тафсирӣ Табарӣ 23/360
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
هُوَ ٱلَّذِيٓ أَرۡسَلَ رَسُولَهُۥ بِٱلۡهُدَىٰ وَدِينِ ٱلۡحَقِّ لِيُظۡهِرَهُۥ عَلَى ٱلدِّينِ كُلِّهِۦ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡمُشۡرِكُونَ
9. Ӯ Зотест, ки паёмбари Худро ба ҳидоят[2888] ва дини ҳақ[2889] фиристод, то дини Исломро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро нохуш ояд.
[2888] Қуръон
[2889] Ислом
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ هَلۡ أَدُلُّكُمۡ عَلَىٰ تِجَٰرَةٖ تُنجِيكُم مِّنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ
10. Эй касоне, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаед, оё шуморо ба тиҷорате, ки аз азоби дардовар раҳоиятон диҳад, роҳ бинамоям?
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَتُجَٰهِدُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ بِأَمۡوَٰلِكُمۡ وَأَنفُسِكُمۡۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ
11. Давомат кунед бар имони Аллоҳу паёмбараш ва дар роҳи Аллоҳ барои пирӯзии динаш бо молу ҷони хеш ҷиҳод кунед. Ин барои шумо аз тиҷорати дунё беҳтар аст, агар (фоида ё зарари чизеро ) бидонед.[2890]
[2890] Тафсирӣ Табарӣ 23/ 362
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡ وَيُدۡخِلۡكُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ وَمَسَٰكِنَ طَيِّبَةٗ فِي جَنَّٰتِ عَدۡنٖۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ
12. Эй мӯъминон! Агар иҷро кунед амрҳои Парвардигорро, гуноҳони шуморо меомурзад ва ба биҳиштҳое, ки дар зери дарахтҳояш рӯдҳо ҷорист ва низ хонаҳое хушу покиза дар биҳиштҳои ҷовидон дохил мекунад. Ин пирӯзии бузургест.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَأُخۡرَىٰ تُحِبُّونَهَاۖ نَصۡرٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَفَتۡحٞ قَرِيبٞۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
13. Ва неъмати дигаре, ки (эй мӯъминон) дӯсташ медоред: Нусратест аз ҷониби Аллоҳ ва ба пирӯзии наздик, ки он фатҳи Макка аст. Ва мӯъминонро (эй Паёмбар) хабари хуш деҳ ба пирӯзӣ дар дунё ва ба ҷаннат дар охират.[2891]
[2891] Тафсирӣ Бағавӣ 8/ 110
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُونُوٓاْ أَنصَارَ ٱللَّهِ كَمَا قَالَ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ لِلۡحَوَارِيِّـۧنَ مَنۡ أَنصَارِيٓ إِلَى ٱللَّهِۖ قَالَ ٱلۡحَوَارِيُّونَ نَحۡنُ أَنصَارُ ٱللَّهِۖ فَـَٔامَنَت طَّآئِفَةٞ مِّنۢ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ وَكَفَرَت طَّآئِفَةٞۖ فَأَيَّدۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ عَلَىٰ عَدُوِّهِمۡ فَأَصۡبَحُواْ ظَٰهِرِينَ
14.Эй касоне, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаед, нусратдиҳандагонидини Аллоҳ бошед, ҳамчунон ки ёрони Исо ибни Марям нусратдиҳандагони дини Аллоҳ буданд. Ҳангоме ки Исо ба онҳо гуфт: «Чӣ касоне аз шумо ба ӯҳда мегирад пирӯзӣ ва кӯмаки маро, ки дар он наздикӣ ба Аллоҳ аст?» Ҳавориён гуфтанд: « Мо нусратдиҳандагони дини Аллоҳ ҳастем. Пас, гурӯҳе аз бани Исроил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд. Пас Мо, касонеро, ки ба Аллоҳу расулаш имон оварда буданд, бар зидди душманонашон мадад кардем, пас бар онҳо пирӯз шуданд. Ва ин то ба паёмбарӣ мабъус шудани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд.[2892]
[2892] Тафсирӣ Табарӣ 23/ 367
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាសសហ្វ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ