Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់កះហ្វុី   អាយ៉ាត់:
ٱلۡمَالُ وَٱلۡبَنُونَ زِينَةُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَٱلۡبَٰقِيَٰتُ ٱلصَّٰلِحَٰتُ خَيۡرٌ عِندَ رَبِّكَ ثَوَابٗا وَخَيۡرٌ أَمَلٗا
46. Дороиву фарзанд зебу зиннатҳои ин зиндагонии дунёи фонист ва амалҳои солеҳ[1524], ки ҳамеша барҷой мемонанд, назди Парвардигорат беҳтар ва умед бастан ба онҳо некӯтар аст.
[1524] Монанди намозҳои панҷвақта ва такбиру тасбеҳу таҳлил. Тафсири Табарӣ 18/ 32
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَيَوۡمَ نُسَيِّرُ ٱلۡجِبَالَ وَتَرَى ٱلۡأَرۡضَ بَارِزَةٗ وَحَشَرۡنَٰهُمۡ فَلَمۡ نُغَادِرۡ مِنۡهُمۡ أَحَدٗا
47. Рӯзе, ки кӯҳҳоро равон кунем аз ҷояшон ва заминро намоён мебинӣ (яъне дар рӯи замин ягон чизе нест аз кӯҳҳо, дарахтҳо ва наботот) ва ҳамаро барои ҳисоб гирд меоварем ва як тан аз ононро ҳам раҳо намекунем.[1525]
[1525] Тафсири Бағавӣ 5/ 175
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَعُرِضُواْ عَلَىٰ رَبِّكَ صَفّٗا لَّقَدۡ جِئۡتُمُونَا كَمَا خَلَقۡنَٰكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةِۭۚ بَلۡ زَعَمۡتُمۡ أَلَّن نَّجۡعَلَ لَكُم مَّوۡعِدٗا
48. Ва мардум ҳозир карда шаванд назди Парвардигори ту сафкашида. Гӯем: Албатта омадед пеши Мо, чунон ки офарида будем шуморо аввалин бор (яъне бидуни моли дунёву фарзанд), балки гумон мекардед, ки ҳаргиз барои шумо ваъдагоҳе (яъне қиёматро)қарор намедиҳем[1526].
[1526] Тафсири Саъдӣ 1/ 479
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَوُضِعَ ٱلۡكِتَٰبُ فَتَرَى ٱلۡمُجۡرِمِينَ مُشۡفِقِينَ مِمَّا فِيهِ وَيَقُولُونَ يَٰوَيۡلَتَنَا مَالِ هَٰذَا ٱلۡكِتَٰبِ لَا يُغَادِرُ صَغِيرَةٗ وَلَا كَبِيرَةً إِلَّآ أَحۡصَىٰهَاۚ وَوَجَدُواْ مَا عَمِلُواْ حَاضِرٗاۗ وَلَا يَظۡلِمُ رَبُّكَ أَحَدٗا
49. Дафтари аъмол кушода шавад. Гунаҳкоронро бинӣ, ки аз он чӣ дар он омадааст, тарсону ҳаросонанд ва мегӯянд: «Вой бар мо, ин чӣ дафтарест, ки тамоми гуноҳи хурду бузургро сабт кардааст». Он гоҳ аъмоли худро дар муқобили худ ҳозир ва омода мебинанд ва Парвардигори ту ба касе заррае ҳам ситам намекунад.[1527]
[1527]Тафсири Бағавӣ 5/ 177
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِذۡ قُلۡنَا لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ كَانَ مِنَ ٱلۡجِنِّ فَفَسَقَ عَنۡ أَمۡرِ رَبِّهِۦٓۗ أَفَتَتَّخِذُونَهُۥ وَذُرِّيَّتَهُۥٓ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِي وَهُمۡ لَكُمۡ عَدُوُّۢۚ بِئۡسَ لِلظَّٰلِمِينَ بَدَلٗا
50. Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем, ки одамро саҷда кунед[1528], ҳама саҷда карданд, магар Иблис, ки аз ҷин буд ва аз фармони Парвардигораш сар битофт. Эй мардум оё шайтон ва фарзандонашро ба ҷои Ман ба дӯстӣ мегиред, ҳол он, ки душмани ашадии шумоянд? Золимон чизи бадеро (яъне шайтонро сарпарасту корсози худ) ба ҷои Аллоҳ интихоб кардаанд.[1529]
[1528]Саҷдаи эҳтиром ва таҳийят, на саҷдаи ибодат.
[1529] Тафсири Табарӣ 18/ 44
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
۞ مَّآ أَشۡهَدتُّهُمۡ خَلۡقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَا خَلۡقَ أَنفُسِهِمۡ وَمَا كُنتُ مُتَّخِذَ ٱلۡمُضِلِّينَ عَضُدٗا
51. Он гоҳ, ки осмонҳову замин ва худашонро меофаридам, онҳоро (Иблису фарзандонашро) ҳозир накарда будам, балки Худ, якто ҳамаро халқ кардам бе ягон ёвар. Зеро Ман гумроҳонро ба ёрӣ намегирам. Пас чи гуна ононро дӯст ва шарики Ман мегиред?[1530]
[1530] Тафсири Саъдӣ 1/ 480
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَيَوۡمَ يَقُولُ نَادُواْ شُرَكَآءِيَ ٱلَّذِينَ زَعَمۡتُمۡ فَدَعَوۡهُمۡ فَلَمۡ يَسۡتَجِيبُواْ لَهُمۡ وَجَعَلۡنَا بَيۡنَهُم مَّوۡبِقٗا
52. Ва рӯзе, ки Аллоҳ таъоло мегӯяд: «Онҳоеро, ки мепиндоштед шарикони Мананд дар ибодат, садо кунед то ин ки шуморо кӯмак кунанд ». Садо кунанд ва шарикон ҷавоб надиҳанд. Он гоҳ ҳалокатгоҳро (ҷаҳаннам) миёнашон қарор диҳем.[1531]
[1531] Тафсири Бағавӣ 5 / 181
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَرَءَا ٱلۡمُجۡرِمُونَ ٱلنَّارَ فَظَنُّوٓاْ أَنَّهُم مُّوَاقِعُوهَا وَلَمۡ يَجِدُواْ عَنۡهَا مَصۡرِفٗا
53. Ва чун гунаҳкорон оташро мебинанд ва медонанд, ки дар он хоҳанд афтод ва аз он ҳеҷ роҳи гурезе наёбанд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់កះហ្វុី
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ