Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហាទីត   អាយ៉ាត់:
وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦٓ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلصِّدِّيقُونَۖ وَٱلشُّهَدَآءُ عِندَ رَبِّهِمۡ لَهُمۡ أَجۡرُهُمۡ وَنُورُهُمۡۖ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَآ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَحِيمِ
19. Ва касоне, ки ба Аллоҳ ва паёмбаронаш имон овардаанд ва миёни ҳеҷ яке аз паёмбаронаш фарқе наниҳоданд, онҳо сиддиқонанд[2824]. Ва шаҳидон дар назди Парвардигорашон ҳастанд. Барои онҳост подошашон ва нурашон рӯзи қиёмат . Ва онҳое, ки кофир шуданд ва оёти Моро дурӯғ шумориданд, на барояшон подош ва на нур аст, балки онҳо соҳибониҷаҳаннаманд.
[2824] Сиддиқон он касонеанд, ки имонашон ба он чи ки паёмбарон овардаанд комил шудааст ҳам дар эътиқод, ҳам дар қавл ва ҳам дар амал.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا لَعِبٞ وَلَهۡوٞ وَزِينَةٞ وَتَفَاخُرُۢ بَيۡنَكُمۡ وَتَكَاثُرٞ فِي ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَوۡلَٰدِۖ كَمَثَلِ غَيۡثٍ أَعۡجَبَ ٱلۡكُفَّارَ نَبَاتُهُۥ ثُمَّ يَهِيجُ فَتَرَىٰهُ مُصۡفَرّٗا ثُمَّ يَكُونُ حُطَٰمٗاۖ وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِ عَذَابٞ شَدِيدٞ وَمَغۡفِرَةٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَرِضۡوَٰنٞۚ وَمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَآ إِلَّا مَتَٰعُ ٱلۡغُرُورِ
20. Бидонед, ки эй мардум , дар ҳақиқат зиндагии инҷаҳонӣ бозиву беҳудагист, ки ба он баданҳо бозӣ мекунанд ва дилҳо саргарм мешаванд ва ороиш аст, ки худро ба он зиннат медиҳанд ва миёни шумо фахр кардану афзунҷӯӣ дар молҳову фарзандон ба монанди боронест, ки рӯиданиҳояш кишоварзонро дар тааҷҷуб оварад. Сипас он гиёҳ пажмурда мешавад, пас мебинӣ, ки зард гаштааст, сипас хасу хошок шудааст ва дар охират барои кофирон азоби сахт аст ва барои аҳли имон омурзиши Аллоҳ ва хушнудии Ӯст. Ва зиндагии дунё барои касе, ки охираташро фаромӯш кардааст, ҷуз матоъе фиребанда чизи дигаре нест.[2825]
[2825]Тафсири ибни Касир 8\24
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
سَابِقُوٓاْ إِلَىٰ مَغۡفِرَةٖ مِّن رَّبِّكُمۡ وَجَنَّةٍ عَرۡضُهَا كَعَرۡضِ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ أُعِدَّتۡ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦۚ ذَٰلِكَ فَضۡلُ ٱللَّهِ يُؤۡتِيهِ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ ذُو ٱلۡفَضۡلِ ٱلۡعَظِيمِ
21. Эй мардум, барои расидан ба сабабҳои омӯрзиши Парвардигоратон ба воситаи тавбаи насуҳ ва дурӣ аз гуноҳ ва ба биҳиште, ки васеъии он монандивасеъии осмонҳову замин аст, бар якдигар мусобиқа кунед. Ин биҳишт барои касоне муҳайё шудааст, ки ба Аллоҳу паёмбаронаш имон овардаанд. Ин бахшоишест аз ҷониби Аллоҳ, ки ба ҳар кас бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ соҳиби бахшоише бузург аст. (Ин оят далел аст; ки бе бахшоиш ва раҳмати Аллоҳ ва амали солеҳ ҳеҷ кас ба биҳишт ворид намешавад.)
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
مَآ أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِيٓ أَنفُسِكُمۡ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مِّن قَبۡلِ أَن نَّبۡرَأَهَآۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ
22. Ҳеҷ мусибате дар замин ва на дар ҷонатон нарасад, магар пеш аз он ки онро биёварем дар китобе (Лавҳи Маҳфуз) навишта шудааст. Бегумон ин амр бар Аллоҳ осон аст![2826]
[2826] Тафсири Саъдӣ 1\842
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لِّكَيۡلَا تَأۡسَوۡاْ عَلَىٰ مَا فَاتَكُمۡ وَلَا تَفۡرَحُواْ بِمَآ ءَاتَىٰكُمۡۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخۡتَالٖ فَخُورٍ
23. Ин бар он хотир аст, ки то бар он чӣ ки дар дунё аз дастатон меравад, андӯҳгин мабошед ва ба он чӣ ба дастатон меояд, шодмонӣ накунед. (Яъне, фахр ва такаббур накунед) Ва Аллоҳ ҳеҷ мутакаббири худситояндаро дӯст надорад:
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
ٱلَّذِينَ يَبۡخَلُونَ وَيَأۡمُرُونَ ٱلنَّاسَ بِٱلۡبُخۡلِۗ وَمَن يَتَوَلَّ فَإِنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡغَنِيُّ ٱلۡحَمِيدُ
24. Онҳо (мутакаббирон), ки дар адои закоти молҳои худ бухл меварзанд ва дар роҳи Аллоҳ онҳоро харҷ намекунанд ва мардумро ба бухл мефармоянд. Ва ҳар кӣаз тоъати Аллоҳ рӯй мегардонад, ба ҷуз худ касеро зарар намерасонад .Пас бидонад, ки бегумон Аллоҳ аз тамоми халқаш бениёз ва сутудааст. Ӯрост тамоми сифатҳои накӯ.[2827]
[2827] Тафсири Саъдӣ 1\842
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់ហាទីត
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ