Check out the new design

ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ * - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ


ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់អ៊ីសរ៉ក   អាយ៉ាត់:
وَإِذَا مَسَّكُمُ ٱلضُّرُّ فِي ٱلۡبَحۡرِ ضَلَّ مَن تَدۡعُونَ إِلَّآ إِيَّاهُۖ فَلَمَّا نَجَّىٰكُمۡ إِلَى ٱلۡبَرِّ أَعۡرَضۡتُمۡۚ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ كَفُورًا
67. Чун дар дарё ба шумо сахтӣ (ғарқ шудан) бирасад, ҳамаи онҳое, ки мепарастед, аз назаратон гум шаванд, ғайр аз Аллоҳ. Ва чун дуъои шуморо қабул кунад ба соҳили наҷот бирасонад, аз тоъати Ӯ рӯй мегардонед, зеро одамӣ як махлуқи бисёр носипос аст![1482]
[1482] Тафсири Бағавӣ 5\107
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَفَأَمِنتُمۡ أَن يَخۡسِفَ بِكُمۡ جَانِبَ ٱلۡبَرِّ أَوۡ يُرۡسِلَ عَلَيۡكُمۡ حَاصِبٗا ثُمَّ لَا تَجِدُواْ لَكُمۡ وَكِيلًا
68. Оё эмин ҳастед аз ин, ки ногаҳон шуморо дар гӯшае аз замин фурӯ барад, ё тундбоди регборе, чунонки бар қавми Лут алайҳиссалом фиристода буд, бар шумо бифиристад, сипас барои худ ҳеҷ нигаҳбоне намеёбед?[1483]
[1483] Тафсири Бағавӣ 5\107
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
أَمۡ أَمِنتُمۡ أَن يُعِيدَكُمۡ فِيهِ تَارَةً أُخۡرَىٰ فَيُرۡسِلَ عَلَيۡكُمۡ قَاصِفٗا مِّنَ ٱلرِّيحِ فَيُغۡرِقَكُم بِمَا كَفَرۡتُمۡ ثُمَّ لَا تَجِدُواْ لَكُمۡ عَلَيۡنَا بِهِۦ تَبِيعٗا
69. Ё эмин шудаед аз ин, ки бори дигар шуморо ба дарё бозгардонад ва тӯфони тунди киштишикан бар шумо бифиристад ва ба хотири ношукргузорие, ки варзидаед, ғарқатон созад? Баъд аз он касеро наёбед, ки дар баробари он чӣ бо шумо кардаем аз Мо интиқом бигирад. Ҳамоно Аллоҳ ба андозаи заррае бар шумо ситам накардааст.[1484]
[1484] Тафсири ибни Касир 5\97
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
۞ وَلَقَدۡ كَرَّمۡنَا بَنِيٓ ءَادَمَ وَحَمَلۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ وَرَزَقۡنَٰهُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَفَضَّلۡنَٰهُمۡ عَلَىٰ كَثِيرٖ مِّمَّنۡ خَلَقۡنَا تَفۡضِيلٗا
70. Ва ба ростӣ, Мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем ба ақл ва ба фиристонидани паёмбарон ва ҳама чизро барояш мутеъ гардондем ва бар баҳру хушкӣ бар савориҳои гуногун савор кардем ва аз чизҳои хушу покиза рӯзӣ додем ва бар бисёре аз махлуқоти хеш бартариашон додаем.[1485]
[1485] Тафсири Саъдӣ 1\463
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
يَوۡمَ نَدۡعُواْ كُلَّ أُنَاسِۭ بِإِمَٰمِهِمۡۖ فَمَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ فَأُوْلَٰٓئِكَ يَقۡرَءُونَ كِتَٰبَهُمۡ وَلَا يُظۡلَمُونَ فَتِيلٗا
71. Ба ёд ор эй Паёмбар рӯзе, ки ҳар гурӯҳе аз мардумро бо пешвоёнашон бихонем, номаи аъмоли ҳар ки ба дасти росташ дода шавад, пас онҳо номаи аъмолашонро мехонанд ва ба андозаи риштаи борике, ки дар даруни донаи хурмост (киноя аз чизи кам) ситам намебинанд.[1486]
[1486] Тафсири Саъдӣ 1\463
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَمَن كَانَ فِي هَٰذِهِۦٓ أَعۡمَىٰ فَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ أَعۡمَىٰ وَأَضَلُّ سَبِيلٗا
72. Ва ҳар ки дар ин дунё нобино бошад (аз далелҳои қудрати Аллоҳ),[1487] дар охират низ нобино ва гумроҳтар аст.
[1487] Тафсири Табарӣ 17\505
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَإِن كَادُواْ لَيَفۡتِنُونَكَ عَنِ ٱلَّذِيٓ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ لِتَفۡتَرِيَ عَلَيۡنَا غَيۡرَهُۥۖ وَإِذٗا لَّٱتَّخَذُوكَ خَلِيلٗا
73. Ва наздик буд, ки туро эй Муҳаммад, мушрикон аз он чи бар ту ваҳй карда будем, бероҳа созанд, то ғайри ҳукми қуръонро ба дурӯғ ба мо нисбат бидиҳӣ, он гоҳ бо ту дӯстӣ кунанд.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
وَلَوۡلَآ أَن ثَبَّتۡنَٰكَ لَقَدۡ كِدتَّ تَرۡكَنُ إِلَيۡهِمۡ شَيۡـٔٗا قَلِيلًا
74. Ва агар Мо туро устувор бар ҳақ намедоштем, наздик будӣ, ки (аз бисёр рағбат доштанат дар ҳидояти онҳо) ба сӯяшон андаке майл кунӣ. [1488]
[1488] Тафсири Саъдӣ 1\463
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
إِذٗا لَّأَذَقۡنَٰكَ ضِعۡفَ ٱلۡحَيَوٰةِ وَضِعۡفَ ٱلۡمَمَاتِ ثُمَّ لَا تَجِدُ لَكَ عَلَيۡنَا نَصِيرٗا
75. Он гоҳ азоби дунё ва азоби охиратро ба ту мечашондем ва барои худ дар баробари Мо ёваре намеёфтӣ.
តាហ្វសៀរជាភាសា​អារ៉ាប់ជាច្រេីន:
 
ការបកប្រែអត្ថន័យ ជំពូក​: អាល់អ៊ីសរ៉ក
សន្ទស្សន៍នៃជំពូក លេខ​ទំព័រ
 
ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - ខៅចា មុីរូហ្វ ខៅចាមុីរ - សន្ទស្សន៍នៃការបកប្រែ

បានបកប្រែដោយលោកខៅចា មុីរ៉ូហ្វ ខៅចា មុីរ។ ត្រូវបានអភិវឌ្ឍន៍ដោយការត្រួតពិនិត្យពីមជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ ហើយការបកប្រែដើមអាចចូលមើលបានក្នុងគោលបំណងផ្តល់យោបល់ វាយតម្លៃ និងអភិវឌ្ឍន៍បន្ត។

បិទ