Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: ម៉ារយុាំ   អាយ៉ាត់:
وَنَٰدَيۡنَٰهُ مِن جَانِبِ ٱلطُّورِ ٱلۡأَيۡمَنِ وَقَرَّبۡنَٰهُ نَجِيّٗا
52. Ва Мӯсоро аз ҷониби рости кӯҳи Тӯр нидо кардем ва наздикаш сохтем, то бо ӯ роз гӯем.[1561]
[1561] Ин ояти карима далел аст бар исботи сифати каломи Аллоҳ, мувофиқ ба зоти муқаддаси Худаш аст. Тафсири Саъдӣ 1/ 496
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَوَهَبۡنَا لَهُۥ مِن رَّحۡمَتِنَآ أَخَاهُ هَٰرُونَ نَبِيّٗا
53. Ва аз раҳмати худ ба бародараш Ҳорун паёмбарӣ бахшидем, то ӯро ёрӣ кунад.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَٱذۡكُرۡ فِي ٱلۡكِتَٰبِ إِسۡمَٰعِيلَۚ إِنَّهُۥ كَانَ صَادِقَ ٱلۡوَعۡدِ وَكَانَ رَسُولٗا نَّبِيّٗا
54. Ва эй Паёмбар дар ин Қуръон хабари Исмоил алайҳиссаломро ёд кун. Ҳамоно ӯ дурустқавл (ростваъда)[1562] ва фиристодашудаву паёмбар буд.
[1562] Исмоил алайҳиссалом ба тамоми ваъдаҳои худ вафо кардааст, ҳатто ин ки ба марде ваъда додааст, ки то ту омаданат ман ин ҷо меистам ва он мард баъди се рӯз баъд омадааст ва ҳамаи ин муддат Исмоил алайҳиссалом ӯро мунтазир шуда истодааст. Тафсири Бағавӣ 5/ 237
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَكَانَ يَأۡمُرُ أَهۡلَهُۥ بِٱلصَّلَوٰةِ وَٱلزَّكَوٰةِ وَكَانَ عِندَ رَبِّهِۦ مَرۡضِيّٗا
55. Ва хонадони худро ба намозу закот амр мекард ва назди Парвардигораш шоиставу писандида буд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَٱذۡكُرۡ فِي ٱلۡكِتَٰبِ إِدۡرِيسَۚ إِنَّهُۥ كَانَ صِدِّيقٗا نَّبِيّٗا
56. Ва эй Паёмбар дар ин Қуръон хабари Идрис алайҳиссаломро ёд кун. Ӯҳамоно бисёр росткирдор ва паёмбари бузурге буд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَرَفَعۡنَٰهُ مَكَانًا عَلِيًّا
57. Ва бардоштем ӯро ва зикрашро ба мақоми баланд дар ҳарду олам.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ مِن ذُرِّيَّةِ ءَادَمَ وَمِمَّنۡ حَمَلۡنَا مَعَ نُوحٖ وَمِن ذُرِّيَّةِ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡرَٰٓءِيلَ وَمِمَّنۡ هَدَيۡنَا وَٱجۡتَبَيۡنَآۚ إِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُ ٱلرَّحۡمَٰنِ خَرُّواْۤ سُجَّدٗاۤ وَبُكِيّٗا۩
58. Онон паёмбароне буданд, ки Аллоҳ таъоло неъмат барояшон арзонӣ дошт, аз зурриёти Одам ва аз фарзандони касе, ки бо Нӯҳ савори киштӣ кардем ва аз зурриёти Иброҳим ва Яъқуб ва аз зумра касоне, ки ононро раҳнамуд карда ва баргузида будем. Ҳар гоҳ оёти Аллоҳи меҳрубон бар онон хонда мешуд, аз тарси Аллоҳ саҷдакунон ва гирён ба замин меафтоданд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
۞ فَخَلَفَ مِنۢ بَعۡدِهِمۡ خَلۡفٌ أَضَاعُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَٱتَّبَعُواْ ٱلشَّهَوَٰتِۖ فَسَوۡفَ يَلۡقَوۡنَ غَيًّا
59. Пас аз ононе, ки ба онон инъом кардем касоне ҷойнишини инҳо шуданд, ки намозро тарк карданд ё онро аз вақташ гузарониданд ва пайрави шаҳавот гардиданд ва ба зудӣ мулоқӣ мешаванд ҷазои гумроҳиро ва дар ҷаҳаннам хоҳанд афтод,[1563]
[1563] Тафсири ибни Касир 5/ 245
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِلَّا مَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا فَأُوْلَٰٓئِكَ يَدۡخُلُونَ ٱلۡجَنَّةَ وَلَا يُظۡلَمُونَ شَيۡـٔٗا
60. магар касоне, ки тавба кунанд ва имон биёваранд ва корҳои шоиста анҷом диҳанд, пас онҳо вориди биҳишт мешаванд ва ҳеҷ ситаме намебинанд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
جَنَّٰتِ عَدۡنٍ ٱلَّتِي وَعَدَ ٱلرَّحۡمَٰنُ عِبَادَهُۥ بِٱلۡغَيۡبِۚ إِنَّهُۥ كَانَ وَعۡدُهُۥ مَأۡتِيّٗا
61. Биҳиштҳои ҷовид, ки Аллоҳи меҳрубон дар ғайб[1564] ба бандагони хеш ваъда кардааст ва ваъдаи Аллоҳ таъоло фаро хоҳад расид.
[1564] Яъне, мӯъминон ҷаннатро нодида ба он бовар карданд. Тафсири Табарӣ 18/ 220
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
لَّا يَسۡمَعُونَ فِيهَا لَغۡوًا إِلَّا سَلَٰمٗاۖ وَلَهُمۡ رِزۡقُهُمۡ فِيهَا بُكۡرَةٗ وَعَشِيّٗا
62. Дар он ҷо сухани беҳуда намешунаванд, ба ҷуз салом. Ва ризқу рӯзияшон ҳар субҳу шом омода аст.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
تِلۡكَ ٱلۡجَنَّةُ ٱلَّتِي نُورِثُ مِنۡ عِبَادِنَا مَن كَانَ تَقِيّٗا
63. Ин ҳамон биҳиштест, ки ба бандагонамон, ки парҳезгорӣ кардаанд, ато мекунем, ба сабаби пайравӣ карданашон амрҳоямонро ва парҳез карданашон аз чизҳои манъкардаи Мо.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَا نَتَنَزَّلُ إِلَّا بِأَمۡرِ رَبِّكَۖ لَهُۥ مَا بَيۡنَ أَيۡدِينَا وَمَا خَلۡفَنَا وَمَا بَيۡنَ ذَٰلِكَۚ وَمَا كَانَ رَبُّكَ نَسِيّٗا
64. Ва бигӯй эй Ҷабраил ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мо фариштагон фурӯд намеоем аз осмон ба замин, магар ба амри Парвардигори ту. Хоси Ӯст илми он чӣ аз пеши мост (илми омадани қиёмат) ва илми он чӣ ақиби мост (он чӣ гузашт аз дунё) ва он чӣ байни дунё ва охират аст. Ва Парвардигори ту ҳаргиз фаромӯшкор нест.[1565]
[1565] Тафсири Бағавӣ 5/244
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: ម៉ារយុាំ
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ